Главная / Илм / ЗАКАРИЁИ РОЗӣ

ЗАКАРИЁИ РОЗӣ

z-roziЗАКАРИЁИ РОЗӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865, Рай – 925, ҳамон ҷо), олим ва табиби шаҳири аҳли сомонӣ. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш (забони илмии олами ислом дар он рӯз) ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки З. Р. гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми химия равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.
Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.
Ба иттифоқи тазкиранависон З. Р. таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. З. Р. барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786 – 809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти З. Р. гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки З. Р. бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард. Ба занни қавӣ, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892 – 902) дар а. 9 бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.
З. Р. пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ – Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба ӯҳда гирифт. ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки З. Р. ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхонӣ ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. ӯ дар ҷустуҷӯи роҳҳои муолиҷаи чашм маҷбур шуд, ки ба омӯзиши илми тиб пардозад.
Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод таҳти роҳбарии Табарӣ З. Р. ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд; ӯ дар Осиёи Марказию Хуросон, дар пойтахти давлати сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд; аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.
З. Р. баъди саёҳатҳои дуру дароз с. 905 ба зодгоҳаш шаҳри Рай баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ кард. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон ӯ дар охири умраш тамоман нобино шуд. Вақте ба вай тавсия карданд, ки чашмонашро ҷарроҳӣ намоянд, ӯ аз ин пешниҳод даст кашид.
З. Р илми тибро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро Ҷолинуси араб номидаанд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Бағдод таъин шудани З. Р. далели обрӯю эътибори баланд ва табиби ҳозиқ будани вай мебошад. З. Р. мероси илмии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Гундишопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.
Аз З. Р. китобҳову мақолаҳои бисёр ба ёдгор мондааст. З. Р. дар боби тиб зиёда аз 60 асар таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китобу-л-ҳовӣ» ва «Китобу-т-тибби-л-мансурӣ» (ё «Алқунону-л-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри З. Р.-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар а. 12 ба забони лотинӣ тарҷима шуда, дар арзи чандин аср барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. З. Р. дар асарҳояш «Аттиббу-л-мулукӣ» ва «Тиббу-л-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тиббу-л-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. ӯ дар «Китобу-л-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин китоб ба забонҳои лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.
З. Р. аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китобу-л-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. З. Р. дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. З. Р. бо вуҷуди дониши олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоҷ карда шаванд. ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст».
Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявии ҳамон замон нест, ки З. Р. ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. З. Р. аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонд.
Ад.: Об оспе и кори. Дар кит. О. В. Губерт, Оспа и оспапрививание, т. 1, СПБ, 1898; Книга тайны тайн, Ташкент, 1957; Донишномаи Сомониён, ҷ. 1, Хуҷанд, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …