Главная / Маданият ва санъат / АДЁНИ МИЛЛИ (Пайдоиши Дин) – Религия

АДЁНИ МИЛЛИ (Пайдоиши Дин) – Религия

Дар замони гузашта ва хозира бисёр динхо буданд ва хастанд, ки эътикодмандони онро ягон гурухи этники ташкил медиханд. Хусусияти этники-милли дар хамаи динхо мавчуд аст ва дар забони мукаддаси китобхои дини, фарханги этникию миллие, ки дар дин инъикос ёфтааст, мухиту минтакаи баёншуда ва гайра зохир мегардад.

Динхои милли гуфта, одатан, динхоеро мегуянд, ки доираи пахншавии онхо бо халку миллати муайян махдуд мешавад. Аз чумла динхои муосири милли: хиндия, сиккия, синтоия, дини Конфуций, даопарасти, яхудия ва гайра мебошанд. Баъзе динхои милли аз байн рафтаанд ва ё дар доираи халки вориси он дин мавкеъи худро аз даст додаанд.

din-023Масалан, зардуштия, мония, маздакия, чайния ва гайра. Динхои милли дар шароити муайяни таърихию ичтимои пайдо шудаанд.

Аксари онхо дар давраи ташаккули халкиятхо ва ё ибтидои пайдоиши давлатдории онхо ба вучуд омадаанд. Динхо раванди муттахид шудани миллатро ба таври худ инъикос мекунанд.

Маросимхои динхои муосири милли хеле мураккаб буда, кабули онхоро барои халку миллатхои дигар мушкил мегардонад. Таълимоту хидоят ба ягон кавму миллат нигаронида шудааст, на ба тамоми халкхо. Аз ин чо хам таълимот, хам маросимхо доираи пахншавии онхоро махдуд месозад.

Масалан, дини яхудия танхо яхудиёнро муъмин ва аз тарафи худои Яхва халки интихобшуда медонанд, ё конфуциягарои таълимоти ахлоки-ичтимоии хоси Хитой дорад, ки ба мардуми дигар фахмо ва кобили кабул нест, аз чумла парастиши императори Хитой ва гайра. Яъне онхо хусусияти байналмиллали ва таргиботи надоранд.

Динхои милли мутобики маълумоти таърихшиносон таърихан пеш аз динхои чахони ба вучуд омадаанд. Бо кавли онхо муддате такрибан дар тамоми чахон динхои милли хукмрони мекарданд.

Динхои милли заминаи шакли муайяни гузариш ба динхои чахони шудаанд ва таъсири худро дар динхои чахони боки гузоштанд. Аз чумлаи динхои кадимаи милли динхои Мисри Кадим ва Юнони Кадим мебошанд. Дини кадимаи Миср бисёрхудои /политеисти/ буда, дар даврахои хеле кадим дар байни мардуме, ки дар сохилхои Нил зиндаги мекарданд, пайдо шуда, минбаъд дар давраи хукмронии фиръавнхо хеле инкишоф ёфта ва нуфузи зиёде касб кард. Маъбуди асосии Мисри кадим табиат мебошад, ки ба касбу кори дехконони мисри таьсири багоят бузург дошт.

Нил, ки оби он воситаи асосии кишоварзи буд, дар образи Худои Хапи, офтоб дар симои худо Раъ тачассум ёфта буданд. Гайр аз ин олиха Сахмет ва худои Анубис, ки дар сурати хайвонхо тасаввур мешуданд, мавриди парастиш карор доштанд. Худохои зиёди дигар хам вучуд доштанд, ки хоси ин ё он махал буданд, аз чумла Амон, Атон ва гайра.

Дар байни худохои мисриён худохои кишоварзи Осирис ва Исида мавкеи мухим ишгол менамуданд. Дар Юнони Кадим хам системаи политеисти хукмфармо буд. Худохои Юнони Кадим дар симои инсон тасвир мешуданд/антропоморфизм/. Вобаста ба хар худо ривояти махсусе вучуд дошт, ки дар мачмуъ онхо мифологияи Юнони Кадимро ташкил додаанд.

Дар худохои Юнони Кадим табиат ва ходисахои мушаххаси он тачассум шудаанд. Масалан, худои раъду барк – Зевс, олихаи шахрсози ва ободони – Афина, худои хосил ва кишоварзи -Динис ва гайра. Дар тасаввуроти динии юнонихо хусусиятхои табиии ин кишвар, одату маросимхои юнониён, хислатхои психологи, ичтимои, сиёси ва фархангии хаёти онхо инъикос шудаанд. Макони худохои кадим Юнони Кадим Олимп буд. Аз ин чо худохои Юнони Кадимро худохои Олимп низ мегуянд.

Бо таъсири сохти ичтимои, хаёти маънавию ичтимои динхои мазкур аз байн рафтанд. Масалан, бо кохиш ёфтани чамъияти юнонихо, сохти полиси ва демократи дини кадимаи юнониён таъсири худро гумм кард, вале дар дини насрони, ки дини империяи Рим гардид, таъсири муаяне гузошт.

 

Яхудият дини аввалини тавхидии Милли мебошад, ки яхудиён ба он эътикод доштанд. Номи Худо дар дини онхо Яхва аст. Хануз дар асри XIII то мелод эътикод ба Яхва дар байни яхудиён вучуд дошт.

Баъди заволи Фаластин ва пайдоиши аввалин давлати Яхудия /асри X то мелод/ парастиши Яхва дар ин давлат чори гардид. Рухониёни яхудияи Байтулмукаддас /Иерусалим/ Таврот /конун/ китоби мукаддаси яхудиёнро дар байни мардум пахн кардаанд. Китоби мукаддаси мазкур Асфори Панчгона (Панчкитоб) низ ном дорад. Мувофики ривоят Панчкитоб ба Мусо – пайгамбар аз тарафи худо вахй шудааст ва онро хангоми мулокот ба худо дарёфт кардааст. Панчкитоб ба гайр аз даъватхо ба суи худо ва парастиши у, инчунин мачмуи коида ва хукмхоеро дар бар мегирад, ки тибки онхо яхудиён амал намуда, зиндагии шахси ва ичтимоии худро танзим медиханд. Баъзе коидахо бо конуни Хамурапи /ХVIII то мелод/ шохи Бобулистон ва зиндагии финикихо монанди дорад.

Баъдтар ба Таврот боз чанд асари дигар илова шуд, ки дар мачмуъ катибаи мукаддаси яхудиён – Танах, ё Ахди Кадимро ташкил доданд. Ба он 39 китоби дорои мазмунхои гуногун дохил мешаванд.

Дар ибтидои солшумории мелоди давлати яхудиён аз тарафи римихо ишгол гардид ва ибодатгохи Байтулмукаддас хароб шуд. Яхудиён аз маркази динии худ ва ибодатгох махрум гардиданд. Бисёре аз яхудиён дар сарзамини давлатхои дигар, кабл аз хама берун аз хоки Фаластин мукими гаштанд. Аввалин парешоншавии яхудиён ба амал омад. Яхудиёни диаспора /пароканда шуда/ дар чамъиятхои динии синагогхо /синагого – аз юнони -мачлис/ муттахид шудаанд. Синагогхо на танхо маркази дини, балки маркази маъмури низ буданд. Ба онхо раввинхо рохбари менамуданд /раввин аз яхудии кадим “рабби” ба маънии “муаллими ман” аст. Дар фаъолияти худ раввинхо на факат Танах, балки Талмудро низ истифода мекарданд. Талмуд аз калимаи яхудии кадим “ламед” – омузиш аст, ки аз Мишна ва Гемара иборат аст.

Хар дуи ин кисмат дар натичаи таъсири Гера дар диаспорахо ба вучуд омадаанд. Семара баъд аз Мишна пайдо шуд, ин такрибан дар асрхои III мелоди сурат гирифтааст.

Аз эътикодоти яхудиён, ки дар китобхои мукаддаси онхо зикр ёфтааст, эътикод ба худои ягона Яхва – холики оламу одам, рузи чазою сазо – киёмат, халосии яхудиён ва саодатмандии онхо дар он дунёро метавон номбар кард. Яке аз рукнхои яхуди он эътикод ба Масехо аст. Масехо аз яхудии кадим “машиах” – “масх карда шуда” аст. Масехо фиристодаи худо мебошад ва ононро, ки ба худои ягона Яхва эътикодманданд, бояд аз азоби чаханнам ва дунё халоси бахшад. Дар таълимоти яхудия дузаху бихишт, киёмат мукофоти амал мутобики ичрои талаботи яхудия, эхёи мурдагон ва аз байни хамаи мардум аз тарафи худо интихоб шудани яхудиён мавкеи мухим ишгол мекунанд.

Яхудият расму одатхои зиёд ва мураккаб дорад, ки хаёти диндоронро аз ибтидо то интихо ба танзим медарорад, аз чумла 365 тахрим ва 248 хукм. Аз руи онхо яхуди медонад, ки кадом таомро хурад ва кадомашро нахурад, чи либос пушад, рузро аз чи огоз кунад ва бо чи анчом дихад. Аз чумла барои яхуди хурдани гушти хук, харгуш, асп харом аст. якбора хуроки гушти ва шири набояд хурад.

Идхои яхудиён низ бо тартиби хос мегузарад. Мухимтарин идхои онхо рош-хашона – соли нав, иом-кипур – рузи чазо (гуфрон) ва фасха мебошанд. Барояшон хатна ва эхтироми рузи шанбе хатми аст.

Аз соли 1948, баъди ташкил шудани давлати Исроил яхудият дини давлати ва синагога омили мухими хаёти давлати ва ичтимои гардидааст. Таълимоти яхудият дар бораи афза линти халки яхуд чун мардуми аз тарафи худо интихобшуда дар идеологияи сахюния истисифода мешавад.

Ин идеологияи миллатгарои тартиб менамояд, ки яхудиён бояд дар назди кухи

Сахдон (Сион), ки дар он чо як вакте ибодатхонаи Байтулмукаддас бино ёфта будааст, чамъ шаванд. Идеологияи мазкур нажодпараси, бартарии яхудиёнро бар дигарон таргиб менамояд.

Яхудият дар тули мавчудияти худ бетагйир набуд. Мухаккикон равияхои ичтичои ва модернистиро дар он фарк мекунанд. Равияи модернисти кушиш менамоянд, ки таълимоти яхудиятро ба замона мувофик, созад. Дар Точикистон пайравони яхудият зиёд нестанд, вале синагоги худро доранд. Онхо чун динхои дигар озодона амал намуда, хамаи имконотро барои ичрои маросимхои динии худ доро мебошанд, тарафдори хамзистии осоишта, хамкори бо намояндагони дигар динхо мебошанд, кори хайрия нисбати мардуми камбизоату ятимон анчом медиханд.

Супориш ва саволхо.

1.Чаро динхои милли ба вучуд омаданд?

2. Сабаби пайдоиши динхои бисёрхудои дар чист?

3. Оид ба дини Яхудия чи маълумоте доред?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …