Главная / Маданият ва санъат / Замони пулпарастӣ – Шеър

Замони пулпарастӣ – Шеър

Замоне шуд-замони пулпарастӣ,
Баландпарвозиҳо дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату мардум ҳама сер,
Вале идроки мо дар ҳоли пастӣ.

zamoni-pulКуҷо шуд эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хештан, ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре аз хоҳари худ,
Куҷо шуд нуқтаи нек аз назарҳо?

Аҷоиб як замон омад сари мо,
Ки рафт инсонгарӣ аз минбари мо.
Кунун шогирде мегӯяд ба устод,
Фаро аз минбару биншин бари мо.

Замоне буд.ки одоб нархи хуб дошт,
Арӯсе гирди ҳавли рӯфтурӯб дошт.
Писар то,ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона як-ду чуб дошт.

Падар акнун чунин савдо надорад.
Ба ҷуз пул ӯ дигар ғавғо надорад
Писар овораи бозии телфон,
Падар бошад ба ин парво надорад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …