Главная / Илм / «ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОҲӣ»

«ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОҲӣ»

kitobi-tibbi«ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОҲӣ», шоҳасари тиббӣ, ки с-ҳои 1113 – 15 Исмоили Ҷурҷонӣ барои Қутбуддин Абулфатҳи Арслон Тагини Муҳаммади Хоразмшоҳ таълиф намудааст. Дар бобати офаридани асар муаллиф менависад: «Тақдир чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоби Исмоил ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ҳусайнии Ҷурҷонӣ андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат ва хушии ҳаво ва оби вилояти Хоразм бидид ва он ҷо мақом ихтиёр кард ва воҷиб донист самараи илме, ки муддати дароз аз умри хеш гузаронидааст, андар ин вилоят нашр кардан, бад-ин ният ин китоб ҷамъ кард…».
Аввалин нусхаи форсӣ-тоҷикии «З. Х.» аз 10 китоб иборат аст. Муаллиф асарро ба забони арабӣ низ муфид ва зарур дониста, онро ба тозӣ ҳам таълиф намуд ва «Адвияи муфрада» ном боби иловагӣ дохил кард. «З. Х.» аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат аст. Барои таълифи «З. Х.» муаллиф асарҳои ҳакимони пешина (Буқрот, Ҷолинус, Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва диг.)-ро ҳам истифода бурдааст. Мувофиқи нишондоди муаллифи асар он чунон пурра аст, ки «табибро андар ҳеҷ боб ба ҳеҷ китоби дигар ҳоҷат наяфтад ва ба сабаби бозгаштан ба китобҳо хотираш пароканда нашавад…».
«З. Х.» инкишофи илму маърифати халқҳои Осиёи Марказиро дар давраи сомониён ва хоразмшоҳон инъикос мекунад. «З. Х.» ба забони ибронӣ, туркӣ, урду ва ғ. ҳам тарҷума шудааст. Онро табибони машриқу мағриб ва форсу арабзабон дар тӯли чандин асрҳо чун асари илмӣ истифода бурдаанд. «З. Х.» ҳоло ҳам моҳияти таърихӣ, илмӣ, амалӣ, забонӣ, луғавӣ ва фалсафиашро гум накардааст. Дар «З. Х.» ба масъалаҳои тибби кишварӣ ва ҷуғрофӣ диққати махсус дода мешавад. Китоби якум дар бораи шинохтани ҳадди тиб ва манфиати он, шинохтани ҷисми инсон, мояҳо (асосҳо), мизоҷҳо, хилтҳо (хун, балғам, сафро, савдо), чигунагии аҳволи одатҳо, ташреҳи андомҳои муфрад ва мураккаб; китоби дуюм дар бораи шинохтани ҳолатҳои тани одам аз тандурустӣ ва беморӣ, анвоъ (хелҳо), асбоб (сабаб) ва аърози (намуди зоҳири)-и он, шинохтани набз, аҳволи мадфуоти (аз дафъ) бадан (чун арақ, бавл, ғоят – калӣ ва ғ.); китоби сеюм дар бораи нигоҳ доштани тандурустӣ, тадбири ҳаво ва маскан, шинохтани ҳолати обҳо, тадбирҳои таом ва шароб, хоб ва бедорӣ, ҳаракат ва сукунат, шинохтани ҳолати нӯшокиҳо, чизҳои муаттар, ба кор бурдани равғанҳо, тадбири қай кардан ва доруи мусҳил хӯрдан, тадбири фасд (рагзанӣ), ҳаҷомат (хунгирӣ), зуллук, ҳуқна (клизма) ва шиёф (свеча ё супозиторий), тадбири аърози нафсонӣ (чун шодӣ ва андӯҳ ва ғ.), тадбири нигоҳубини тифлон, тадбири пирон ва мусофирон; китоби чорум дар бораи шинохтани ҳар як беморӣ, авҷ, бӯҳрон ва пешомади он; китоби панҷум дар бораи ёд кардани анвои таб, сабаб, аломат ва илоҷ, тадбири ҳолатҳое, ки дар бадан рӯй медиҳанд ва нишонаи беморӣ; китоби шашум дар бораи муолиҷаи ҷамеи бемориҳое, ки аз сар то по падид меоянд; китоби ҳафтум дар бораи илоҷи омосҳо ва решҳо, тадбири шикофтан ва доғ кардан, илоҷи андоми табоҳёфта, тадбири шикастагӣ, озурдагӣ, варам ва монанди он; китоби ҳаштум дар бораи покизагӣ ва оростагии тан зоҳиран; китоби нӯҳум дар бораи ёд кардани заҳрҳо ва подзаҳрҳо; китоби даҳум дар бораи тартиб додани қарободин баҳс мекунад.
Муаллиф дар муқаддимаи асар навиштааст: «Аммо бояд донист, ки ҳавои ин вилоят (яъне Хоразм ва умуман Осиёи Марказӣ) шимолӣ аст ва чунин ҳаво хуштар ва софитар бошад… Ва ҳар наботе (растание), ки дар ин ҳаво рӯяд, хуштар ва гуворандатар бошад. Ва ҳар одаме, ки аз ин ҳаво нафас гирад, дил ва димоғи ӯ қавитар ва хоссаҳои ӯ дурусттар бошад… Ва оби ин вилоят Ҷайҳун (д. Ому) аз ҷумлаи обҳои ситуда (нағз) аст… Лекин бо ин ҳама некӯиҳо ҳодисаҳои номувофиқ низ дар ин вилоят бисёр аст… Ва ба сабаби саъби (сахтии) сармо зуком ва назла бисёр мебошад…»
Ад.: Расулов М.Я., Исмаил Джурджани, дар кит.: Итоги и перспективы научных исследований по истории медицины, Кишинев, 1973; Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов ва Раҳим Ҳошим), Д., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …