Главная / Илм / АЛ-МУСНАД-АЛ-ИМОМ-АЛ-АЪЗАМ (Р)

АЛ-МУСНАД-АЛ-ИМОМ-АЛ-АЪЗАМ (Р)

Шашумин асаре, ки онро ба Хазрати кутбулавлиё ва сирочи умам Имоми Аъзам Абуханифа (р) нисбат медиханд, китоби «Муснад» (яъне, «Чамъи Хадис»)-и шариф мебошад. «Муснади шариф» китобест, ки дар он аходиси шарифи Расулулло (с) ба тартиби асмои сахобаи киром разиаллоху анхум, ба эътибори хуруфи хичо ва ё савобики дар Ислом ва гайра мазкур мебошад.

Бино ба шаходати Имом Мухаммад (р), Имом Муслим (р), Имом Абу-Юсуфи Яъкуб (р), Имом Абумукотили Самарканди (р), Имом Абумутеъи Балхи (р), Имом Зуфар ибни Хузайл, Имом Хаммод ибни Абуханифа (писари Имоми Аъзам разиаллоху анху) Абдуллохи Муборак (р), баъдан Имом Тирмизи, Имом Муслим, Имом Бухори ва гайра ва уламои баъдина-Бурхониддини Маргелони (р) ва даххо дигарон, Хазрати афзалулмучтахиддин ва тобеъин Имоми Аъзам Абуханифа (р), вокеъан китоби арзишманде бо номи «Муснад» (чамъи хадисхои Расулуллох (с), ба ривояти Имоми Хасфаки ва шархи Мулло Кори доштаву онро ба пайравони солеху содики мазхабаш боки гузоштааст. То кунун 12 нусхаи дастии муътамади дорои ташрехи «Ал-Муснад-ал-Имом-ал-Аъзам Абуханифа (р)» мавчуд ва махфуз аст.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …