Главная / Илм / ЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна

ЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна

zaytceva-valentinaЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна (8. 11. 1911, ш. Верхнеуралски вил. Челябинск – 24. 10. 1977, Душанбе), терапевт, доктори илми тиб (1965), проф. (1966). Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷ. (1952), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1961). Ин-ти тиббии Қазонро (1934) хатм намуда, барои кор ба Тоҷикистон омадааст. То с. 1942 дар табобатхонаҳои ҷумҳурӣ кор мекард. Аз с. 1942 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузашта дар вазифаҳои гуногун (аз с. 1949 то поёни умр мудири кафедраи таълими бемориҳои дарун) фаъолият дошт. Доир ба омӯзиши пайдоиш, мудовимат ва муолиҷаи буғумдард (ниқрис, артроз, брутселлёз, артрити тарбодӣ ва ғ.) ва тадқиқи осоишгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз 120 таълифот дорад. Доир ба мавзӯи «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва аҳамияти табобатии он» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Зери роҳбарии З. ду наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. З. дар тарбия ва ба воя расондани кадрҳои тиббӣ саҳми босазо дорад. Депутати Шӯрои ноҳ. Октябри ш. Душанбе (ҳоло Исмоили Сомонӣ; 1945 – 60) ва Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 6 ва 7) буд. Бо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …