Главная / Илм / ЖУКОВ Артемий Петрович

ЖУКОВ Артемий Петрович

zhukovЖУКОВ Артемий Петрович, доктори илми тиб (1944), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1945). С. 1924 фак-ти тиббии Донишгоҳи Ростовро хатм кардааст. Ассистент ва мудири лабораторияи психофизиологии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи меҳнати Кавкази Шимолӣ (1924 – 32), ходими калони илмии Ин-ти фаъолияти олии асаб ва баъд Ин-ти тибби таҷрибавӣ (1932 – 40), мудири кафедраи физиологияи эътидолии Донишкадаи тиббии Сталинобод (1940 – 49). Аз с. 1949 мудири кафедраи физиологияи эътидолии Донишкадаи тиббии Воронеж. Ж. мутахассиси соҳаи физиологияи кӯҳӣ буд. Дар мавзӯи «Мақоми системаи асаб дар тағйирёбии қобилияти корӣ ва вокуниши организм дар кӯҳсор» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …