Главная / Илм / ЗУЛУК (ШУЛУК) дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗУЛУК (ШУЛУК) дар Канзи Шифо (Китоб)

shuluk-660x330Зулукро  дар баъзе маҳалҳои тоҷикон шуллук ҳам меноманд. Ин ҷонвар дар чашмаҳои гуногун ва баъзан дар кӯлҳо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он чӣ дар обҳои чашма зиндагӣ ба сар барад, сиёҳи камранг ва дар калониву хурдӣ миёна мебошад, сараш сиёҳи кулӯла ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб аст. Инчунин гуфтаанд, ки он чӣ зери шикамаш сурхранг ва бар пушти он ду хати сабз ва бо суратҳои номбурда бошад, некӯст. Вале он чӣ бисёр сиёҳ, ало ва калон бошад, бад аст — ин дар тиб истеъмол намегардад, инчунин майдааш ҳам заиф аст.

Мизоҷаш сард ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахпш он: зулукро хушк намуда, кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, варам ва дарди гулӯро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.

Кӯфтаи зулукро бо сабир (алоэ) сиришта гузошта банданд, донаи бавосирро хушк мекунад. Агар онро бимоланд, доғҳои пӯстро пок месозад. Зулукро дар равғани зайтун пухта, ба закар бимоланд, бағоят онро калон мегардонад ва қавӣ месозад. Инчунин зулукро дар равғани зайтун сӯхта, батакрор ба закар гузошта банданд, онро калон ва қавӣ мегардонад.

Зулукҳои майдаро сӯхта бо сирко ё оби банг (кирмрезонак) сиришта, мижаи зоид ва чаппа рӯидаро канда, ба он ҷо гузошта банданд, дигар намерӯяд. Сӯхтаи зулукҳои майдаро бо равғани бунафша даромехта, дар сӯрохи закар ё дар фарҷ чаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва захми хичакро (пешобдонро) шифо мебахшад.

Чун понздаҳ адад зулуки калони зиндаро ба 90 грамм кирми лойхӯраки шустагӣ, хушк карда, дар 420 грамм равғани кунҷиди тоза хуб ҷӯшонида, баъд соф карда, дар шиша нигоҳ доранд. Дар вақти ҳоҷат ин равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, онро қавӣ ва серҳаракат мегардонад. Чунин равғанро ба хояе, ки дар он об фуромада, сахт ва кӯҳнашуда бошад, чанд рӯз паиҳам гарм карда бимоланд, он обро дур мекунад — шифо мебахшад.

Зулуки навъи аъло, яъне тиббиро ба мавзеъе, ки хуни мурдор, яъне хуни ҳаром дошта бошад, монанди: ширинча, решҳои раддии бадфиъол, шукуфаи пӯст, доначаҳои раддӣ, ба ҷоҳои нозук ва заиф монанди пилкҳои чашм, гӯшаҳои чашм, рухсораҳо, ба тифлон ё занони заифбунёд (нимҷон), ки хун гирондан нахоҳанд, бичаспонанд, хуни ҳаромро бе азият мекашад, лекин шарташ ҳамин, ки бадан аз ахлоти мурдор пур набуда, балки аз онҳо пок бошад. Баъд аз зулук мондан аз нӯшидани оби хунук, баромадан ба ҳавои сард ва аз ошомидани чизҳои турш парҳез намоянд. Агар рӯзи дигар ба узве, ки зулук часпонида бошанд, боз бичаспонанд, бақияи хуни ҳаромеро, ки дар он узв мондааст, мекашад — ин бад нест, вале адади зулукҳои часпонидашаванда аз пешина камтар бояд бошад, масалан, рӯзи якум даҳ адад зулук часпонида бошанд, рӯзи дувум панҷ ё се адад бимонанд.

Шартҳои зулукмонӣ чунин аст, ки бояд ба як дафъа хуни бисёр нагиранд, ки сустӣ меоварад; инчунин ба рӯйи раг ҳам начаспонанд. Беҳтар он аст, ки зулуки хуб ва сараро пеш аз ба бадан часпонидан муддате нигоҳ доранд, то ки хӯрдаи худро қай карда партояд, пок гардад. Узви шахси беморро чандон бимоланд, ки сурх гардад ва агар мумкии бошад, баъд зулук бичаспонанд. Баъд аз пур шудани он аз хун зулукро маҷбуран аз бадан чудо накунанд, балки бигузоранд, то аз хун пур шуда ва сер худ ба худ чудо гардад. Андак хокистар ё намак бар даҳани он бипошанд, ки ба ин тадбир худ ба худ ҷудо мегардад. Баъд ҷойи даҳонаш газидаи онро дам ба дам бо порчаи карбоси кӯҳна мулоим пок намоянд, то хунаш аз рафтан бимонад. Агар хун бисёр ояд, бо ин тадбир банд намегардад. Дар ин маврид бо қадре хокистар ва ғайра, ки манъкунандаи хун бошад, банд намоянд. Агар он мавзеъ ба сабаби расидани об ё ҳаво дард ва варам кунад ва бисёр ба хориш ояд, он ҷойро бо зардчӯбаи кӯфтагӣ ва бехтагӣ, ки дар латта баста бошанд, гармбандӣ намоянд ё зардчӯбаро бо об хамир карда, батакрор гузошта банданду аз об ва ҳавои хунук эҳтиёт намоянд. Чун баъд аз ҷудо шудани зулук қадаре намак бар даҳани он бипошанд, ҳамаи хунҳои хӯрдаашро қай мекунад ва мемирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …