Главная / Илм / ЗИҚИ ДИЛ

ЗИҚИ ДИЛ

ziki-dilЗИҚИ ДИЛ (Asthma cardiale), хуруҷи нафастангӣ, ки бинобар дар рагҳои шуш бозмондани хун пайдо мешавад. Сабаби З. д. бемориҳои миокардит, сактаи шадиди миокард, кардиосклероз, аневризмаи меъдачаи чап, нуқси шоҳраги дил ва даричаи дутабақа, баланд шудани фишори шараён ва ғ. маҳсуб мешаванд. Ба пайдоиши З. д. афзудани ҳаҷми хунгардиш (мас., ҳангоми кори ҷисмонӣ, табларза), массаи хуни даврзананда (мас., ҳангоми ҳомилагӣ, баъди ба организм фиристодани моеъи бисёр ва ғ.), ҳамчунин дароз кашидани бемор мусоидат менамоянд; дар ин гуна мавридҳо хун ба шуш бисёр ҷорӣ мешавад. Дар натиҷаи бозмондани хун ва афзудани фишор дар мӯрагҳои шуш, варам пайдо шуда, ба мубодилаи газ дар алвеолаҳо ва қобилияти нуфузпазирии бронхиолаҳо халал ворид месозад, мариз дамкӯтаҳ мегардад; дар баъзе ҳолатҳо ихтилоли нафасро бронхоспазми рефлексӣ низ амиқтар месозад.
Сабаби рӯзона хуруҷ ёфтани З. д., одатан, ба фаъолияти ҷисмонӣ, асабоният, ғалаёни хун, стенокардия, истеъмоли ғизои бисёр ва ғ. вобастагӣ дорад. Қабл аз хуруҷи З. д. дар беморон бисёр вақт эҳсоси фишурда шудани қафаси сина ва дилзанӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми шабона хуруҷ ёфтани З. д. (бештар ба мушоҳида мерасад) бемор аз нафастангӣ, нарасидани ҳаво, фишори қафаси сина ва сурфаи хушк бедор мешавад; ӯ арақ карда, беқарор мегардад, ба ҳарос меафтад. Дар аснои хуруҷи беморӣ мариз бо даҳон нафас мегирад, аз ҷой мехезад ё сари бистар мешинад (дар ин ҳолат нафаскашӣ қадре осон аст).
Беморро дар ҷои мувофиқ шинондан лозим аст; тасмаи миёнро кушода ба вена 40 – 80 мг фуросемид (лазикс), 10 мг седуксен (диазепам) мефиристанд.
Тадбирҳои пешгирии З. д. мисли роҳҳои ҷилавгирии нуқси дил мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …