Главная / Илм / АБУМАНСУРИ МУВАФФАК

АБУМАНСУРИ МУВАФФАК

imagesАБУМАНСУРИ МУВАФФАК ибни Алии Хирави, табиб ва дорушиноси а. 11 точик. Ном ва таълифоти А. М.-ро хеч як аз сохибони осори асримиёнаги зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лахзахои хаёти А. М.-ро арзёби кард, асари у «Ал-Абния ан хакоики-л-адвия» аст, ки аз хусуси адвияи муфрада ва хавосси онхо бахс мекунад. Муаллиф худ дар мукаддимаи китоб навишта, ки расоили хакимони пешин ва олимону табибонро чустучу карда, «дар адвияву агзияи муфрад ва… кирдори хар доруе ва манфиатхову мазарратхояш» ба тааммул нигариста, аз Букрот, Чолинус, Дискуридис, Мосарчуя, Ибни Раббани Табари, Хусайн ибни Ис- хок, Собит ибни Курра, Мухаммад ибни Закариёи Рози, Синон ибни Собит ва Мусо ибни Синон накли кавл кардааст». Асар с. 1056 таълиф шудааст. А. М. дар ин китоб 585 навъи доруворро мавриди тадкик карор додааст. Асари мазкурро Асадии Туси китобат намудааст. А. М. дар фаъолияти хеш шеваи кори пизиш- кони хинди ва назариёти онхоро бештар меписандидааст, зеро ба гуфтаи худи вай, «дору он чо бештар аст ва акокир он чо тезтару хуштар ва химмати он мардумон ба истиксо андар хикмат болигтар аст».
Ад.: Абумансур Муваффаки Хирави, «Ал-Абния ан-хакоики-л-адвия» (Ба кушиши Ах- мади Бахманёр ва Хусайни Махбуби Ардакони), Техрон, 1346; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 6, Техрон, 1373; Деххудо. Лугатнома, ч. 45, Техрон, 1352; Муин, Фарханги форси, ч. 5 – 6, Техрон, 1375.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …