Главная / Илм / АМИЛАЗАХО

АМИЛАЗАХО

amilaza1АМИЛАЗАХО, ферментхое, ки охар, гликоген ва диг. полисахаридхои ба онхо наздикро тачзия мекунанд. Се навъи А. маълуманд: α – Амилаза (крахмалро ба декстринхо табдил медихад; амилазаи декстриногени); β – Амилаза (крахмалро ба малтоза табдил медихад; амилазаи сахарогени); глюкозамилаза (хосил шудани глюкоза ва декстринро таъмин менамояд). α – Амилаза дар растанихо ва микроорганизмхо вомехурад. β – Амилаза дар растанихои олиташаккул мавчуд аст. Одатан, гидролизи полисахаридхо бо иштироки якчояи А.-и гуногун ба амал меояд.
Зери таъсири шираи тухми нешзадаи чав ба канд табдил ёфтани крахмалро (таъсири ферментии А.) олими рус К. С. Кирхгоф баён намудааст (1814). Аввалин доруи ферментиро олимони франсави А. Пайен ва Ж. Персо (1833) аз шираи сумалак чудо кардаанд. Баъзе А. дар холати кристалли чудо карда шудаанд. А. барои хазми хурок ёри мерасонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …