Главная / Ҷуғрофия / ВУЛҚОНҲО. ЧАШМАҲОИ ГАРМ ВА ГЕЙЗЕРҲО

ВУЛҚОНҲО. ЧАШМАҲОИ ГАРМ ВА ГЕЙЗЕРҲО

Пайдоиш ва шакли вулқонқо. Ҷинсҳои кӯҳие, ки қишри Заминро таркиб додаанд, дар таркиби худ моддаҳои радиоактивӣ доранд. Онҳо дар зери Замин ҳангоми ба қисмҳои таркибӣ ҷудо шудан (таҷзия шудан) ҳарорати зиёд хориҷ мекунанд. Дар зери таъсири ҳарорати баланд дар қишри Замин ҷинсҳои сахт метафсанд, вале таҳти фишори қабатҳои болоии каъри Замин онҳо ба моддаи хамирмонанд табдил наёфта, дар ҳолати сахтӣ мемонанд. Баъд дар натиҷаи ҳаракати қишри Замин дар он ҷойҳое, ки таркиш ба амал меояд, фишори қабатҳои болоии Замин паст мешавад.

vulkan

Дар ин вақт ҷинсҳои тафсон ба моддаи хамирмонанд табдил ёфта, бо газе, ки аз онҳо ҷудо мешавад, бо тарқиши қишри Замин ба боло ҳаракат мекунанд, ки онро магма меноманд. Сипас таҳти фишори газ ва харорати баланд магма ҷинсҳои кӯҳии атрофро гудохта ба боло баромада мерезад. Дар баъзе ҷойҳо магма ба рӯи Замин набаромада, дар қабати чинсҳои кӯҳӣ дохил шуда мемонад. Ҳамин тавр, ҳодисаи ки дар начиҷаи он магма ба қабати ҷинсҳои кӯҳӣи қишри Замин дохил мешавад ё ба рӯи он мебарояд. вулқон меноманд.

Вулқон аз якчанд қисм иборат аст. Новаеро, ки аз он магма ба боло харакат мекунад, пшнӯраи вулқон меномаид. Он ҷое, ки аз танӯра газ, буғ, чанг, хокистар, магма ба сатҳӣ Замин баромада паҳн мешавад ва сангпораҳо мепаранд, даҳана ном дорад. Магмаеро, ки аз даҳана ҷорй шуда дар сатҳи Замин мерезад, гудоза ва баъд аз хунук шудан онро лава меноманд. Газ ва буғ дар ҳаво пароканда мешаванд. Газе, ки бо фишори баланд мебарояд, аз магма порчаҳоро канда ба ҳаво ҳавола медиҳад. Онҳо  ба шакли тобхӯрда ё лӯнда аз ҳаво ба Замин меафтанд, ки онро боябаи вулқонй мемоманд (расми 35). Чанг ва хокистар қисман ба сатҳи Замин нишаста, мавзеъҳои атрофи вулқонро мепӯшонанд. Дар натиҷа деҳаҳо, роххо, киштзорҳо зери хокистар мемонанд. Қисми дигари хокистарро бод ба миитақаҳои дур мебарад. Баъди гузаштани солҳои зиёддар рӯи хокистарӣ сахт хоки ҳосилхез ташаккул меёбад. Одамон он заминҳоро ба кор андохта,  деҳоту роҳҳо бунёд месозанд.

Ҳаракати вулқон бо тарқишхои зеризаминӣ ва заминҷунбӣ пайваста ба амал меояд. Оташфишонии он аз якчанд рӯз то як моҳдавом карда, баъд ором мешавад. Вобаста ба ҳолати воқеӣ вудқонҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: оташфишон ва хомӯш.

Вулқонҳон оташфишон. Вулқонҳое, ки ҳар қадри чанд вақт такроран оташфишонӣ мекунанд, вулконҳои оташфишон ном доранд. Ҳоло дар рӯи Замии бештар аз 800 адад вулқонҳои Ором воқеъ гардидаанд, Онҳо  Дар ҷазираҳои Алеут, Курил, нимҷазираи Камчатка,  оташфишон мавҷуданд. Қисми зиёдн онҳо дар соҳилҳои Уқёнуси  ҷазираҳои Япония, Филиппин, Молукки як минтақаи вулқониро ташкил карда, ба воситаи Зеландияи Нав ба материки Америка мегузаранд. Вулқонҳои оташфишон дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин низ ба мушоҳида мерасанд. Вулқонҳои калонтарини оташфишон Пуштаи Ключевская дар нимҷазираи Камчатка, Фудзияма дар Ҷазираи Хонсюи Япония, Этна дар Ҷазираи Ситсилия, Кракатау дар Гулӯгоҳи Зонд байни ҷазираҳои Ява ва Суматра мебошанд. Баландин махрути (конуси) вулқонҳо  гуногун мешавад. Он аз даҳҳо метр то ҳазорҳо метрро ташкил медиҳад.

Баландии махрути Пуштаи Ключевская 4700 метр, аз Везувий 1300-1400 метр аст. Вулқонҳои оташфишон дар замони мо ҳам ногаҳон пайдо мешаванд. Масалан, соли 1943 дар Мексика дар маҳали ҳамвори назди дехаи Парнкутин вулқони нав пайдо шуд, ки номи ҳамин деҳаро гирифтааст.

Вулконҳо на танхо дар хушкй, балки дар қаъри уқёнус низ оташфишонӣ мекунанд. Дар натиҷаи оташфишонии зсриобӣ ҷазираҳо ба вуҷуд меоянд, ки қисми зиёди онҳо бо мавҷи об шуста шуда. аз назар нопадид мегарданд.

Вулқонҳои хомуш. Ба ин гурӯҳ вулқонхое дохил мешаванд, ки танҳо як маротиба оташфишонй кардаанду бас. Чунин вулқонҳо дар Камчатка (Пуиггаи Коряк) ва Козелск, қаторкӯҳҳои Кафказ (Элбрус. Казбек), соҳили Уқёнуси Ороми Америкаи Шимолӣ ва дигар минтақаҳои рӯи Замин дида мешаванд. Оташфишонии онҳо дар замонҳои хеле қадим рух додааст.

Омӯзиши вулконҳо ва аҳамияти онҳо. Омӯхтани вулконҳо  аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад. Дар натиҷаи оташфишонии вулқонҳо аз чуқуриҳои даҳҳо киломегр моддаҳои гуногун ба рӯи Замин мебароянд. Олимон онҳоро омӯхта, дар хусуси таркиб ва хосиятн моддаҳои қишри Замин хулоса мебароранд. Дар бораи сарватҳои зеризамииӣ, хусусиятҳои пайдоиши онҳо  маълумот ба даст мсоранд, ки ин кофтукови сарватҳои зеризаминиро осон мснамояд.

Ҳангоми оташфишонии вулқонҳо  аз онҳо  сулфур (кибрит), намак ва газ хориҷ мешавад. Онҳоро инсон ба мақсадҳои гуногун истифода мебарад. Дар асосан обхои гарм ва маъданӣ пайдоишашон вулқонӣ муолиҷагоҳҳр кор мекунанд. “Рафтори’ вулконҳоро мушоҳида намуда, тақрибан кай оташфишонғ кардани онҳоро пешгӯй менамоянд.

geyzerГейзерхо ва чашмаҳои гарм. Гейзерҳо (гейзер калимаи испанй буда, маънояш фаввора задан аст) яке аз ҳодисаҳои аҷоиби табиат мебошанд. Онҳо дар минтақаҳои вулқонй аз зери Замин фаввора зада мебароянд. фавворазании гейзерҳо дар байни фосилаи муайяни вақт рух медиҳад. Баландии фаввораҳо баъзан то 80 метр мерасад. Баъд аз фаввора задан боз хомӯш мешаванд, об нопадид мегардад. Вақти муайян мегузарад, аз нав фаввора мезанад. Дар сатҳи Замин оби гарм ва буғи об пайдо мешавад. Ҳамин тавр. чашмаҳоеро, ки таҳти таъсири ҷинсҳои кӯҳии тафсони қишри Замин дар вақтҳои муайян оби гарм ва буғ хориҷ мекунанд, гейзер меноманд.

Гейзерҳо бештар дар Камчатка , ҷазираҳои Курил (Федератсияи Русия). Исландия, Америкаи Шимолй ва Зеландияи Нав вомсхӯранд. Чашмаҳои гарм аз таркишҳои қишри Замин баромада, ҷорй мешаванд. Онҳо  ба монанди гейзерҳо фаввора намезананд, балки оромона ҷорй мешаванд. Дар таркиби оби онҳо  моддахои гуногуни маъданй мавҷуданд. Бинобар ин онҳоро чашмаҳои гарми маъданӣ мегӯянд. Чунин чашмаҳо на фақат дар минтакаҳои вулқонӣ, балки дар минтакаҳои кӯҳҳои ҷавон низ дида мешаванд. Онҳо  дар Тоҷикистон ҳам мавҷуданд. Масалан, чашмаҳои оби гарми Хоҷаобшарм, Оби Гарм ва Гармчашма. Оби чашмаҳои гармро барои гарм кардани хонаҳо, биноҳои истеҳсолй (корхонаҳо), гармхонаю парвардахонаҳо ва ғайра ба кор мебаранд. Чашмаҳои гарми маъданиро аз қадим то имрӯз хамчун оби шифобахш истифода мекунанд.

Савол ва супорнш

  1. Сабаби пайдоишн вулқонҳо дар чист?
  2. Вулконҳо  ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд?
  3. Омӯзиши вулқонҳо  чӣ аҳамият лораа?
  4. Гейзерхо аз чашмаҳои гарм чӣ тавофут доранд?
  5. Чашмахои гарм ва маъданӣ чи аҳамият доранд?
  6. Дар маҳали шумо оё чашмаҳои гарми маъданй мавҷудаад?

 

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …