Главная / Илм / ЗАРДОБ

ЗАРДОБ

zardobЗАРДОБ (Serum), моддаҳоеро гӯянд, ки барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ё рафъи заҳролудӣ (аз заҳри микробҳо ё ҳайвонот) истифода мебаранд. Хосияти табобатӣ ва муҳофизатии З. ба таъсири пайвастҳои махсус – подтанҳо (ҷисмҳои зидд) вобаста аст; онҳо омилҳои бемориҳоро дарёфт намуда, безарар мегардонанд (ниг. Иммунитет). Подтанҳо дар натиҷаи ба организми одам ё ҳайвонот роҳ ёфтани сафедаҳои бегона, бактерияҳо ва ғ. пайдо шуда, муддати дароз ва баъзан тамоми умр дар зардоби хун боқӣ мемонанд. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки баъзе амрози сироятиро аз сар гузаронидаанд, такроран ба он гирифтор намешаванд, яъне муваққат ё абадӣ иммунитети устувор пайдо мекунанд. Подтанҳо таъсири хос доранд; онҳо метавонанд фақат ҳамон омилҳоеро безарар гардонанд, ки сабабгори пайдоишашон шудаанд. Подтанҳо баъди ба организми ҳайвонот ё одам гузаронидани ваксинаҳо (ангезандаҳои кушта ё заифкардаи бемориҳои гузаранда, ки барои муҳофизат аз беморӣ ва муолиҷа ба организм гузаронда мешаванд) низ ба вуҷуд меоянд. Барои ҳосил кардани миқдори зиёди З., одатан, ба ҳайвонот (харгӯш, каламуши обӣ, асп) каме ваксина гузаронида, сипас аз хуни онҳо З. тайёр мекунанд.
Бар хилофи иммунитети фаъоле, ки дар ҷараёни беморӣ ё дар натиҷаи гузарондани ваксина ба вуҷуд меояд, иммунитети аз З. ҳосилшуда нофаъол аст, чунки дар ин ҳолат организм подтанҳои тайёрро қабул карда, худ онҳоро таҳия намекунад. Барои инкишофи чунин иммунитет ҳамагӣ чанд соат вақт лозим аст, вале муқовамати он бисёр (аз 1 моҳ зиёд) давом намекунад. Бинобар ин, кӯшиш мекунанд, ки З.-ро ҳар чӣ зудтар – пеш аз сар шудани беморӣ (фавран баъди сироят ёфтан) ба организм гузаронанд (ин амалро чанд маротиба такрор бояд кард). Дар ин сурат беморӣ умуман инкишоф намеёбад ё пайдо шавад ҳам, сабук мегузарад. Агар омили бемориовар маҳсули заҳрдори микроорганизмҳо, яъне токсинҳо бошад (ҳангоми гулӯзиндонак, кузоз, ботулизм), он гоҳ З.-и зидди ин ё он беморӣ чун позаҳри махсус таъсир мерасонад. Дар ин сурат онҳоро зардобҳои позаҳрӣ меноманд.
Бар зидди заҳри кубро, афъӣ, гурза, ғунда, каждум ва диг. ҳайвоноти заҳрдор истифода бурдани З. аҳамияти калон дорад. З. ҳангоми газидани ҷонварони заҳрнок моддаи аз ҳама таъсирбахш ва баъзан воситаи ягонаи муҳофизат мебошад.
З.-ро барои ташхиси бемориҳои сироятии вирусӣ ва бактериявӣ низ ба кор мебаранд. Ташхис ба хосияти подтанҳои З., ки бо антигенҳои дахлдори микроорганизмҳо ба таври махсус пайваст мегарданд, асос ёфтааст. Маҷмуи антиген-подтани ҳосилшуда ба туфайли реаксияҳои гуногун ошкор карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …