АБХАРВ, чашмаи минералии обаш сард дар нох. Ишкошим. Такр. 10 км дуртар аз маркази нохия дар баландии 2800 м аз с. б. вокеъ аст. Оби чашма аз се мавзеъ фаввора мезанад, ки харорат ва дебити онхо гуногун мебошад. Чашмаи якум такр. 1 км дуртар аз резишгохи сои Дараи Намак вокеъ гашта, харор. обаш + 13,2 – +140С, дебиташ 2,4 л/сон. аст. Ду чашмаи дигар дар масофаи 150 – 300 м аз резишгохи сой карор гирифтаанд; харор. оби онхо +70С, дебиташ 0,3 л/сон. мебо- шад. Таркиби оби чашма аз катионхои калсий (433 мг/л), натрий (222 мг/л), маг- ний (121 мг/л), анионхои гидрокарбонатхо (1244 мг/л), сулфатхо (667 мг/л), хлоридхо (248 мг/л), хамчунин охан, никел, рух, мар- гимуш, радон (4,6 нКи/л) ва бром иборат аст. Барои муоличаи беморихои узвхои хозима ва ихтилоли мубодилаи моддахо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химияви ба обхои минералии курортхои Хмелнитский ва Балатонфюред (Венгрия) ва нарзани Кисловодск наздик аст.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …