Главная / Гуногун / АДИБ СОБИРИ ТИРМИЗИ

АДИБ СОБИРИ ТИРМИЗИ

Вай шоири фасех ва фозили лабиб буд ва ашъори вайро латофате комил ва малохате тамом хосил аст. Ва афозил ба такаддуми вай муътарифанд, чунон ки Анвари вайро бар худ тарчех90 нихода он чо, ки дар китъае таъдоди91 камолоти худ мекунад, дар охири он мегуяд:

Б а й т

Ин хама бигзор, бо шеъри мучаррад омадам,
Чун Санои92 хастам, охир, гар на хамчун Собирам.

Ва аз чумлаи суханони вай аст ин чанд байт:

Газ а л
Ай орази ту хулду лаби ту чу салсабил,
Бар хулду салсабили ту чону дилам сабил.
Дар тоати хавои ту омад дилам, аз он-к
Аз тоат аст ёфтани хулду салсабил.
Нохид93 пеши талъати ту кай дихад фуруг?
Хуршед назди хидмати ту кай бувад чамил?94
Багдоди хусну Мисри чамолию чашми ман
Багдодро чу Дачла бувад, Мисрро чу Нил.
Аз бори ранчи хачри ту каддам шуда камон
В-аз захми дасти ишки ту хаддам95 шуда чу Нил.

Ва аз чумлаи ашъори вай аст ин китъа:

К и т ъ а
Давот96, Ай писар, олати давлат аст,
Бад-у давлати тундро ром Кун.
Чу хохи, ки давлат куни аз давот,
«Алиф»-ро зи пайванд то «лом» кун.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …