Главная / Илм / АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ

АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ

asar«АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ», асари хаким Нуриддин Мухаммад Абдуллох (маъруф ба хаким Айнулмулки Шерози; а. 18). Китоб ба забони точики таълиф шуда, оид ба тахкики номхо, табиат ва хосияти дорухои сода бахс мекунад. С. 1726 ба номи Шахобиддин Мухаммад Шохичахон таълиф шуда, аз мукаддима, натича ва хотима иборат аст. Мукаддима дар чахор фоида оварда шудааст: фоидаи аввал дар баёни тасхехи эъроб ва аломати он; фоидаи дуввум дар баёни аломатхои забони хар диёр; фоидаи саввум дар тахкики табоеъ ва дарачоти он; фоидаи чахорум дар баёни мухтор, шарбат, муслих, бадал ва нишонахои он. Натича дар зикри алфози дорухо ба тартиби алифбо ва баёни аломатхои онхо аст. Хотима дар баёни адвияи ситта (шаш дору)-и серманфиате, ки дар диг. китобхои пешин камтар зикр шудаанд (мас., подзахр, мумиё, чуби чини, чой, кахва ва танбоку), бахс мекунад. Китоб дар Хиндустон ба тарики санги чоп шудааст. Ду нусха аз дастнависи он дар Захираи дастнависхои шаркии АИ ЧТ зери ракамхои 687 ва 1125 махфуз аст.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …