Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ОКСИДИ КАРБОН

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ОКСИДИ КАРБОН

zahroludi-az-oksidi-karbonЗАҲРОЛУДӣ АЗ ОКСИДИ КАРБОН. Заҳролудии шадид аз оксиди карбон дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи бухорӣ (бармаҳал пӯшонидани дудкаш, дар мавриди вайрон будани он, сӯхтор, ихроҷи газ ва ғ.) ба амал меояд. Гарчанд З. кам дучор ояд ҳам, ҳоло дар деҳот ҷой дорад. Заҳролудии шадиде, ки ҳангоми сӯхтор аз оксиди карбон ба амал омадааст, хеле вазнин мегузарад. Ҳодисаҳои заҳролудӣ аз газҳои мошин (онҳо то 10 фоиз гази карбон доранд) ҳангоми кори муҳаррики автомобил дар гараж, инчунин мавриди дуру дароз нишастан дар кабинаи автомобил ё даруни автобусе, ки дарҳояш пӯшидаанд, рӯй медиҳад.
Оксиди карбон (СО) гази беранг буда, дар шакли холис бӯйи сусти сирпиёзро дорад. Одам онро ҳангоми нафас гирифтан ҳис намекунад, аз ин рӯ заҳролудӣ ноаён фаро мерасад. Оксиди карбон заҳри қотил буда, аввало ба хун, сипас ба системаи асаб, бофтаи мушакҳо, дил зарар мерасонад. Оксиди карбоне, ки аз шуш ба хун гузаштааст, ба гемоглобин нисбати оксиген 200 – 300 маротиба тезтар таъсир расонда, пайвасти устувори карбоксигемоглобин ҳосил мекунад. Гемоглобин бо оксиди карбон пайваст мешавад ва қобилияти аз шуш ба бофтаҳо бурдани оксигенро аз даст медиҳад. Ихтилоли фаъолияти хун боиси норасоии оксиген дар бофтаҳо, пеш аз ҳама дар мағзи сар, мегардад. Аз сабаби кам шудани миқдори оксигени хун нафастангӣ оғоз меёбад.
З.-ро атфол, занони ҳомила, ашхоси гирифтори бемориҳои шушу дил хеле вазнин аз сар мегузаронанд. Агар миқдори оксиди карбон дар таркиби ҳаво зиёд бошад (бештар аз 10 мг/л), дар он сурат одам якбора беҳуш гашта, марг фаро мерасад. Бисёр вақт нишонаҳои З. тадриҷан инкишоф меёбанд. Аввалин нишонаҳои он дарди сар (баъзан дарди хеле сахт), сарчархзанӣ, ғуввоси гӯш ва сиёҳӣ задани чашм аст. Агар таъсири оксиди карбон қатъ нагардад, зафъи умумӣ, сулфаи хушк ва қай падид меояд, вале одам аз ҳуш намеравад. Мумкин аст таҳайюҷ пайваста бо фиреби босира ва сомеа пайдо шавад; беҳолӣ, рӯҳафтодагӣ, хоболудӣ авҷ мегирад. Дертар одам беҳуш гашта, пӯст сурх, мардумаки чашм васеъ мешавад; нафас аввал хирросӣ ва тез, сипас рӯякӣ ва ноаён аст.
Дар мавриди З. осебдидаро фавран ба ҳавои тоза бароварда, ба тахтапушт мехобонанд, гиребон ва камарбандашро мекушоянд. Дуру дароз нафас кашидани оксиген беҳтарин воситаи табобат аст. Агар имкон бошад аз дорухона болишти оксигендор овардан лозим. Ба пешонӣ ва қафаси сина ях мемонанд. Агар зарардида аз ҳуш нарафта бошад, пас ба ӯ чои гарм ва қаҳва медиҳанд. Ба шахси беҳуш пахтаи бо спирти навшодир таркардаро эҳтиёткорона бӯй мекунонанд. Дар ҳолати набудани нафас ё якбора қатъ шудани он фавран ба нафасдиҳии сунъӣ (бо усули даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ) шурӯъ менамоянд. Баъди ин ҳама осебдидаро зуд ба муассисаи табобатӣ мебаранд.
Тадбирҳои пешгирии З.: зич пӯшонидани даричаи бухорӣ; ба кор надаровардани мотори автомобил дар мавриди пӯшида будани дари гараж; бисёр нанишастан ва хоб нарафтан дар мошине, ки дарҳояш баста ва мотораш кор карда истодааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …