Главная / Илм / ЗООНОЗҲО

ЗООНОЗҲО

zoonozhoЗООНОЗҲО, бемориҳои шадиди сироятии одаму ҳайвонот. Ангезандаашон бактерияҳо (мас., ангезандаи брутселлёз, сӯхтанӣ) ва вирусҳо (мас., ангезандаи оқсил) буда, муддати мадид (ҳафтаву моҳҳо ва ангезандаи сӯхтанӣ чанд сол) дар муҳит зинда мемонанд. Ба З. гов, буз, гӯсфанд, хук ва баъзе ҷонварони дигар гирифтор мешаванд.
Ангезандаи бемориҳо аз ҳайвони касал бо шир, оби даҳон, пешоб, ахлот ва ғ. ихроҷ мегарданд. Ҳайвонот ҳангоми хӯрдани хӯрокиҳои сироятнок (алаф ё хоки олудаи барангезандаи бемориҳо) сироят меёбад. Брутселлёз дар ҳайвонот асосан боиси исқоти бармаҳал мешавад; сӯхтанӣ ба табларзаву ахлоти хунин, оқсил бо бисёр рафтани оби даҳон ва дар луобпардаи даҳон ба вуҷуд омадани обилачаҳои хурд рух менамояд.
Одамон ба З. ҳангоми истеъмоли шир ва маҳсулоти ширии хом, нигоҳубини чорвои бемор, куштани чорво ва қима кардани гӯшти хом, пӯсту мӯи ҳайвонот ва ғ. сироят меёбанд; ба сӯхтанӣ дар натиҷаи газидани ҳашароти хунмак (мас., кӯрпашша) гирифтор шудан мумкин аст.
Дар муборизаи зидди З. тадбирҳои санитарию ветеринарӣ аҳамияти калон доранд: сари вақт ошкор кардани беморон ё шахсоне, ки гирифтори бемории ҳайвонот буданашон шубҳа шудааст; аз дигарон ҷудо нигоҳ доштан ва муоинаи тиббии онҳо, манъ кардани фурӯши шири ҳайвоноти касал ва бе иҷозати назоратчиёни ветеринарӣ роҳ надодан ба куштани онҳо. Хусусан гузарондани дезинфексия ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ (мас., истифодаи либоси махсус), моягузаронии пешгирикунандаи коргарони хоҷагиҳо, комбинатҳои гӯшт, заводҳои чарм ва ғ. аҳамияти калон доранд.
Ниг. низ Антропозоонозҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …