Главная / Илм / АККЛИМАТИЗАТСИЯ

АККЛИМАТИЗАТСИЯ

akklimatizatsiyaАККЛИМАТИЗАТСИЯ, муътод, хугири ба обу хаво, ба шароити нави иклим мувофик гардидани инсон. А.-и одам яке аз шаклхои мутобикат (адабтатсия) буда, боиси тагйироти чараёни мубодилаи моддахо ва дигаргунихои вазоифии организм мегардад. Кобилияти А. шудан дар раванди инкишофи хаёт дар руи Замин ба вучуд омада, бо минтакахои гуногуни иклими ва тагйироти даврии иклим зич вобаста аст. А.-ро омилхои мухити табии ба вучуд меоранд. Онхо аз шароити махали пештара хеле фарк мекунанд, мас., харорати баланд ва паст, сернами, хушки, афканишоти ултрабунафши кам ё барзиёд, фишори атмосферии паст ё баланд ва г. Мавриди ба шароити нави сукунат одат кардани инсон гайр аз равандхои биологи хамчунин омилхои ичтимоию иктисоди (шароити мехнат ва маишат, сифати гизо, либос, икоматгох ва г.) ахамияти калон доранд.
Дар кишвари мо зарурати омухтани равандхои А. бинобар ба амал татбик намудани накшахои ободонии навохии кухсор ва истифодаи захирахои табии дар минтакаи гарм пеш омад. Тадкикоте, ки дар муассисахои илмии тибби гузаронида шудаанд, имкон медиханд, ки дар нохияхои ру ба ободи самти чараёни А. пешбини гардида, тартиби ба максад мувофики тагзия ва диг. масоили зиндагии ахоли мукаррар карда шаванд. Одамони солим А.-ро нисбатан осон паси сар мекунанд. А. ва мутобикат дар шароити душвори табии (мас., дар Шимоли Аксо, Антаркти- да, ки мумкин аст, баъзе носозгорихои вазоифиро ба вучуд оранд) бошиддат чараён хоханд гирифт. Дар давраи шабхои кутби кас рухафтода ва хоболуд, вале дар давраи рузхои кутби бошад, серхаячон мешавад. Хангоми кор дар хавои кушод мубодилаи моддахо меафзояд. Дар вакти сармои сахт ва шамол мумкин аст фишори хун паст шуда, нафаскаши душвор гардад (яъне ба истилох нафастангии кутби ба вучуд меояд). Дар давраи одат кардан ба иклими гарм имкон дорад, ки иштихо гум, фаъолияти рудахо носоз, хоб нохуш ва дарачаи мукобилати организм ба беморихои сирояти суст шавад. Чунин тагйироти вазоифи ба ихтилоли мубодилаи обу намак вобаста аст. Дарачаи фаъолияти мушакхо кохиш ёфта, арак зиёд, ихрочи пешоб кам, нафаскаши ва набз тез мешавад. Баробари афзудани намии хаво фаъолияти механизмхои мутобикат низ тезутунд мегардад. А. дар шароити иклими экватории бешахои сернами тропики барои инсон мушкилтар аст. Гармии барзиёди тан боиси гармозани ва логари мешавад; дар натичаи тавассути арак бисёр ихроч ёфтани намакхо ташаннучи харорати рух менамояд. Барои рахо ёфтан аз чунин холат риояи тартиби истеъмоли обу намак, тагзияи дуруст, пушидани либоси мувофик, дар хона гузоштани кондитсионер зарур аст. Бо мурури вакт одам ба харорат ва нами тобовар шуда, мубодилаи моддахо ва дигар функсияхои организм муътадил мегарданд. Дар давоми моххои аввали А. хангоми кори чисмони набз суст ва харорати бадан паст мешавад. А. баъд аз давраи тулони, баъзан пас аз солхои зиёд анчом меёбад.
Дар шароити баландкуххо махали нави сукунат хар кадар аз сатхи бахр баланд чойгир бошад, А. хамон кадар душвор мегузарад (ниг. Сакомати кухи). Дар рафти А. фаъолияти организм тадричан устувор гашта, ба меъёри сокинони доимии кухистон баробар мешавад, вале тапиши дил, гардиши хун ва дарачаи мубодилаи моддахои асоси кадре суст аст. Табдили иклим аксар вакт ба организм таъсири мусбат низ мерасонад (ниг. Климатотерапия). Бинобар ин беморон бо максади пешгири ва муоличаи касалихо (мас., зики нафас, беморихои гурда ва г.) ба курортхо фиристода мешаванд. Кабл аз рухсатии мехнати бо духтур маслихат бояд кард, ки давраи мураххасиро дар кучо гузарондан бехтар аст.Бахри безарар гаштани А. вазъи саломатии одам каблан муайян ва номгуи беморихое, ки барои дар ин ё он шароити иклим зистан имкон намедиханд, мукаррар карда мешавад. Хамчунин бунёди махалхои ахолинишин ва манзил бо назардошти хусусиятхои иклим, таъмини ахоли бо либоси мувофик, тахияи дурусти хурду хурок, пешгирии окибатхои норасои ё барзиёдии радиатсияи ултрабунафш, риояи тартиби кору маишат ахамияти калон дорад. Дар хотир бояд дошт, ки ба раванди А. истеъмоли шароб таъсири бад мерасонад. Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …