Главная / Гуногун / ЗИНДОНИ ҚАЛБ

ЗИНДОНИ ҚАЛБ

Баногоҳ шамоли сахте ҳамёза кашида бедор шуд. Аз ҷониби қибла абрҳои ғафсу сиёҳро ба по хезонд, болои шаҳр паҳну парешон сохт. Рўзи равшан гўё ҷомаи тира пўшид. Ҳафтод сол пештар, хаёл намуд Баҳром-амак, овони бачагиям чунин манзара ба дилам ваҳм меандохт. Кош,то таъмири чархро ба субут расондан борон намезад…

Мўйсафед пас аз он, ки тири чархро равған молид, башаст тоб дод. Баъд нигоҳ дошт, як-як қуттиҳои тунукагинашро даст-даст карда дид. Ҳамин тобистон, фурсати мувофиқ ёфта чўбҳояшро бояд иваз кунам, аз дил гузаронд ў, ба пўсидан сар кардааст.

dil

Зиёда аз чил сол боз ин чархи оддӣ шабонарўз аз канал об кашида ба новадон мерезад, ташнагии киштзори мардумро мешиканад. Танҳо айёми зимистон ҳангоме, ки оби канал хушк мегардад ё ях мебандад, он ҳайрону бекор меистад.

Азбас чархро рў ба рўи ҳавлиаш шинонда буданд, мўйсафед худро соҳиби он мешуморид, ботинан аз хўҷаинии худ мефахрид. Дигар нишонаи назарраси маҳалла ин дар ҳудуди он ҷой гирифтани молбозор буд. Ва чандин харбузапас инҷониб Баҳром-амакро ҳамчун даллоли гузаро мешинохтанд. Ў аз ибтидо то интиҳои бозор, дар ин кор, ки устухонашро сафед кардааст, харидору фурўшанда хоҳанд-нахоҳанд миёнравӣ мекард, ба қавли худ дар арзонтар карда фурўхтани гов,  гўсфанду буз, каҳ, тану пояи ҷуворимаккаву ҷуварӣ саҳм мегузошт, албатта, тиҳидаст намемонд, бар ивази дилу ҷигар об карданаш аз ҳарду тараф ширинкома мерўёнд…

Оҳиста-оҳиста тахтаи новадонро иваз намуд, аз даруни қубури кўҳнаи миёнаи роҳ хобондаву гўронда хоку лои таҳшин шуда, баргҳои пўсидаро берун овард, ҳамаро ба канал ҳаво дод. Мобайни он, ки ҳанўз об надорад, аз шишаҳои холиву шикаста, сангу қуттӣ, симу оҳану хишт пур буд. Замоне одамон хеле боҳавсала буданд, аз дил гузаронд мўйсафед, аввали баҳор хурду калон ҷамъ омада, лабу дохили каналро ба тартиб меоварданд, аз лашу ғаш тоза мекарданд, ҳоло бошад, намефаҳмам, мо мардумро чӣ бало задааст, осмон ба замин фурў равад ҳам пинакамон вайрон намешавад-а…

Ин маҳал сар бардошта дид, ки калавида-калавида писари бузургаш меояд. «Худоё, ин хори ғелон аз куҷо пайдо шуда омад?..» Ҳар гаҳ, ки ўро маст медид, бар чеҳраву замираш ғам соя меафканд. Вале илоҷе намеёфт, зеро ба вай панду насиҳат таъсир намекард, аз гапу калочаи мардум бошад, шарм куҷо, парвое надошт. Занаш, бачаҳояш низ аз авбошиаш ба дод омадаанд…

Писар назди падар расид, мағрурона сўяш нигарист.

– Ҳайрон нашавед, ман ба дидорбинии шумо наомадам. Фақат хостам, хабар диҳам, ки келини ёфта додагиатон духтарчаи чорумашро зоид. Диданӣ раветон, мабодо аз гуруснагӣ намурад…

– Муборак шавад, шукр гўй…

– Ҷин занад ҳамаатонро! Ҳамин, ки ба хона омад, худаш пеш-пешу чор духтараш пушт-пушт аз дар ҳай карда мефиристам.

– Астағфуллоҳ гўй, ақлатро ба ҷояш мон, писарам.

– Ин дафъа хобатонро ба об гўед!

– Агар набераҳоямро сарсону саргардон кунӣ…

– Аз дастатон чӣ меояд? – писар гиребони падарро гирифт. – Маро барвақт ба хотири писари хурдӣ гуфта аз  дар рондетон, келини ёфтагиатон духтарзо баромад, мошини харидаатонро ҳам ба номи додарам нависондед…

Ба кўҳраги падар сабук зарба фаровард. Гўё болои ғазаб андак тела дод. Мўйсафед, зонуҳояш тоб наоварданду ақибнокӣ  ба канал фурў рафт. Даруни лойқа афтод.

– Афсўс, ки канал об надорад, вагарна якбора халос мешудам.

Мўйсафед пайкарааш саропо меларзид, аз алам месўхт. Пеши назараш оламро зулмот пахш намуд. Мағзи дилаш маҷрўҳ,, чашмонаш бенур, зору нотавон, ҳақир монд. Ҳунгос зад, гиряаш хунолуд буд.

Хост аз ҷо бархезад. Лағжид… Баногоҳ аз қаъри замин ё аз дили осмонҳо садои падараш омад: «Гуфта будам… бар сарам даст набардор… аз писарат мебинӣ…»

Раъд гулдуррос зад, барқ оташаке афканда дурахшид. Борон пуршиддат мерехт. Шамол чархи обкашро базўр оҳиста-оҳиста ба ҳаракат медаровард.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …