Главная / Илм / АМИНОКИСЛОТАХО

АМИНОКИСЛОТАХО

aminokislotahoАМИНОКИСЛОТАХО, синфи пайвастхои органики, ки дар таркибашон гурухи карбоксил ( – СООН) ва аминогурух (– NH2) мавчуд аст. А. хосияти кислотаги ва асоси доранд. Вобаста аз сохтор А. алифати ва аромати мешаванд. Чанд навъи А.-и алифати, мас., α –, β –, γ – ва г. маълуманд. Аз α – аминокислотахо сафедахо ва пептидхо таркиб ёфтаанд. Онхо дар амалиёти мухимми биологи иштирок мекунанд.
А. моддахои кристаллии беранг буда, дар об нагз хал мешаванд. Бисёри онхо таъми ширин доранд. А. моддахои амфотеранд , бинобар ин бештар дар намуди иони дузаряда дучор меоянд.
Манбаи асосии α – аминокислотахо барои организмхои зинда сафедаи гизо мебошад. Бисёр α – аминокислотахоро худи организм синтез мекунад. А.-еро, ки аз берун ба организм ворид мешаванд, А.-и ивазнашаванда меноманд (мас., валин, лейтсин, изолейтсин, лизин, треонин, метионин, фенилаланин, триптофан ва г.). Хангоми баъзе беморихо, хоса беморихои модарзоди, адади А.-и ивазнашаванда меафзояд. Чунончи, хангоми бемории фенилкетонурия организм тирозинро синтез намекунад. Талаботи шаборузии А.-и ивазнашаванда барои одами калонсол такр. 1 г аст. Мафхуми «ивазнашаванда» то андозае шартист. Мас., тирозин дар организм факат аз фенилаланин хосил мегардад. Бинобар ин он махз дар сурати норасоии фенилаланин ивазнашаванда аст. Аз тарафи дигар, мавчудияти тирозин дар гизо талаботро ба фенилаланин кохиш медихад. Чунин хамбастаги байни метионин ва систеин (систин) низ вучуд дорад. Хангоми норасоии А. дар хурок (триптофан, лизин, метионин) синтези сафеда ва бисёр моддахои зарурии организм гайриимкон аст
А. дар организм барои синтез ва ресинтези сафеда, хамчунин гормонхо, аминхо, алкалоидхо, коферментхо, пигментхо ва г. заруранд. А.-и зиёдати то махсули вопасини мубодила (дар одам ва ширхурхо то мочевина, СО2 ва об) тачзия мешаванд (хангоми он энергияи барои фаъолияти хаёт зарур ихроч мегардад).
Баъзе А.-ро аз махсули гидролизи сафедахо чудо мекунанд. Mac., кислотаи глутаминатро аз казеин, тирозинро аз фиброини абрешим, аргининро аз желатина, гистидинро аз сафедаи хун ва г. А.-и дигарро бо рохи синтез (мас., кислотаи глутаминат, метионин, лизин) хосил менамоянд.
Одам бо пешоб дар як шаборуз такр. 1 г А.-и озод хорич мекунад. Сабаби афзоиши А. дар таркиби пешоб (аминоатсидурия) бемории гипераминоатсидемия ва баъзе амрози ирси аст. Мас., дар мавриди систинурия систине, ки бад хал мешавад, дар пешоб дар шакли кристаллхо боки мемонад. Бо пешоб барзиёд ихроч гаштани гистидин (гистидинурия) бошад, асосан хангоми хомилаги рух менамояд.
А. дар тиб барои моличаи беморихои аъзои хозима, чигар, камхуни, сухта, реши меъда ва г. мухим мебошанд. Кислотаи глютаминат дар сохаи равонпизишки корбаст мешавад. Метионин барои табобати фарбехи, сирроз ва диг. амрози чигар муфид аст. Бо гистидин захми меъда ва диг. беморихои рохи меъдаю рудахо табобат меёбанд. Дар сурати дар организм барзиёд будани баъзе А. ва норасоии А.-и дигар холати захролди ба вукуъ меояд.
Ад.: Грандберг И.И., Органическая химия, М., 1974; Тюкавкина Н.А., Бауков Ю.И., Биоорганическая химия, М., 1985; Филиппович Ю.Б., Основы биохимии, М., 1995.
Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …