Главная / Илм / АЛДОСТЕРОМА

АЛДОСТЕРОМА

aldosteromaАЛДОСТЕРОН (Aldosterone), электрокортин, алдокортин, гормони кишри гадуди болои гурда; мансуби кортикостероидхост. А. дар организм мубодилаи минералхоро танзим карда, минералокортикоиди асоси махсуб мешавад. А. соли 1952 дар шакли кристалли чудо карда шудааст. Онро с. 1959 В. Ветштетер синтез намуд. А. барои дар организм боздошта шудани ионхои натрий (Na+) ва тавассути пешоб, оби дахон, арак хорич гаштани ионхои калий (К+) мусоидат мекунад. Норасоии Na+ ва барзиёдии К+ дар гизо боиси барзиёд хосил шудани А. мегардад. Норасоии А. (мас., хангоми бури- да партофтани гадудхои болои гурда, бемории аддисони), ки дар натичаи он натрий якбора талаф меёбад, мучиби фавти организм хохад шуд. Хангоми барзиёд тавлид ёфтани А. (мас., дар мавриди омоси гадудхои болои гурда, баъзе беморихои дил, гурдахо) об дар организм гун (варам) ва фишори хун баланд мешавад.
А. М. Сабурова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …