Главная / Илм / АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОКИЯТУ Фи КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОКИЯТУ Фи КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

asar«АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОКИЯТУ Фи КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ», асари Абуабдуллох Мухаммад ибни Юсуфи Илоки (ваф. 1141) дар робита ба куллиёти тиб. Китоб аз руи куллиёти «Конуни тиб»-и Ибни Сино талхис ва танзим карда шудааст. Ахамияти китобро ба назар гирифта, олимон минбаъд ба он шарххои зиёд таълиф намудаанд, чунончи: шархи хаким Махмуд ибни Али ал-Химси мусаммо ба «ал-Имолию-л-ирокияту фи шархи-л-Фусули-л-илокияти»; шархи Абуссано Музаффар ибни Амирхоччи Табрези мусаммо ба «ал-Баситу-л-воки фи шархи «Мухтасари-л-Илоки»; шархи Мухаммад ибни Алии Нишопурии машхур ба Фахриддини Исфароини; шархи Садидуддини Симнони ва г.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», Лубнон, ч. 2, 2007; Мухаммад Муъин, «Фарханги форси», ч. 6, Техрон, 1379 х. ш.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …