Главная / Илм / АМОНКАРА

АМОНКАРА

ungerniaАМОНКАРА (Ungernia victoris), зевак, чавак, чавзак, гиёхест бисёрсола. Барги дарози тасмашакл, хушагули чатрнамо, гули зангула ё кифшакли зард, гузаи сепарраи сертухм, тухми калони бури сиёхтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Асосан дар нишебихои куху хоктеппахо (2000 – 3000 м аз с.б.) меруяд. Дар тибби халки пиёзаки дар хокистар пухтаи А.-ро ба хафтпуст ва думбал мебанданд. Пиёзак, реша, барг ва меваи А. алкалоид (галантамин, гиппеастрин, ликорин, панкратин ва г.) дорад. Дар амалияи тибби муосир гибромиди галантаминро барои табобати ихтилоли тагзия (дистрофия), фалач, сусткамари, иллати системаи асаб ва радикулит (дарди куян), тавсия медиханд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …