Главная / Илм / ЗАРДПАРВИН

ЗАРДПАРВИН

zardparvinЗАРДПАРВИН (Icterus, morbus arcuatus), заъфарма, ярақон, зардча, зард шудани пӯст, сафедии чашм ва луобпардаҳо, ки сабабаш дар бофтаҳо ғун гардидани пигменти билирубин (дар ҷигар ҳосил мешавад) аст.
З.-ро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд: З.-и ҷигар (паренхимӣ), З.-и механикӣ ва З.-и гемолизӣ (хунобӣ). З.-и ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар (бинобар сироят ё заҳролудӣ) ба амал омада, раванди ҳосил шудан ва ба рӯда гузаштани билирубин халал меёбад; наҷосат сафедча, пешоб сиёҳтоб мегардад. З.-и ҷигар, одатан, ҳангоми бемории Боткин (ниг. Гепатити вирусӣ) мушоҳида мешавад; аз таъсири нӯшокиҳои спиртдор иллат ёфтани ҷигар ҳам боиси инкишофи ин навъи З. хоҳад шуд. З.-и механикӣ дар аснои баста шудани роҳи талха (мас., ҳангоми роҳи умумии талхаро бастани санг) ба вуҷуд меояд (ниг. Бемории санги талха). Дар натиҷа талха ба рӯда нарафта, найчаҳои талхагузарро мебандад, миқдори зиёди билирубин ба хун мегузарад. Ҳангоми З.-и механикӣ наҷосат беранг ва пешоб сиёҳтоб аст. З.-и гемолизӣ дар натиҷаи бошиддат таҷзия шудани эритроситҳои хун ва аз таркиби онҳо ҷудо гаштани билирубин (ҳангоми камхунии ирсӣ ё ғайриирсӣ) пайдо мешавад. Ҳангоми З.-и гемолизӣ наҷосат монанди пешоб сиёҳтоб мешавад ва бо ин аломат аз диг. тарзҳои З. фарқ мекунад.
Одатан, пеш аз ҳама сафедии чашм, баъд луобпардаҳои коми нарм, зери забон, минбаъд пӯст зард мешавад. Дараҷаи зардии пӯст ба миқдори билирубини хун вобаста аст. Яке аз нишонаҳои асосии З. хориши пӯст мебошад. Он дар натиҷаи нӯги торҳои асаби пӯстро ангезиш додани кислотаҳои талха ба амал меояд.
Баробари зоҳир шудани аломатҳои аввалини З. ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Шахси гирифтори З.-и ҷигар, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Ҳангоми З.-и механикӣ, одатан, ҷарроҳӣ мекунанд.
Бисёр вақт дар навзодон (дар 2 – 3-рӯзагӣ) бинобар номураттабии кори ҷигар З.-и «физиологӣ» пайдо мешавад. Он пас аз 1 – 2 ҳафта худ аз худ мегузарад. Дар аснои номувофиқатии хуни модару кӯдак навзод ҳамчунин ба бемории гемолизӣ гирифтор мешавад. З. баъзан дар давраи токсикози ҳомилагӣ дар занҳо низ ба мушоҳида мерасад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …