Главная / Илм / ЗАРПЕША

ЗАРПЕША

zarpeshaЗАРПЕША (Hypericum elongatum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 90 см қад мекашад. Пояаш бисёр, сабзи кабудтоб, бӯрранг. Баргаш дарозрӯя, нештаршакл, гулаш сафедтоб ё зарди тиллоранг, ғӯзааш байзашакл, дорчинӣ. Май – июл гулу мева мекунад.
З. дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, марғзор, нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ (дар баландии 1400 – 2700 м аз с.б.) месабзад.
З.-ро дар давраи гулшукуфт меғундоранд. Асосан шоху навдаҳои нафиси он (бештар баргу шохчаҳои нӯги растанӣ) ҷамъоварӣ мешавад. Растаниро дар ҳавои кушод ё зери шипангҳо мехушконанд. Гоҳо онро даста баста, дар симтор меовезанд. То 3 сол нигоҳ доштан мумкин аст.
Нақеъи З.-ро ҳангоми газак ва захми меъда, исҳол, дарунравӣ, касалиҳои ҷигар, гурда, масона, сили шуш, хуншории бачадон, камхунӣ, бавосир, тарбод менӯшанд. Чойи гули он барои рафъи зардпарвин ва ҷӯшоби баргу пояаш барои реши ҷигар муфид аст. Бо он дар мавриди хуншории вораҳо даҳонро обгардон мекунанд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …