ЗАҲРИ МОР дар тиб, як навъ дору; бо мақсади рафъи дард ва илтиҳоб ҳангоми невралгия, артралгия, миалгия, радикулит, артрит, миозит ва периартрит кор мефармоянд. Доруҳои З. м. барои истифодаи парентералӣ (ғайри роҳи ҳозима; випералгин, випраксин, наяксин) ва ба пӯст молидан (випратокс, марҳамҳои «Випросел», «Випросал В») пешбинӣ шудаанд. Барои таҳияи ин доруҳо заҳри морҳои гуногун истифода мегарданд. Мас., таркиби випроксин ва марҳами «Випросал В» аз заҳри мори шибо (гадюка), наяксин аз заҳри кубро, «Випросал» аз заҳри гурза иборат аст. Випратокс аз омехтаи заҳри морҳои гуногун таркиб ёфтааст.
Доруҳои истифодаашон парентералиро ба дохил ва зери пӯст, баъзан ба мушак мефиристанд. Дар ин маврид ҷои доруфиристода сӯзиш ва варам мекунад (чанд сония).
Тарзи таъсири доруҳои З. м. маълум нест. Доруҳои З. м., одатан, барои организм хушпазир мебошанд. Вале ҳангоми баланд будани ҳассосияти фардӣ онҳо метавонанд боиси пайдоиши хориш, саглес, зуком ва ғ. шаванд. Дар чунин маврид вояи доруҳоро кам ё истифодаи онҳоро умуман қатъ мекунанд. Барои бартараф сохтани таъсири номатлуби З. м. доруҳои зиддиаллергиро кор мефармоянд.
Тазриқи (инъексия) доруҳои З. м. ҳангоми бемории сили шуш, табларза, нуқси дил, иллати хунгардиши мағзи сар, осеби узвии гурдаҳо ва ҷигар ҷоиз нест. Онҳоро ба занҳои ҳомила ва ширхорадор, ҳамчунин ба одамони ҳассосияташон баланд таъин намекунанд. Ба доруҳои асосии З. м. мансубанд:
Випералгин (Viperalgin) ба дохил ва зери пӯст, ҳамчунин ба мушак фиристода мешавад. Онро аз 0,1 мл сар карда, тадриҷан то ошкор шудани аксуламали ҷузъии пӯст 0,1 мл-ӣ зиёд менамоянд. Бевосита пеш аз истифода мӯҳтавои ампула (0,0001 г)-ро дар 1 мл маҳлули хлориди натрий (ҳамроҳи дору медиҳанд) ҳал кардан лозим аст. Дору бо фосилаи на камтар аз 24 соат фиристода мешавад. Дар охири давраи муолиҷа вояи доруро тадриҷан кам мекунанд. Випералгин дар шакли ампула (0,0001 г хока) истеҳсол карда мешавад. Ба рӯйхати доруҳои гурӯҳи А мансуб аст.
Випраксин барои тазриқ (Vipraxinum pro injectionibus)-ро ба дохил ва зери пӯст, ҳамчунин ба мушак мефиристанд (аз 0,2 мл сар мекунанд). Тазриқи навбатиро на пештар аз 3 рӯз такрор карда, вояро 0,1 мл меафзоянд. Дар сурати рух намудани аксуламали ҷузъии возеҳ вояҳои минбаъдаро ҳамин тавр идома медиҳанд. Ҳангоми барои бемор хушпазир будани дору вояи онро метавон тадриҷан то 0,3 – 0,4 мл зиёд ва фосилаи байни доругузарониҳоро то 24 соат кам кард. Вояи бештарини якбора 1 мл буда, барои як даври муолиҷа, одатан, 10 ампула мефармоянд. Ба як ҷой на бештар аз 0,4 мл дору фиристодан лозим аст. Дар сурати зиёд будани воя, пас онро бояд ба 2 – 3 ҷой равона кард. Бо мақсади суст нагаштани фаъолияти дору онро дар шпритси хунуккарда мегиранд. Аз ин лиҳоз шпритсу сӯзандоруро бо спирт тоза кардан лозим нест. Дар шакли ампула (0,1 мл) истеҳсол мешавад. Ба рӯйхати доруҳои А мансуб аст. Дар ҷои салқин ва торик нигаҳдорӣ бояд кард.
Випратокс (Vipratox)-ро рӯзе 1 – 2 маротиба 3 – 6 г-ӣ ба пӯст мемоланд. Дар саночак (45 г) гирифта мешавад.
Марҳами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») рӯзе 1 – 2 маротиба 5 – 10 г-ӣ ба пӯст молида мешавад. Дар саночакҳо (20; 30; 40 ва 50 г) мегиранд.
Марҳами «Випросал В» (Unguentum «Viprosalum В»)-ро низ мисли марҳами «Випросал» кор мефармоянд. Дар саночакҳои 15; 25; 40 ва 50 г гирифта мешавад.
Наяксин (Najaxinum) рӯзе як маротиба ба зери пӯст ё мушак фиристода мешавад. Тазриқро аз 0,2 мл сар карда, тадриҷан 0,1 – 0,2 мл-ӣ зиёд менамоянд. Фосилаи доругузарониҳо 1 – 3 рӯз аст. Вояи бештарини якбора – 2 мл. Дар як даври муолиҷа аз 12 то 20 тазриқ (инъексия) таъин карда мешавад. Табобати такрорӣ баъди 4 ҳафта равост. Дар шакли ампула (1 мл) истеҳсол мешавад. Ба рӯйхати доруҳои гурӯҳи А мансуб аст. Дар ҷои салқин ва торик нигоҳ медоранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …