Главная / Илм / ЗАНБӯРИ АСАЛ

ЗАНБӯРИ АСАЛ

zanburi-asalЗАНБӯРИ АСАЛ (Apis mellifera), ҳашаротест пардабол. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон маъмул аст. Оилаи З. а., одатан, аз модарзанбӯр (шоҳзанбӯр), даҳҳо ҳаз. занбӯрҳои корӣ ва чанд ҳаз. нарзанбӯрҳо иборат мебошад. Бадани З. а. аз сарсина ва шикам, ки байни ҳам мутаҳаррик пайваст шудаанд, таркиб ёфтааст. Дар ҳарду тарафи сар 2 чашми калони мураккаб ва дар фарқи сар 3 чашми соддаи хурд дорад. З. а. якбора тамоми тарафҳоро дида, рангҳои зард, кабуд, кабуду сабз, бунафш ва ултрабунафш (барои инсон ноаён), инчунин шакли чизҳо (хусусан гулҳо)-ро нағз фарқ мекунад. Дар қисми пеши сари З. а. як ҷуфт мӯйлабча (антенна) мавҷуд аст, ки дар он узвҳои шомма, ломиса ва сомеа ҷойгир шудаанд. Ҷоғ ва лаби поёни З. а. хартумчаро ташкил мекунанд, ки тавассути он занбӯр шаҳди гул ва аз сӯрохиҳои шон асал мегирад. Дар сар ва қисман сина ғадудҳои оби даҳон ва «ширбарор» ҷой гирифтаанд. Синаи занбӯр аз чор банди ба ҳам пайваст иборат аст. Дар бандҳои 2 ва 3-юм ду ҷуфт бол ва дар қисми поёни сина 3 ҷуфт пой мавҷуд аст (ҷуфти оқиби пойҳо барои овардани гарди гул «сабадча» дорад). Суръати парвози занбӯри бе бор – то 65 км/с (занбӯре, ки шаҳди гул дорад, дар як соат то 15 – 30 км парвоз мекунад). Парвози З. а. барои гирифтани шаҳд, одатан, 1 соат давом карда, дар «сабадча»-ҳояш 12 – 40 мг гарди гул меорад. Шиками модарзанбӯр ва занбӯри корӣ аз 6 ва нарзанбӯр аз 7 банд (ҳалқа) иборат аст. Дар ҳалқаҳои 3 – 6-и шиками занбӯри корӣ як ҷуфтӣ ғадуди мумбарор вуҷуд дорад. Дар ақиби бадани занбӯри корӣ ва модарзанбӯр узви муҳофиз – неш мавҷуд аст (нарзанбӯр неш надорад). Нӯги неш дандончаи каҷ дорад ва бинобар ин баъди одамро газидан, занбӯр нешашро гирифта наметавонад (дар аснои кӯшиши парвоз кардан неш якҷоя бо узвҳои дарунӣ канда шуда, занбӯр баъди 2 – 8 соат мемирад). Узви ҳозимаи З. а. аз даҳон, гулӯ, сурхрӯда, рӯдаи миёнаю оқиб ва ғадуди асал иборат аст. Ғадуди асал шакли халтачаро дошта, дар он шаҳд муваққатан нигоҳ дошта мешавад. Аввалин амали ба асал табдил ёфтани шаҳд, ки бо таъсири ферментҳои ғадуди оби даҳон ба вуҷуд меояд, дар ҳамин халтача мегузарад. Аз З. а. асал, муми асал, прополис, заҳри занбӯр (ниг. Заҳр) ва шири шоҳзанбӯр мегиранд. З. а. растаниҳоро гардолуд менамояд. Модарзанбӯр (дарозиаш то 25 мм) 2 – 3 сол муттасил тухм мегузорад; вай ғадуди мумбарор надорад ва гарди гул ҷамъ намекунад. Занбӯрҳои корӣ (дарозиашон то 15 мм) наслҳоро тарбия карда, шон месозанд, шаҳду гард ҷамъ менамоянд, шаҳдро ба асал, гардро ба перга (гарди гули растанӣ, ки занбӯр дар сӯрохиҳои шонҳо ҷой карда, болояшро бо асал пӯшондааст) табдил медиҳанд ва кандуро ҳимоя мекунанд. Онҳо тобистон 35 – 40 ва баҳору зимистон 6 – 8 моҳ умр мебинанд. Занбӯрҳои нар дар кандуҳо аввали тобистон пайдо шуда, баъди бордор шудани модарзанбӯр мемиранд. Занбӯрҳои нари боқимондаро занбӯрҳои корӣ охири тирамоҳ аз канду меронанд. Оилаи нави занбӯр бо роҳи афзоиш ба вуҷуд меояд. З. а. дар ҳаво ҷуфтӣ мешавад. Дар Тоҷикистон занбӯрпарварӣ аз занбӯрҳои ваҳшии кӯҳӣ (қаротоғӣ, варзобӣ, раштӣ ва ғ.) ибтидо гирифтааст.
З. а.-ро аз қадимулайём бо мақсади гирифтани асал, гарди гул, шири шоҳзанбӯр, прополис, мум, заҳри ору мепарваранд. Бештари ин моддаҳо (прополис, шири шоҳзанбӯр, асал ва заҳри ору) аз қадим ҳамчун дору маъмуланд. Мас., прополис таъсири зиддимикробӣ, шири шоҳзанбӯр хосияти муҳими ғизоӣ, заҳри ору таъсири зиддиилтиҳобӣ доранд. Аммо доруҳои аз прополис ва заҳри ору тайёршударо бе тавсияи духтур истифода бурдан ҷоиз нест, чунки онҳо ба авҷ гирифтани баъзе бемориҳо мусоидат мекунанд (мас., амрози ҷигар, гурда, ғадуди зери меъда). Ғайр аз ин заҳри ору аллергия ба вуҷуд меорад, ки барои ҳаёт хавфнок аст. Ниг. низ Ҳайвоноти заҳрдор.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …