Главная / Гуногун / АБУБАКРИ РОЗИ

АБУБАКРИ РОЗИ

Олими чахоншумул ва файласуфи беназири асхоби хаюло Абубакр Мухаммад ибни Закариё ибни Яхёи Рози  аввали мохи шаъбони соли 251 хичри (28 августи соли 865 мелоди) дар шахри Рай ба дунё омадааст.35 Дар чавони ба андухтани улуми адаби шугл варзида, шеър мегуфт, мусики меофарид, мусикиро тадкику тахкик мекард, удро хуб менавохт. Хамчунин, дар заргари махорати тамом пайдо карда буд ва ба касби саррофи мепардохт. Нихоят, илми кимиёро хам амик омухта, рочеъ ба масоъили гуногуни он 22 асар офарид. Машгулияти зиёд дар илми кимиё чашмони Абубакрро дардманд карда буд. Ин аст, ки дар аввал ба муъоличаи чашмони худ пардохт. Сипас, дар сисолаги, ба омухтани дониши пизишки машгул гардида, дар ин илм махорат пайдо кард. Муддате чанд ба бемористонхои Рай ва Багдод сарвари намуд. Усули нави ташхиси дардхо ва тарзи табобати онхоро ба чавонон меомузонд ва рочеъ ба тиб беш аз 200 асар таълиф карда буд.

Дониши Абубакри Рози бо улуми кимиё ва тиб махдуд намешавад. У ба фаро гирифтани фалсафа чиддан шугл варзида, дар ин бора як силсила асархои чолиб меофарад, ки  хамаи онхо дар таърихи фалсафа ба арзиши бузурге молик мебошанд.

Рочеъ ба риштахои дигари дониш, аз кабили табиъиёт, риёзиёт, илохиёт, мантик, ахлок ва амсоли инхо низ осори зиёде дорад. 15 соли умри азизи худро барои тадвину таълифи «Ач-чомеъ-ул-кабир» сарф кард, ки бо номи «Ал-хови» машхур аст.

Дар пиронсолаги ба дарди шадиди чашм гирифтор шуда, нихоят, тамоман аз кувваи бинойи махрум гардид ва 5-уми шаъбони соли 315 хичри, ки баробари 25-уми октябри соли 925 мелодист, дар зодгохи худ- шахри Рай чашм аз олам пушид.

«Ат-тиббу-р-рухони» ва «Ас-сиррату-л-фалсафия» ва «Ал-илму-л-илохи» ва «Китобу-с-сирри» низ аз осори мухимми Абубакри Рози ба хисоб мераванд.

Абурайхони Беруни арзиши баланди илмии осори уро ба назар гирифта, дар бораи китобхои Рози фехристи махсусе таълиф намудааст, ки то имруз бокист.

Абубакри Рози дар мухимтарин асари фалсафии худ «Ал-илму-л-илохи» доир ба кудамои хамса, яъне рочеъ ба Бори Таъоло, хаюло, Нафс, Макон ва Замон фикр ронда, изхор менамояд, ки хамаи ин панч хасти кадими буда, хаюло низ мисли Бори Таъоло азали мебошад. У муътакид аст, ки маънии хар чисме бар чавхари фард вобаста аст. Акидаи кудамои хамса аз таълимоти кадими мардумони эрони сарчашма гирифта, Абубакри Рози хам дар ин хусус шояд «тахти таъсири эрониёни кадим вокеъ шуда бошад».36

Вай дар китобхои худ «Ас-сиррат-ул-фалсафия» ва «Ат-тиббу-р-рухони» дар масъалаи созиш додани дину фалсафа, ки пайравони таълимоти Арасту дар ислом ва мутакаллимин барои он кушиш менамуданд, мукобил баромада, дину фалсафаро бо хам оштинопазир мешуморад. Дар зиндаги хадди эътидолро бехтарин шева медонад ва дар чамъ кардани мол харис набуданро таълим медихад.

Китоби дигари машхури Абубакри Рози рочеъ ба фалсафа «Ал-кавлу фи-з-замон ва-л-макон» ба хисоб меравад. Умуман, мероси илмии Абубакри Розиро аз 164 то 264 гуфтаанд37, ки чумла дар таърихи улуми исломи машхур будаанд. Бинобар хамин, Абубакри Рози на факат дар олами ислом, балки дар тамоми чахон аз бузургтарин доноёни олам ба шумор меравад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …