Главная / Илм / ЗАҲРҲОИ КИШОВАРЗӣ

ЗАҲРҲОИ КИШОВАРЗӣ

zahrhoi-kishovarziЗАҲРҲОИ КИШОВАРЗӣ, моддаҳои химиявие, ки барои нест кардани ҳашароти зараррасон, кана, хояндаҳо, кирм, нармбаданҳо ва тӯқумшуллукҳо, ҳамчунин дар мубориза бо касалиҳои занбӯруғии растанӣ, маҳви алафҳои бегона, резондани барги растаниҳо, гулу ғӯрраи зиёдатӣ, хушконидани растаниҳо истифода мешаванд. Аксарияти З. к. барои одамон ва ҳайвонот зарар дошта, вайрон кардани меъёру қоидаҳои истифодаи онҳо хавфнок аст.
З. к. ба организми одам метавонанд аз роҳҳои нафас, пӯст ва меъдаю рӯда дохил шаванд. Коргароне, ки дар сехи истеҳсоли З. к. кор мекунанд, инчунин ашхосе, ки бевосита бо кашондан, нигоҳ доштан, фурӯш ва истифодаи онҳо машғуланд, инчунин пахтакорон ва боғдорон ба таъсири З. к. дучор мешаванд. Наврасони то 18-сола, занони ҳомила ва синамакон ба корҳои марбут ба З. к. роҳ дода намешаванд. Ҳангоми кор бо З. к. муддати рӯзи корӣ вобаста ба дараҷаи заҳролудии онҳо 4 – 6 соатро ташкил медиҳад.
Дар ҷои кор бо З. к. нигоҳ доштани хӯрокворӣ, об, хошок, ашёи рӯзгор манъ аст. З. к. – ро дар саҳро бе посбон гузоштан мумкин нест. Барои муваққатӣ нигоҳ доштани онҳо (дар вақти кор) дар масофаи на камтар аз 200 м аз ҳавзаҳои об ва чарогоҳ қитъаҳои махсус ҷудо мекунанд. Дар боғу ҷангалзор пестисидҳоро дар он сурат истифода мебаранд, ки агар байни онҳо ва манбаъҳои об на камтар аз 300 м масофа бошад.
Дар рӯзҳои гарм корро бо З. к. пагоҳирӯзӣ, вақте ки ҳарорати ҳаво паст ва замин ҳанӯз гарм нашудааст, анҷом медиҳанд. Агар суръати шамол дар як сония беш аз 4 м бошад, ба растаниҳо пошидани дору, ба хок андохтани доруҳои ғурӯша, дар ҳавои кушод дору задан ба тухмӣ мумкин нест.
Дар аснои кор диққат бояд дод, ки доруро ҷараёни ҳаво ба тарафи коргарон набарад. Агар коргарон аз дорупошаки дастӣ истифода баранд, онҳо бояд аз ҳамдигар дар масофаи на камтар аз 5 – 6 м ҷойгир шаванд, ба самти шамол аз ҷойҳои дору напошида ҳаракат кунанд.
Дар қитъаҳое, ки З. к. – ро истифода бурдаанд, танҳо баъди гузаштани мӯҳлати барои ҳар як заҳр муқарраршуда кор кардан мумкин аст.
Табхир (дуддиҳӣ)-и биноро барои нест кардани ҳашарот, кана ва ғ. танҳо бо иҷозати ташкилотҳои назорати санитарӣ мегузаронанд. Аҳолии ба чунин биноҳо наздикро аз мӯҳлат ва ҷои табхир огоҳ мекунанд. Табхири биноҳое, ки аз хонаҳо дар масофаи на камтар аз 200 м ва аз корхонаҳо, роҳи оҳан, роҳи автомобил на камтар аз 100 м воқеъ бошанд, манъ аст. Онро бригадаҳои махсус, ки камаш 3 наф. аъзо доранд, мегузаронанд. Иҷрои ин кор аз тарафи як нафар, инчунин дар бино нигоҳ доштани хӯрок, об, тамоку ва ғ. қатъиян манъ аст. Биноро пас аз табхир фақат бо иҷозати хаттии роҳбари ҳамон корҳо истифода бурдан мумкин аст.
Ба нигоҳ доштани З. к. дар анбори хоҷагиҳо фақат баъди биноро тафтиш кардани намояндаи ташкилотҳои назорати санитарии давлатӣ ва тартиб додани паспорти анбор иҷозат дода мешавад. З. к. – ро бевосита ба рӯи фарш мондан ё зарфи онро барои нигоҳ доштани хӯрокворӣ истифода бурдан қатъиян мумкин нест. Анборҳоро дар 2 ҳафта як маротиба рӯбучин бояд кард. Бо ин мақсад анборҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин менамоянд. Аввал тавассути чангкашак аз девор, фарш ва рафҳо чангро тоза карда, сипас онро мешӯянд.
Истифодаи фаровони З. к. маводи ғизоиро олуда мекунад. Дар ин ҳол онҳо бевосита бо ғизо ба организми одам ворид мешаванд. Ҳодисаҳои заҳролудии шадид аз З. к. дар ҷараёни истеҳсолот, инчунин ҳангоми кор ба онҳо дар саҳро борҳо рӯй додаанд. Агар тухми заҳролуд тасодуфан ба ҷои ғаллаи муқаррарӣ орд карда шавад, нони он заҳролуд аст. Беморӣ ва заҳролудии музминеро, ки дар натиҷаи бо боқимондаи З. к. олуда шудани хӯрокворӣ рӯй медиҳанд, аниқ муайян накардаанд.
З. к. дар қисмҳои ғизобоби наботот ғун мешаванд. Ҳангоми ба пӯсти чорво бо мақсади мубориза бо паразитҳо пошидани доруҳои заҳрдор ё пас аз истеъмоли ему хошоке, ки бо заҳрҳо олуда шудаанд, онҳо дар шир, гӯшт ва равғани ҳайвонот, гӯшту тухми парранда боқӣ мемонанд. Бинобар ин ҳангоми истифодаи З. к. дар чорводорӣ, кишти зироат ва ему хошок бояд мӯҳлати муқарраршуда ва меъёри сарфи онҳо қатъӣ риоя карда шавад.
Тамоми одамон, ки ба З. к. сарукор доранд, бо воситаҳои муҳофизати шахсӣ таъмин карда мешаванд. Воситаҳои муҳофизати шахсиро дар ҷевончаҳои алоҳида дар либосхонаи идора ё бинои махсуси хушку тоза нигоҳ медоранд. Дар биное, ки З. к. нигоҳ дошта мешаванд, гузоштани онҳо манъ аст; ба хона бурдан ва баъди кор пӯшидани онҳо низ ҷоиз нест.
Дар аснои баркашидан, пур кардани дорупошакҳо ва пошидани дору аз респираторҳо истифода мекунанд. Ҳар рӯз баъди кор қисми резинии респиратор ва противогазҳоро, ки ба рӯи одам мерасад, бо оби гарму собун шуста, бо спирт ё маҳлули 0,5%-и перманганати калий безарар мегардонанд, сипас аз нав бо оби тоза шуста, дар 30 – 350 мехушконанд.
Барои муҳофизати даст аз консентратҳо, эмулсияҳо ва хамираю маҳлулҳо аз дастпӯшакҳои махсус истифода мебаранд. Дар аснои кор бо доруҳои хока пойафзори брезентӣ, ҳангоми кор бо доруҳои моеъ мӯзаи резинӣ ва дар анбори доруҳои заҳрнок пойфзори махсус мепӯшанд. Ба чашм айнаки муҳофиз мемонанд. Баъди анҷоми кор дастпӯшаки резиниро аз даст накашида, аввал бо маҳлули безараргардон (маҳлули 3 – 5 фоизаи содаи партшуда, маҳлули оҳак), сипас бо об мешӯянд, баъд айнак, респиратор, мӯза ва корҷомаро кашида, дастпӯшакро дигарбора дар маҳлули безараргардон ва об мешӯянд ва сонӣ мебароранд.
З. к. – ро бо нақлиёти махсус мекашонанд. Хӯрокворӣ ва молҳои дигарро якҷоя бо онҳо кашондан қатъиян манъ аст.
Нақлиёт, инчунин асбобҳои барои истифодаи З. к. таъиншударо ҳар моҳ камаш 2 маротиба бо маҳлули оҳаки хлордор (ба 4 л об 1 кг оҳаки хлордор) дар ҷойҳои махсус ҷудокарда безарар мегардонанд. Обҳои бо заҳр олуда ва боқимондаи доруҳоро ба ҳавзҳое, ки аз он чорво об менӯшад ва мурғҳои обию моҳӣ парвариш меёбанд, партофтан манъ аст.
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудӣ. Дар ҷое, ки одамон бо З. к. кор мекунанд, бояд доруқуттӣ мавҷуд бошад. Тадбирҳои умумии ёрии аввалин, новобаста ба хусусияти моддае, ки боиси заҳролудӣ гаштааст, ба қатъи тамоси организм бо заҳрҳо равона шудаанд. Агар заҳр аз роҳи нафас ворид шуда бошад, осебдидаро ба ҳавои тоза мебароранд; агар аз пӯст роҳ ёфта бошад, доруро бо об ва собун мешӯянд ё бо порчаи матоъ тоза карда, сипас бо оби хунук ё маҳлули ишқори суст мешӯянд. Агар заҳр ба чашм расад, онро бо маҳлули 2 – фоизаи гидрокарбонати натрий ё кислотаи борат шустан лозим аст. Агар заҳр ба меъдаю рӯда ворид шуда бошад, ба осебдида чанд истакон об ё маҳлули сусти перманганати калий (рангаш гулобӣ) менӯшонанд, девораи ақиби ҳалқро ба ангезиш оварда, қай мекунонанд (ин тадбирро 2 – 3 маротиба такрор бояд кард). Ҳангоми беҳуш будани бемор қай кунондан ҷоиз нест. Баъди қай 2 – 3 қошуқ (20 – 25 г) ангишти фаъол бо ним истакон об, сипас намаки исҳоловар (ба ним истакон об 20 г сулфати магний ё сулфати натрий) менӯшонанд. Равғани канадонаро чун воситаи исҳоловар истифода бурдан манъ аст.
Дар аснои заъфи нафас ба бинии осебдида бо эҳтиёт пахтаи ба маҳлули аммиак (спирти навшодир) таркардаро наздик мебаранд; дар сурати қатъ гардидани нафас фавран нафаси сунъӣ медиҳанд. Пеш аз ин осебдидаро ба ҳавои тоза бароварда, тугмаҳои либосро мекушоянд, ҷавфи даҳонро аз луоб тоза мекунанд. Дар сурати фурӯ бардани моддаҳои ангезишовар, мас., формалин, таоми часпак (луоби оҳар ё кисел) мехӯронанд; дар ин маврид истеъмоли шир, равған, машруботи спиртӣ манъ аст.
Агар одам аз пайвастҳои органикии фосфор заҳролуд шуда бошад (рафтани оби даҳон, танг шудани гавҳараки чашм, рехтани ашк, душвории нафаскашӣ, паридани мушакҳо), ба ӯ то омадани духтур 3 – 4 қурси бесалол медиҳанд. Дар ҳама ҳолатҳои заҳролудӣ ҳар чӣ зудтар корманди тибро даъват кардан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …