Главная / Илм / ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН

ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН

ambulatoriyaЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН, як навъи маъмули кӯмаки тиббӣ. Онро асосан дармонгоҳҳо, амбулаторияҳо, диспансерҳо, бунгоҳҳои фелдшерию акушерӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, стансияҳои ёрии тиббии таъҷилӣ ва ғ. мерасонанд. Муассисаҳои Ё. ҳангоми муроҷиат кардани беморон, инчунин ба шахсоне, ки дар хона, корхона, нақлиёт, ҷойҳои ҷамъиятӣ бемор шудаанд ва осеб дидаанд, ёрӣ хоҳанд расонд (ниг. Ёрии тиббии таъҷилӣ). Ғайр аз ин Ё. ба одамони солими таҳти назорати диспансерӣ қарордошта ва шахсоне, ки ба духтур – момодоя барои маслиҳату машварат муроҷиат мекунанд, расонда мешавад.
Муассисаҳои Ё. ғайр аз вазифаи асосӣ инчунин пешгирӣ ва кам кардани беморию садамот, муҳофизат ва таҳкими тандурустии мардумро бар ӯҳда доранд. Бо ин мақсад онҳо шароити меҳнат, зиндагонӣ, истироҳати аҳолиро меомӯзанд, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар амал татбиқ менамоянд. Сари вақт дар беморхона бистарӣ кардани беморон ва осебдидагон, инчунин гузарондани экспертизаи қобили меҳнат будани онҳо низ вазифаи муассисоти Ё. мебошад.
Ташкили дурусти кори муассисаҳои Ё. аз ҳамкории онҳо бо дигар муассисоти тиббӣ, муттасилӣ дар рафти муолиҷаи беморон, ягонагии амалиёти муолиҷавию профилактикӣ вобаста аст.
Аксари муассисаҳои Ё. ба аҳолӣ аз рӯи тақсимоти маҳал хизмат мерасонанд.
Ё. бо роҳи бунёд намудани поликлиникаҳои калони беморхонадор ва мустақил, аз ҷумла поликлиникаҳои бачагона (дар шаҳрҳо) ва амбулаторияҳои духтурӣ (дар деҳот) тараққӣ меёбад. Поликлиникаи беморхонаҳои маркази ноҳияҳо, ки аз рӯи 10 – 15 ихтисос беморонро қабул мекунанд, инчунин поликлиникаҳои вилоятӣ зинаи асосии расонидани ҳама намудҳои Ё. ба аҳли деҳот гардиданд. Барои дар деҳот вусъат додани шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, ки дар назди беморхонаҳои маркази ноҳия ташкил меёбанд, диққати калон дода мешавад. Минбаъд сохтмони поликлиника ва амбулаторияҳои нав (пеш аз ҳама дар қишлоқҷойҳо), таъмини онҳо бо лавозимот ва таҷҳизот, нақлиёти санитарӣ, вусъат додани умури тиббӣ (аз ҷумла умури пешгирии бемориҳо) дар назар аст. Дар базаҳои клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва институтҳои тадқиқоти илмӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб марказҳои маслиҳату ташхис таъсис ёфтаанд, ки ба туфайли ин аҳолӣ аз кӯмаки мутахассисон баҳравар мегардад. Дар муассисаҳои Ё. теъдоди шӯъба ва кабинетҳои махсус пай дар пай меафзояд. Дар поликлиникаҳои шаҳрие, ки дар назди беморхонаҳои калон воқеъ гаштаанд, марказҳои маслиҳату ташхиси дорои шӯъбаҳои эндоскопӣ, лабораторияҳо, кабинетҳои ташхиси радиоизотопӣ ва ғ. ташкил меёбанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …