Главная / Чамъият / АМНИЯТ ЧИЧТ?

АМНИЯТ ЧИЧТ?

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ АМНИЯТ

 (Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646; Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283)

 Конуни мазкур асосхои хукукии таъмини амнияти инсон ва шахрванд, чамъият ва давлатро муайян карда, низоми таъмини амният, вазифа, максад ва самтхои асосии онро ба танзим дароварда, салохияти Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ташкилотхоро, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, дар сохаи таъмини амният мукаррар менамояд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

амнияти милли – холати мухофизатии манфиатхои хаётан мухими кишвар аз тахдидхои вокеи ва эхтимолии дохиливу беруни; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

манфиатхои милли – мачмуи эхтиёчоти сиёси, иктисоди, ичтимои ва эхтиёчоти дигари Чумхурии Точикистон, ки аз амалишавии онхо кобилияти давлат дар таъмини хифзи хукукхои конститутсионии инсон ва шахрванд, арзишхои чамъият ва ниходхои асосии давлатдори вобаста мебошад;

манфиатхои хаётан мухим – мачмуи эхтиёчоте, ки аз конеъгардонии онхо мавчудият ва рушди шахсият, чамъият ва давлат вобаста мебошад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

объектхои амният – инсон ва шахрванд, хукуку озодихои онхо, чамъият ва арзишхои моддию маънавии он, давлат, сохти конститутсиони, истиклолият ва тамомияти арзии он;

субъектхои амният – давлат, шахрвандон, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон;

тахдидхо ба амният – мачмуи шароит, раванд ва омилхое, ки барои амалишавии манфиатхои милли монеа мешаванд ё ба онхо хатар ба вучуд меоранд;

таъмини амният – татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини амният ба воситаи низоми тадбирхои дорои хусусияти иктисоди, сиёси, ташкили ва дигар хусусиятхо, ки чавобгуи тахдид ба манфиатхои хаётан мухими инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат мебошанд;

амнияти иктисоди – вазъи мухофизатии иктисодиёти милли аз шароит, раванд ва омилхои дохиливу беруние, ки рушди устувор ва истиклолияти иктисодиро зери хатар мегузоранд;

амнияти озукаворихолати мухофизатии иктисодиёти давлат мебошад, ки аз хисоби истехсолоти дохили бехатарии озукавории кишвар таъмин гардида, дастёбии вокеи, ки барои хаёти солиму фаъол ва рушди демографии хамаи ахоли зарур аст, кафолат дода мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

амнияти чамъияти – хифзи хукуки-сиёси, маънави-ахлоки ва ичтимоии хаёт, саломати ва некуахволии шахрвандони Чумхурии Точикистон, инчунин арзишхои чамъият аз хатар ва тахдидхои имконпазире, ки ба онхо зарар расонида метавонанд;

амнияти харби – холати мухофизатии Чумхурии Точикистон аз тахдидхои вокеи ва эхтимолии хусусияти харбидошта ба сохибистиклоли ва тамомияти арзии мамлакат;

амнияти экологи – холати мухофизатии манфиатхои хаётан мухими инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат аз тахдидхое, ки дар натичаи таъсири антропогени ва дигар таъсиррасонихо ба мухити зист ба вучуд меоянд;

амнияти иттилооти – холати мухофизатии манбаъхои давлатии иттилооти, инчунин хукуки инсон ва шахрванд, манфиатхои чамъият дар сохаи иттилоот;

амнияти беруни – холати мухофизатии манфиатхои миллии Чумхурии Точикистон аз тахдидхое, ки аз чониби давлатхо, ташкилотхо ва шахрвандони хоричи бармеоянд;

амнияти дохили – холати мухофизатии манфиатхои хаётан мухими шахсият, чамъият ва давлат аз тахдидхои дохили; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

макомоти ваколатдори давлатии таъмини амният – макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи амният

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи амният ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат мебошад. 

Моддаи 3. Принсипхои таъмини амният

Принсипхои таъмини амният инхо мебошанд:

– эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– конуният;

– масъулияти мутакобилаи инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат оид ба таъмини амният;

– иттилоотонии фаврии байнихамдигари ва мувофикаи амалхои куввахои таъмини амният;

– ягонаги, бахамалокаманди ва мувозинати хамаи намудхои амният;

– бартарияти чорахои сиёси, иктисоди ва иттилооти;

– назорат аз руи татбики хамаи мачмуи амалхо оид ба хифзи амният;

– робита бо низомхои амнияти байналмилали. 

Моддаи 4. Субъектхои амният

  1. Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифахои худро дар ин соха ба воситаи макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва суди амали менамояд.
  2. Шахрвандон ва ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, субъектхои таъмини амният ба шумор рафта, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо, инчунин макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки дар доираи салохияташон дар ин соха кабул карда шудаанд, дорои хукуку ухдадорихо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)
  3. Давлат химояи хукуки ва ичтимоии шахрвандон ва ташкилотхоро, ки мувофики конун дар таъмини амният мусоидат мекунанд, таъмин менамояд. 

Моддаи 5. Манфиатхои милли

Манфиатхои миллии Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

– таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– нигохдории ризоияти чомеа ва суботи сиёси дар мамлакат (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– рушду устувории иктисодиёти кишвар;

– тарбияи ватандусти ва тахкими ягонагии халк;

– пойдори ва инкишофи арзишхои модди ва маънавии чамъият;

– тагйирнопазирии сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон, аз чумла истиклолияти давлати, шакли идораи чумхури, тамомияти арзи, дахлнопазирии сархади давлати ва чудонашаванда будани худуди он;

– фаъолияти устувори ниходхои давлатдори, тахким ва самаранокии фаъолияти онхо;

– таъмини мучаххазгардони ва омодагии харбии Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистон;

– ичрои бечунучарои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ва нигохдории тартиботи хукуки;

– тахкими хамкорихои байналмилали дар асоси хамшарики.

 

Моддаи 6. Тахдидхо ба амният

 

  1. Тахдидхо ба амнияти Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

– заифшавии адолати ичтимои ва суди, конуният ва тартиботи хукуки, аз чумла афзоиши чинояткори, чинояткории муташаккилона, чиноятхои трансмилли, савдои одамон, коррупсия, гардиши гайриконунии силох ва воситахои нашъадор, ки ба пастшавии сатхи химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, арзишхои умумибашари мусоидат менамоянд; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137; КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283)

– фаъолияте, ки барои бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсиони равона карда шудааст, аз чумла амалхое, ки ба тамомияти арзи, дахлнопазири ва чудонашаванда будани худуди Чумхурии Точикистон тачовуз мекунанд;

– заифшавии иктидори мудофиавии мамлакат, тахдид ба дахлнопазирии сархади давлати, истифодаи кувва ва тачовуз нисбат ба Чумхурии Точикистон;

– фаъолияти чосуси, террористи, тахрибкори (диверсиони) ва фаъолияти дигари хадамоти махсус, ташкилотхои давлатхои хоричи ва шахсони алохида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Чумхурии Точикистон равона карда шудаанд;

– номураттаб сохтани фаъолияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,вайрон кардани муназзамии фаъолияти онхо, паст гардидани сатхи идоракуни дар кишвар; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– фаъолияте, ки ба амнияти иттилоотии кишвар тачовуз мекунад;

– ифротгароии (экстремизми) сиёси дар хама гуна шакли он, аз чумла барангехтани бадбини ё хусумати ичтимои, нажоди, милли, дини, мафкурави, махалгарои ё гурухи;

– мураккабшавии вазъи ичтимои-сиёси, ки дар низоъхои байни миллатхо ва мазхабхо, бетартибихои оммави, мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо ва рохпаймоихои беичозат ва корпартоихои гайриконуни ифода мегардад;

– ташкили вохидхои харбие, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини нашудаанд;

– якбора вайроншавии вазъи экологи, офатхои табии ва дигар холатхои фавкулоддаи хусусияти табии ва техногенидошта, эпидемия (пахншавии умумии беморихои сирояти) ва эпизоотия (фавти саросари хайвонот);

– расонидани зарар ба амнияти иктисодии давлат, аз чумла тавассути кочок бадастоварда ва маблаггузории терроризм, инчунин номуътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– паст шудани сифати тахсилот ва нерухои зехни дар мамлакат.

  1. Тахдидхои вокеи ва эхтимоли ба объектхои амният, ки аз манбаъхои дохили ва хоричи бармеоянд, мазмуни фаъолиятро оид ба таъмини амнияти дохили ва беруни муайян менамоянд.

 

БОБИ 2.

НИЗОМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ВАЗИФАХОИ АСОСИИ ОН

 

Моддаи 7. Низоми таъмини амният

 

Низоми таъмини амниятро дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар доираи сиёсати ягонаи давлати, куввахои бо хам хамкорикунандаи таъмини амният, дигар макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ташкилотхое, ки дар доираи салохияти худ масъулияти таъмини амниятро ба ухда доранд, ташкил медиханд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283).

 

Моддаи 8. Вазифахои асосии низоми таъмини амният

 

Вазифахои асосии низоми таъмини амният инхо мебошанд:

– пешбини, ошкор ва пешгири кардани тахдидхои дохили ва беруни ба манфиатхои хаётан мухими объектхои амният (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– тахия ва амали намудани мачмуи тадбирхои таъчили ва дарозмуддати пешгири кардан ва аз байн бурдани ин тахдидхо;

– ташкил намудан ва дар холати омодабош нигох доштани кувваю воситахои таъмини амният;

– идора намудани кувваю воситахoи таъмини амният дар шароити хамаруза ва холатхои фавкулодда;

– амали намудани мачмуи тадбирхои баркарор кардани кори муътадили объектхои амният дар минтакахое, ки дар натичаи ба миён омадани холатхои фавкулодда зарар дидаанд;

– иштирок дар таъмини амнияти умуми ва минтакави мувофики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон.

 

Моддаи 9. Куввахои таъмини амният

 

  1. Ба куввахои таъмини амният дохил мешаванд:

– Куввахoи Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистон;

– макомоти амнияти милли, корхои дохили, разведкаи харби, мубориза бо коррупсия андоз, гумрук, холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани, макомоти дигари таъмини амният, ки дар асоси конун амал мекунанд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

  1. Куввахои таъмини амният дар доираи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо хам ва бо макомоти дахлдори давлатии давлатхои хамшарик оид ба амнияти дастачамъона хамкори намуда, ба якдигар оид ба масъалахои ба ваколатхои онхо дахлдошта иттилоъ медиханд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)
  2. Таъмини амният барои тамоми макомоти дигари давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхое, ки ин фаъолиятро дар доираи ваколатхо, хукук ва ухдадорихои худ мустакилона ё дар асоси мурочиати куввахои таъмини амният амали мекунанд, хатми мебошад. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

 

БОБИ 3.

САЛОХИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ВА МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ

 

Моддаи 10. Салохияти Президенти Чумхурии Точикистон

 

Президенти Чумхурии Точикистон:

– рохбарии умумии фаъолияти макомоти таъмини амниятро амали менамояд;

– самтхои асосии амнияти дохили ва беруниро муайян мекунад;

– амалхои мувофикашудаи хамаи шохахои хокимияти давлатиро дар сохаи хифзи манфиатхои кишвар таъмин менамояд;

– кафили таъмини амнияти инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат мебошад;

– макомоти ваколатдори давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва бархам медихад;

– афзалиятхои хифзи манфиатхои хаётан мухими объектхои амниятро муайян мекунад;

– Шурои амнияти Чумхурии Точикистонро таъсис дода, ба он рохбари мекунад;

бо пешниходи Шурои амнияти Чумхурии Точикистон консепсия ва стратегияи амнияти миллиро тасдик менамояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– оид ба масъалахои таъмини амният фармон мебарорад ва амр медихад;

– тартиби ташкил ва фаъолияти макомоти давлатии таъмини амниятро мукаррар, хамоханг ва назорат менамояд;

– ба сиёсати кадрии макомоти давлатии таъмини амният назорат мекунад;

– барномахои давлатии таъмини амниятро тасдик ва татбики онхоро назорат менамояд;

– ба таъмини ичрои конунхое, ки муносибатхоро дар сохаи амният танзим менамоянд, назорат мекунад;

– хангоми тахдиди хатари вокеи ба амнияти давлат холати чангро эълон менамояд;

– дар саросари Чумхурии Точикистон ва ё дар махалхои алохидаи он вазъияти фавкулодда эълон менамояд;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон салохияти заруриро оид ба масъалахои таъмини амният амали менамояд.

 

Моддаи 11. Салохияти Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

 

  1. Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– фармонхои Президенти Чумхурии Точикистонро дар бораи чори намудани холати чанг ва вазъияти фавкулодда тасдик менамояд;

– ба истифодаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди он барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон розиги медихад.

  1. Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– конунхои кабулнамудаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои таъмини амният ва ворид намудани тагйиру иловахо ба онхоро чонибдори менамояд.

  1. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– оид ба масъалахои таъмини амният конунхоро кабул карда, ба онхо тагйиру иловахо ворид менамояд;

– санадхои хукукии байналмилалиро оид ба масъалахои таъмини амният тасдик ва бекор мекунад.

 

Моддаи 12. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон

 

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон лоихаи конунхоро дар сохаи амният пешниход карда, ичрои конунхоро таъмин менамояд;

– тахия ва татбики барномахои амнияти кишварро ташкил менамояд, ичрои консепсия ва стратегияро дар сохаи таъмини амният амали месозад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– дар доираи салохияте, ки конунгузори муайян кардааст, ба макомоти давлатии таъмини амният рохбари менамояд;

– ба тахия ва татбики тадбирхoи таъмини амният аз тарафи вазорату кумитахои давлати, дигар идорахои назди Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо рохбари ва назорат мекунад;

– оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлати тадбирхо меандешад, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон бо максади таъмини амният чорахои мачбуркунии давлати (мучозот) мукаррар менамояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистонро бо аслиха ва техникаи харби, воситахои модди, захирахо ва хизматрасонихо таъмин менамояд; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– ичрои барномахои давлати ва накшахои такмили силоху аслиха, инчунин барномахои тайёр кардани шахрвандонро аз руи ихтисосхои каcбии харби таъмин мекунад; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– барои хизматчиёни харби ва дигар шахсоне, ки мувофики конун бо максади таъмини мудофиа ё амнияти давлат чалб карда мешаванд, кафолати ичтимоиро таъмин менамояд;

– хифзи сархади давлатии Чумхурии Точикистонро таъмин менамояд;

– ба мудофиаи граждани рохбари мекунад;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохиятро оид ба масъалахои таъмини амният амали менамояд.

 

Моддаи 13. Салохияти судхои Чумхурии Точикистон

 

Судхои Чумхурии Точикистон:

– адолати судиро доир ба парвандахо оид ба чиноятхое, ки ба амнияти инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат тачовуз менамоянд, амали мекунанд;

– хифзи хукук, озодихо ва манфиатхои конунии шахрвандон, давлат, ташкилотхо, ичрои Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистонро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 14. Салохияти макомоти давлатии Чумхурии Точикистон

 

Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон:

– дар доираи салохияти худ амали гардидани барномахои давлатии хифзи манфиатхои хаётан мухими объектхои амниятро таъмин менамоянд;

– ба макомоти болоии давлати оид ба такмил додани низоми таъмини амният таклифхо пешниход менамоянд;

– риояи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукиро дар сохаи амният таъмин менамоянд;

– дар доираи салохияти худ низомнома ва дастурамалхои дохилиидоравиро оид ба таъмини амният тахия ва тасдик мекунанд;

– ба фаъолияти ташкилотхои тобеъ чихати банакшагири ва гузаронидани чорабинихо оид ба таъмини амният рохбари менамоянд;

– шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиеро, ки амал (ё беамалии) онхо боиси вайроншавии манфиатхо ва тахдид ба амнияти давлат мегарданд, ба чавобгари мекашанд;

– тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро оид ба масъалахои таъмини амният амали менамоянд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

 

Моддаи 15. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии

                        шахрак ва дехот, хукук ва ухдадорихои ташкилотхо, новобаста аз шакли

                        ташкилию хукукиашон

 

Макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон дар доираи ваколатхо, хукук ва ухдадорихои худ:

– дар вохидхои марзию маъмури ва ташкилотхои дахлдор оид ба таъмини амният чорахо андешида, фаъолиятро дар ин самт ташкил менамоянд; 

– махфуздории куввахо ва захирахои сафарбарии аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукарраршударо таъмин менамоянд; 

– тибки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон дигар ваколатхо, хукук ва ухдадорихоро оид ба масъалахои таъмини амният амали менамоянд.

(КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

БОБИ 4.

ТАЪМИНИ АМНИЯТ

 

Моддаи 16. Кафолатхои хукуку озодихои инсон ва шахрванд, ташкилотхо, новобаста аз

                        шакли ташкилию хукукиашон, хангoми таъмини амният

 

  1. Давлат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амнияти хар як инсон ва шахрванд, ташкилотхоро, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, дар каламрави Чумхурии Точикистон таъмин менамояд. Давлат химоя ва пуштибонии шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки берун аз худуди он карор доранд, кафолат медихад.
  2. Хангоми таъмини амният хукуку озодихои инсон ва шахрванд метавонанд танхо дар асоси конунхо ва то андозае, ки он барои химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, саломатии ахоли, хифзи тартиботи чамъияти, сохти конститутсиони ва тамомияти арзи зарур аст, махдуд карда шаванд. Дар ин холат, шахрвандон ва ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд оид ба мaхдуд карда шудани хукуку озодихои худ аз субъектхои таъмини амният тавзехот гиранд.
  3. Шахсони мансабдоре, ки хангоми таъмини амният аз хадди ваколатхои худ мебароянд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  4. Ба шахрвандон ва ташкилотхо, ки ба таъмини амният мусоидат менамоянд, дастгирии давлати, аз чумла химояи хукукии онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 17. Чорахо оид ба таъмини амният

 

  1. Таъмини амният амали карда мешавад ба воситаи:

– тадричан амали намудани сиёсати ягонаи давлати бо назардошти таксими дакиконаи салохият ва таъмини фаъолияти мувофикашудаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони мансабдор, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, инчунин шахрвандон, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар амали намудани чорахо оид ба таъмини амният иштирок менамоянд; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– мувофикатии чорахои хифзи манфиатхои давлат ва шахрвандон аз тахдидхои вокеи ва эхтимоли;

– масъулияти мутакобилаи инсон ва шахрванд, чамъият, давлат ва тавозуни манфиатхои онхо.

  1. Таъмини амният аз ноилгарди ва нигохдории сатхи зарурии дарачаи хифзи манфиатхои милли иборат буда, бо роххои зерин амали карда мешавад:

– муайян кардани самтхои асосии фаъолияти давлат дар ин соха;

– пешбини ва ошкор кардани тахдидхо ба амнияти милли;

– амали сохтани мачмуи чорахои фаври ва дарозмуддат оид ба пешгири ва безараргардонии тахдидхо ба амнияти милли, аз чумла доир ба бартарафсозии сабаб ва шароитхои бавучудорандаи ин тахдидхо;

– сафарбарии кувваю воситахои таъмини амният дар холатхои пайдоиши тахдиди бевосита ба манфиатхои милли, тачовуз ба онхо, аз чумла дар холатхои изтирори (экстремали) ва фавкулоддаи хусусияти дохилидавлати, фаромарзи ва чахонидошта;

– кабули бетаъхири карорхо ва ичрои амалхо оид ба хифзи манфиатхои милли, пешгирии фаъолияти гайриконуние, ки ба амнияти милли тачовуз мекунад, амали гардонидани тадбирхои дигари хукукмахдудкунанда;

– пешгири ва бартарафсозии окибатхое, ки бо тачовузхо ба манфиатхои милли алокаманданд, амали кардани мачмуи чорахои баркарорсози.

 

Моддаи 18. Таъмини амнияти иктисоди

 

  1. Амнияти иктисоди бо карор ва амалхои макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон, ки барои ичрои корхои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283):

– таъмини истиклолияти иктисодии Точикистон;

– рох надодан ба бунбасти иктисодии Чумхурии Точикистон аз низоми иктисодиёти чахони;

– нигохдори ва тахкими асосхои захирахои энергетикии иктисодиёти мамлакат;

– то дарачаи нихои паст кардани сатхи осебпазирии иктисодиёти мамлакат, ки бо таъсири омилхои эхтимолии манфии дар мухити геополитикии давлат бавучудоянда алокаманд аст;

– таъмини хамкории самаранок бо сохторхои молиявии ватанию байналмилали, бартарияти равона намудани захирахои карзии дохилию хоричи ва имкониятхои сармоягузори барои баркарор кардан ва рушди иктисодиёти ватани;

– баланд набардоштани сатхи имконпазири касри бучети давлати ва устувор гардонидани кисми даромади он;

– рох надодан ба истифодаи гайримаксадноки маблагхои бучет ва захирахои давлати;
– рох надодан ба номувозинатии хатарноки рушди ичтимоию иктисодии минтакахои кишвар ва аз байн бурдани он;

– зиёд кардани хиссаи молистехолкунандагон дар иктисодиёти кишвар бо шарти хавасмандгардонии ракобат ва махдудсозии фаъолияти инхисори;

– таъмини болоравии иктисодии кишвар.

  1. Давлат бо максади химояи манфиатхои миллии Чумхурии Точикистон, аз чумла барои нигох доштан ва тахким бахшидани неруи саноати бо риояи кафолатхое, ки ба сармоягузорони хоричи медихад, аз болои вазъ ва истифодаи объектхои иктисодиёти мамлакат, ки онхоро ташкилотхои хоричи ва муштараки хоричию ватани идора мекунанд ё молики онхо мебошанд, назорат мекунад.
  2. Талаботхо оид ба таъмини амнияти иктисоди хатман дар мавриди имзо кардани карордодхо оид ба истифодаи захирахои стратегии мамлакат, ичрои ин карордодхо ва назорати ичрои онхо ба назар гирифта мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)
  3. Ба кабули карор ва ичрои амалхое, ки хилофи манфиатхои ташаккулёби ва фаъолияти мунтазами сохторхои зерин мебошанд, рох дода намешавад:

– фазои бозории Чумхурии Точикистон, ки дар доираи он гардиши озодонаи захирахои мехнати, молияви ва дигар захирахо амали мегардад;

– низоми ягона ва мустакили молиявии Чумхурии Точикистон, аз чумла муомилоти асъори милли дар тамоми каламрави кишвар;

– низоми ягона ва мустакили коммуникатсиони ва энергетикии мамлакат.

  1. Бо санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон метавонанд талаботи иловаги ва амалу тадбирхо оид ба таъмини амнияти иктисоди пешбини карда шаванд.

 

Моддаи 19. Таъмини амнияти озукавори

 

  1. Амнияти озукавори тавассути тахия ва татбики чорахои ичтимоию иктисоди, илмию техники, маъмури ва дигар чорахое, ки ба пешгири ва безараргардонии тахдиди амнияти озукавори равона шудаанд, таъмин карда мешавад.
  2. Таъмини амнияти озукавори ба принсипхои зерин асос меёбад:

– таъмин намудани дастрасии вокеи ва иктисодии махсулоти босифати озукавори барои ахоли тибки меъёрхои физиологии истеъмоли новобаста аз синну сол, вазъи молумулки ва ичтимои, чои истикомат ва будубош;

– мутобикатии сифати махсулоти озукавории дар Чумхурии Точикистон истехсолшаванда, фурухташаванда ва ба он воридшаванда ба талаботхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ташаккул, тачдид ва пурра намудани захирахои давлатии махсулоти озукавори, сарфи назар аз таъсири омилхои номусоиди дохили ва беруни;

– ташкили мухити баробари ракобатпазир барои ворид шудан ба бозори махсулоти кишоварзи ва озукавори;

– хамкорихои мутакобилаи давлат ва субъектхои сохибкории хусуси;

– мусоидат намудан ба баланд бардоштани накши иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхои тичорати дар масъалахои таъмини амнияти озукавори; (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– дастрас ва ошкоро будани иттилоот дар бораи холати бозори махсулоти кишоварзи ва озукавори.

  1. Ба кабули карорхо ва аз чониби макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки содир намудани амалхое (беамалие) рох дода намешавад, ки:

– холати амнияти озукавориро бад мекунанд;

– беасос баланд бардоштани нархи махсулоти озукавори, паст шудани захирахои дохилии озукавориро ба вучуд меоранд;

– ба содироти гайриконунии махсулоти озукавори берун аз худуди мамлакат мусоидат мекунанд;

– ба воридоти махсулоти озукавории бесифат ва барои ахоли хавфнок ба бозори дохили мусоидат мекунанд.

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми бад шудани холати амнияти озукавори метавонад воридот ва содироти махсулоти озукавориро муваккатан манъ ва ё махдуд намояд.

 

Моддаи 20. Таъмини амнияти чамъияти

 

  1. Амнияти чамъияти бо карорхо ва амалхои макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон, ки барои ичрои корхои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283):

– тахкими кафолати таъмини амнияти шахсии шахрвандон, хукуку озодихои онхо;

– ташаккули рухияи умумимилли, ки ба ватандусти ва ризоияти байни миллатхо асос ёфтааст;

– тахкими ягонагии халки Точикистон;

– дастгирии афзоиши табиии ахоли, таъмини кабули чорахои саривакти бар зидди равандхои бухронии демографи ва банакшагирии оила;

– пурзур кардани мубориза бар зидди чинояткори, аз чумла шаклхои муташаккили он, коррупсия ва терроризм;

– боздоштани болоравии бекори ва пастшавии сатхи зиндагии ахоли, ки ба суботи сиёсии кишвар тахдид мекунанд;

– пешгирии омилхои ичтимоие, ки ба саломати ва маънавиёти ахоли, ирсияти (генофонди) халки Точикистон тахдид мекунанд;

– монеъ шудан ба пастравии нерухои зехнии мамлакат.

  1. Ба кабули карорхо ва содир намудани амалхое рох дода намешавад, ки баръало метавонанд:

– пойдории ягонагии халки Точикистонро халалдор созанд ва муносибати байни миллатхоро бад кунанд;

– ризоияти чамъияти ва суботи сиёсиро дар кишвар халалдор созанд;

– боиси дахолати ташкилотхои дини ба корхои давлат гарданд. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

  1. Даъватхои зерини шахрвандон, аз чумла намояндагони хизбхои сиёси ва дигар иттиходияхои чамъияти хамчун амалхо оид ба ноустувор гардонидани амният эътироф шуда, боиси чавобгарии бо конун пешбинишуда мегарданд:

– ба сарнагун сохтан ё бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон, аз чумла даъватхо ба чудоихохи (сепаратизм) ва амалхои дигаре, ки ба ягонаги, дахлнопазири ва чудонашаванда будани худуди мамлакат тачовуз мекунанд;

– ба гасби хокимият;

– барои бо рохи зуровари катъ гардонидани ваколатхо ё монеъ шудан ба фаъолияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва шахсони мансабдори тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон ташкилёфта ва интихобшуда (таъиншуда); (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

– ба истифода кардани тафовути мавчудбудаи мазхаби ва акидахои гуногуни дини бо максадхои сиёси.

 

Моддаи 21. Таъмини амнияти харби

 

  1. Хамаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон ухдадоранд, ки мусоидат намоянд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283):

– ба тахкими иктидори мудофиавии мамлакат;

– ба нигох доштан ва баланд бардоштани дарачаи иктидори чангии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– ба нигох доштани иктидор ва захирахои сафарбаркуни.

  1. Кабули карорхо ва содир намудани амалхое, ки ба иктидори мудофиавии мамлакат, иктидори чангии Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистон зарар расонида метавонанд, манъ аст.
  2. Ба истиснои холатхои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, рох дода намешавад:

– ба чойгир кардани пойгоххои (базахои) харбии давлатхои хоричи дар худуди кишвар;

– ба убур (транзит) кардани вохидхои харби, аслиха ва техникаи харбии давлатхои хоричи аз худуди мамлакат.

  1. Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва вохидхои харбии Чумхурии Точикистон тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои таъмини амнияти харби чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 22. Таъмини амнияти экологи

 

Ухдадорихои макомоти дахлдори давлати, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон инхоянд:

– хифзи мухити зист, окилона истифода кардан ва химоя намудани захирахои табии;

– рох надодан ба беназорат ворид намудани технологияхо, моддахо ва маводи хавфноки экологи ба Чумхурии Точикистон;

– пешгири намудани олудашавии радиоактиви, кимёви ва захролудшавии бактериологии худуди мамлакат;

– махдуд намудани истифодаи технологияхои хавфнок ва номукаммали экологи;

– пешгири ва бартараф намудани окибатхои манфии экологии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият.

 

Моддаи 23. Таъмини амнияти иттилооти

 

  1. Дар Чумхурии Точикистон низоми миллии хифзи иттилоот, аз чумла захирахои давлатии иттилооти таъсис ва мустахкам карда мешаванд.
  2. Кабули карорхо аз чониби макомот ва шахсони мансабдори Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои сиёси ва иктисодии хоричи бояд ба иттилооти объективи ва огохона дар бораи тамоюлхои рушди сиёси ва иктисодии чахони, вазъи сиёси ва иктисодии давлатхои дигар, хусусан давлатхои хамчавор асос ёбад.
  3. Макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор ва шахрвандон ухдадоранд, ки тамоми чорахои заруриро андешанд, барои рох надодан (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283):

– ба вобастагии иттилоотии Точикистон;

– ба гасб ва мухосираи иттилооти аз чониби давлатхои дигар;

– ба бунбасти иттилоотии макомоти хокимияти давлати ва куввахои таъмини амнияти Чумхурии Точикистон.

  1. Ба кабули карорхо ва содир намудани амалхое, ки хилофи манфиатхои миллии ташаккул ва фаъолияти мунтазами фазои иттилоотии Чумхурии Точикистон ё дохил шудани Точикистон ба низоми чахонии алока ва иттилоот мебошанд, рох дода намешавад.
  2. Содир намудани амалхои зерин манъ аст:

– дар худуди Чумхурии Точикистон пахн намудани маводи интишори, намоишхои телевизиони ва пахши радиоии воситахои ахбори оммаи хоричи, ки мазмуни онхо амнияти миллиро халалдор месозад;

– ифшо кардани иттилооти хизмати ва дигар иттилооти ба манфиатхои давлат алокаманд.

 

Моддаи 24. Таъмини амнияти беруни

 

  1. Бо максади сохиб шудан ба кафолатхои байналмилалии амният, Чумхурии Точикистон дар таъмини амнияти байналмилали (чахони, минтакави) иштирок менамояд, ки кисми таркибии он амнияти кишвар мебошад.
  2. Амнияти мамлакат дар сохаи муносибатхои сиёсии беруни бо амалхои зерин таъмин карда мешавад:

– иштирок дар тадбирхои байналмилали оид ба ташаккули тартиботи чахони;

– ташаккул додан ва пойдории низоми самарабахши амнияти дастачамъона дар мухити геополитикии Точикистон;

– иштирок дар ташкилотхои байналмилали, ки фаъолияти онхо чавобгуи манфиатхои амнияти Чумхурии Точикистон мебошад;

– иштирок дар чорабинихои берун аз худуди мамлакат, ки барои таъмини амният равона гардидаанд, тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;

– дар мавридхои зарури якчоя бо кишвархои хамчавор халли масъалахое, ки ба таъмини амният дахл доранд.

  1. Чумхурии Точикистон:

– бо максади таъмини назорати боэътимоди сархади низоми хифзи сархади давлатиро рушд ва тахким мебахшад;

– низоми назорати фазои хавоиро бо пайвастани он ба низоми назорати байналмилалии хаммонанд ташаккул медихад;

– барои рох надодан ба мухочирати гайриконуни тамоми чорахои заруриро меандешад.

  1. Ба Чумхурии Точикистон ворид шудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки мукобили давлат фаъолияти харобкорона бурда, зидди сохибихтиёри, тамомияти арзии мамлакат, ягонагии халки он, ризоияти чомеа ва суботи сиёси дар мамлакат ошкоро баромад мекунанд, рох дода намешавад. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон хузур дошта, ба чунин баромадхои ошкоро рох медиханд, аз худуди мамлакат бароварда шуда, ба чавобгарии дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Таъмини амнияти ниходхои давлатдори

 

  1. Таъмини амнияти ниходхои давлатдори вазифаи мухими макомоти давлати ва шахсони мансабдори Чумхурии Точикистон буда, яке аз меъёрхои арзёбии фаъолияти хизматии онхо ба хисоб меравад.
  2. Талабот оид ба таъмини амният дар мавридхои зерин хатман ба назар гирифта мешавад:

– тархрезии стратегии самту мархилахои рушди ичтимоию иктисодии мамлакат;

– тахия, кабул ва ичрои санадхои меъёрии хукуки ва дигар санадхои макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва шахсони мансабдор. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)

  1. Ба кабули карорхо ва ичрои амалхое, ки хилофи манфиатхои ташаккул ва фаъолияти мунтазами низоми ягонаи макомоти давлати, аз чумла макомоти хифзи хукук, амният ва судхо, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот хамчунин низоми ягонаи хукукии Чумхурии Точикистон мебошанд, рох дода намешавад. (КЧТ аз 27.11.14 с., № 1137)
  2. Давлат барои расидан ба максадхои зерин чорахо меандешад:

– барои баланд бардоштани обрую нуфузи хизмати давлати;

– барои ташаккули механизмхои ташкилию хукукие, ки таъин шудани шахсони ба талаботи мукарраргардида чавобгу набударо ба хизмати давлати рох намедиханд.

  1. Хизматчиёни давлати дар фаъолияти худ ухдадоранд, ки манфиатхои умумидавлатиро ба рохбари гиранд. Ба хизматчиёни давлати кабул кардани карор ва анчом додани амалхое, ки обруи хокимияти давлатиро зери шубха гузошта, боиси ба манфиатхои гайрихизмати истифода кардани макоми хизмати мегарданд, манъ аст.
  2. Расмиёти аз тарафи шахсони ваколатдори давлати кабул кардани карорхое, ки бо амалхои зерин алокаманданд, бояд ба хадди мукаррарнамудаи конунгузори ошкоро ва хусусияти назорати дошта бошанд:

– таксими маблагхои бучетхои чумхурияви ва махалли, аз чумла барои хариди давлати ва захирахои карзи чудокардашаванда;

– додани ичозату ичозатномахо (литсензияхо);

– ба субъектхои хочагидор додани имтиёзу бартарихои мукаррарнамудаи конунгузори;

– хусусигардонии объектхои моликияти давлати.

 

Моддаи 26. Маблаггузории фаъолият оид ба таъмини амният

 

Маблаггузории фаъолият оид ба таъмини амният вобаста ба мазмун ва микёси барномахо, хусусияти холатхои фавкулодда ва окибатхои онхо аз хисоби маблагхои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 5.

ШУРОИ АМНИЯТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 27. Шурои амнияти Чумхурии Точикистон

 

  1. Шурои амнияти Чумхурии Точикистон макоми машваратии назди Президенти Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Шурои амнияти Чумхурии Точикистон дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва Конуни мазкур таъсис ёфта, макоми рохбарии коллегиали доир ба масъалахои мудофиа ва амнияти Чумхурии Точикистон барои тахияи карорхо оид ба татбики самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричи дар сохаи таъмини амният мебошад.
  3. Тартиби ташкил ва фаъолияти Шурои амнияти Чумхурии Точикистон бо Низомномаи Шурои амнияти Чумхурии Точикистон, ки онро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 28. Хайати Шурои амнияти Чумхурии Точикистон ва тартиби ташкили он

 

  1. Ба хайати Шурои амнияти Чумхурии Точикистон (минбаъд – Шурои амният) Раис, Котиб, аъзои доими ва аъзои Шурои амният дохил мешаванд.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон аз руи мансаб Раиси Шурои амният мебошад.
  3. Ба хайати аъзои доимии Шурои амният Раиси Мачлиси милли ва Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон ва Котиби Шурои амният дохил мешаванд. Котиби Шурои амниятро Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Котиби Шурои амният фаъолияти Шурои амниятро ташкил ва ба дастгохи Шурои амният рохбари менамояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
  4. Рохбарони вазоратхои рушди иктисод ва савдо, молия, корхои хоричи, адлия, мудофиа, корхои дохили, тандурусти, макомоти амнияти милли, мубориза бо коррупсия, Палатаи хисоб ва макомоти хифзи мухити зист, инчунин дигар шахсони мансабдор метавонанд аъзои Шурои амният бошанд. Хайати шахсии Шурои амният аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. Вобаста ба мазмуни масъалаи мавриди барраси карордошта, Шурои амният метавонад шахсони дигарро низ хамчун мушовирон ва коршиносон чалб намояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
  5. Хангоми баррасии масъалaхои таъмини амният дар каламрави Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо барои иштирок дар кори Шурои амният намояндагони ваколатдори онхо чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Салохият ва вазифахои асосии Шурои амният

 

  1. Салохияти Шурои амният:

– тахлили мачмуии чараёни вазъи чахон ва минтакахо дар робита ба манфиатхои амнияти милли, чамъовари, омузиш ва тахлили ахборот доир ба фаъолияти низоми таъмини амният ва пешниходи тавсияхо оид ба такмили он;

– хамохангсозии тахияи консепсияхои сиёсати дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон дар бораи амният, баходихии тахдидхои дохили ва беруни ба манфиатхои объектхои хаётан мухими амнияти давлат ва муайянсозии манбаъхои он, андешидани чорахо чихати пешгирии онхо (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– тахия ва ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход намудани таклифу тавсияхо доир ба кабули санадхои зарурии конунгузори ва тадбирхои ташкили оид ба таъмини амнияти Чумхурии Точикистон;

– тахия ва ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход намудани тавсияхо оид ба кабул намудани карорхо доир ба масъалахои сиёсати дохили ва хоричии мамлакат дар сохаи таъмини амният;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои таъмини амният ва ичрои амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон дар ин соха (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– баркарор намудани робита бо ташкилотхои байналмилали ва макомоти амниятии кишвархои хоричи аз руи масъалахои тахти салохияташ карордошта;

– назорати ичрои карорхои Шурои амният ва амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амният, андешидани тадбирхо бахри рафъи камбуди ва норасоихои ошкоршуда, сабабу шароитхое, ки боиси руй додани онхо гардидаанд.

  1. Вазифахои асосии Шурои амният:

– муайян намудани манфиатхои хаётан мухими инсон ва шахрванд, чамъият ва давлат ва ошкор намудани тахдидхои дохили ва беруни ба объектхои амният;

– ташаккули стратегия ва тактикаи сиёсати хоричи ва дохили дар сохаи таъмини амният, тамомияти арзи, истиклолият, сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон;

– тахия ва татбики консепсия ва стратегияи таъмини амнияти милли ва баходии самаранокии он (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– тахияи карорхои фаври оид ба пешгирии холатхои фавкулоддае, ки боиси окибатхои чиддии ичтимоию сиёси, иктисоди, харби, экологи ва дигар окибатхо шуда метавонанд, инчунин оид ба бартараф намудани чунин холатхо (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283);

– пешниходи таклифхо ба Президенти Чумхурии Точикистон доир ба чори намудани холати чанг хангоми тахдиди вокеи ба амнияти давлат, инчунин доир ба чори, тамдид ё бекор намудани холати фавкулодда;

– тахияи пешниходот оид ба такмили низоми таъмини амнияти Чумхурии Точикистон бо рохи навсозии макомоти мавчуда ё таъсиси макомоти наве, ки амнияти инсон ва шахрванд, чамъият ва давлатро таъмин менамоянд;

– тахлил ва чамъбасти иттилоот дар бораи вазъи амнияти Чумхурии Точикистон ва пешниходи он ба Президенти Чумхурии Точикистон;

– назорати ичрои амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти милли.

 

Моддаи 30. Карорхои Шурои амният

 

  1. Доир ба масъалахое, ки дар чаласахои Шурои амният барраси мегарданд, карорхои дахлдор кабул карда мешаванд. Аъзои Шурои амният хангоми кабули карор хукуки баробар дошта, карорхо бо аксарияти оддии овозхо кабул карда мешаванд.
  2. Карорхои Шурои амният оид ба масъалахои таъмини амнияти Чумхурии Точикистон бо протокол ва оид ба масъалахое, ки халли онхо карори Президенти Чумхурии Точикистонро талаб менамоянд, бо фармон ва амрхои Президенти Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда мешаванд.

 

БОБИ 6.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 31. Назорат ба фаъолияти макомоти таъмини амният

 

Назорат ба фаъолияти макомоти таъмини амният аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 32. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                        «Дар бораи амният»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи амният» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1994, №3-4, мод. 64; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1995, №22, мод. 270; с. 1996, №3, мод. 48, фасли ЧЧIV; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли ЧЧIV) аз эътибор сокит дониста шавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., № 1283).

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                       Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,

№ 721

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …