Главная / Илм / ПРОТСЕССОРИ МАТНИИ WORDPAD

ПРОТСЕССОРИ МАТНИИ WORDPAD

Барнома – Протсессорҳои матнӣ низ ба мисли таҳриргарони матнӣ барои сохтан, таҳрир намудан, аз назар гузаро нидан ва сабти ҳуҷҷатҳо дар диск хизмат мерасонанд. Аммо протсессорҳои матнӣ баъзе амалиётеро иҷро карда метавонанд, ки онҳо барои таҳриргарони матнӣ бегонаанд.

Масалан, яке аз чунин амалиёт – қолиббандӣ, яъне форматкунонии матни ҳуҷҷат ба ҳисоб меравад. Қолиббандии матн гуфта, мо бо ёрии ҳуруфҳои андоза ва намудҳои гуногундошта ороиш додани фрагментҳои матн, истифодабарии усулҳои гуногуни ҷойгиркунии матн дар саҳифаи чопӣ, истифодабарии рангҳои ҳархелаи символҳо, ба матн ҳамроҳ намудани объектҳои программаҳои дигар (расму графикҳо) ва ғайраро дар назар дорем.

wordpad

Яке аз чунин программаҳое, ки дар таркиби Windows ҳамчун замимаи стандартӣ вуҷуд дорад, протсессори матнии WordPad мебошад. Протсессори WordPad варианти соддатари протсессори пуриқтидортарини матнӣ Word ба шумор меравад. Ин программаро низ ба мисли дигар программаҳои стандартӣ ба кор медароранд: ПускПрограм-мыСтандартныеWordPad(ОғозПрограммаҳоСтандар-тӣWordPad). Равзанаи WordPad дар расми 46 оварда шудааст.

Аз расм дида мешавад, ки менюи WordPad аз менюи Блокнот дида миқдори зиёдтари бандҳоро соҳиб аст. Ба ғайр аз ин, дар равзанаи WordPad панелҳои асбобҳои Стандартӣ

ва Қолиббандӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо амалиёти зиёдеро иҷро намудан мумкин аст. Функсияҳои бандҳои меню ва тугмаҳои панелҳои асбобҳои WordPad ба мисли ҳамаи дигар равзанаҳои Windows аст, ки мо бо онҳо дар мавзўъҳои Расми 46. Равзанаи протсессори матнии WordPad пештара шинос шуда будем.

Бо ёрии WordPad ба таври автоматӣ абзатсҳои матни ҳуҷҷатро рақамгузорӣ ё нишонамонӣ (маркергузорӣ) кардан мумкин аст. Барои ин командаи менюи программа ФорматМаркер ё тугмаи Маркери панели Қолиббандӣ хизмат мерасонанд. Воситаҳои кофтуков ва ивазкунии калимаву фрагментҳои матн дар WordPad сохтан ва таҳрири ҳуҷҷатҳоро хеле осон ва корро бо онҳо қисман автоматӣ мегардонад. Барои амалӣ гаштани ин амалиёт командаҳои ПравкаНайти (ТаҳрирКофтан) ва ПравкаЗаменить (ТаҳрирИвазкунӣ) пешбинӣ карда шудаанд.

Саволҳо:

  1. Протсессорҳои матнӣ аз таҳриргарони матнӣ аз чӣ фарқ доранд?
  2. Қолиббандии матн гуфта чиро мефаҳмед?
  3. Протсессори матнии WordPad-ро чӣ гуна ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Чӣ гуна бо ёрии протсессори матнии WordPad абзатсҳои матни ҳуҷҷатро рақамгузорӣ кардан мумкин аст?
  5. Кадом командаҳо сохтан ва таҳриркунии матни ҳуҷҷатҳоро дар WordPad қисман автоматӣ мегардонанд.

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Аз Менюи асосии Windows истифода бурда протсессори матнии WordPad-ро ба кор дароред ва дар мавзўи «Муаллими ман» файли начандон калон тартиб диҳед.
  3. Матни дохилкардашударо дар папкаи хусусии худ бо номи Муаллим сабт намоед ва абзатсҳои онро бо ёрии ҳуруфҳои гуногуни андоза ва рангҳои ҳархеладошта қолиббандӣ намоед.
  4. Аз командаҳои менюи WordPad ва тугмаҳои панелҳои асбобҳои он истифода бурда матни ҳуҷҷатро ороиш диҳед ва матни онро васеътар гардонед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …