Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ рафт ва ҳиммат хост, ки рўзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон.
Зуннун бигрист ва гуфт:
– Агар ман худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме.
Гар на умеду биму роҳату ранҷ,
Пои дарвеш бар фалак будӣ.
В-ар вазир аз худо битарсидӣ,
Ҳамчунон к-аз малик, малак будӣ.