Главная / Илм / ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАК ТО СИННИ ЯКУНИМСОЛАГӣ

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАК ТО СИННИ ЯКУНИМСОЛАГӣ

yordampuliЁРДАМПУЛӣ БАРОИ НИГОҲУБИНИ КӯДАК ТО СИННИ ЯКУНИМСОЛАГӣ ба коргарзанону хизматчиён, ба заноне, ки дар истеҳсолот кор накарда, дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, аспирантура, ординатураи клиникӣ, курсҳо ва мактабҳои такмили ихтисос, тағйири ихтисос ва кадртайёркунӣ мехонанд, дода мешавад.
Ба модароне, ки кор мекунанд агар стажи умумии меҳнатии на камтар аз яксола дошта бошанд, ҳамчунин ба заноне, ки таҳсил мекунанд, сарфи назар аз камӣ ё зиёдии собиқаи меҳнатиашон рухсатӣ ва ёрдампулӣ дода мешавад.
Собиқаи умумии меҳнатӣ дар бобати пайдо кардани ҳуқуқ ба чунин ёрдампулӣ (дар мавридҳои зарур будани собиқа) барои коргарзанон ва хизматчиён мувофиқи қоидаҳои таъин кардани нафақаи давлатӣ ҳисоб карда мешавад. Дар ин гуна мавридҳо мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва диг. муассисаҳои таълимӣ, аспирантура ё ординатураи клиникӣ, сарфи назар аз он ки вай пеш аз давраи таҳсил ба сифати коргар ва ё хизматчӣ кор мекард ё не, ба назар гирифта мешавад.
Рухсатӣ бо додани ёрдампулӣ мувофиқи аризаи зан пурра ё қисм-қисм дар давоми мӯҳлати муқарраршуда бо фармони маъмурият пешниҳод карда мешавад. Дар асоси чунин фармон комиссия оид ба таъминоти иҷтимоии комитети иттифоқи касабаи корхона, муассиса, ташкилот ба зан барои нигоҳубини кӯдак ёрдампулӣ таъин мекунад. Рӯзи якунимсола шудани кӯдак рӯзи анҷомёбии додани ёрдампулии давраи отпуск барои нигоҳубини кӯдак маҳсуб мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …