Главная / Без рубрики / ВИРУСҲО – ШАКЛИ ҒАЙРИҲУҶАЙРАВИИ ҲАЁТ

ВИРУСҲО – ШАКЛИ ҒАЙРИҲУҶАЙРАВИИ ҲАЁТ

Соли 1892 олими рус Д.И.Ивановский дар тамоку касалиеро мушоҳида кард. Барангезандаи он ғайриоддӣ буда, дар баргҳои тамоку доғҳои гуногун пайдо мегардад. Баранге занда қобилияти аз филтр гузаштанро дошт. Бинобар ин, растаниҳои солими тамокуро бо шираи аз филтр гузаштаи растаниҳои касал сироятнок кардан мумкин аст.

Баъди чанд сол олимон Л.Леффлер ва П.Фрош ангезандаи касалии охсилро пайдо карданд, ки он дар ҳайвонот, аз ҷумла, дар чорво дида шуда, ангезандааш аз филтр мегузарад.

Охири соли 1917 бактериолог аз Канада Ф.де Эрелл бактериофагро кашф намуд, яъне вирусҳое, ки бактерияҳоро маҳв месозанд. Ҳамин тариқ, вируси растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо кашф карда шуд. Ҳамаи ин боиси пайдоиши илми нав – вирусология гардид. Вирусҳо дар ҳаёти инсон нақши хеле калонро мебозанд. Онҳо ангезандаи бисёр касалиҳои хавфнок, масалан, зиққи нафас, зардпарвин,энсефалит, сурхакон, сурхча, девонагӣ, зуком ва ғайра мебошанд. Вирусҳо фақат дар ҳуҷайраҳо фаъолият мекунанд, бинобар ин, онҳоро паразити дохилиҳуҷайравӣ меноманд.

Онҳо озод ва берун аз муҳити ҳуҷайра фаъолият ва афзоиш карда наметавонанд. Агар дар ҳамаи организмҳои ҳуҷайрадор ҳамон ду шакли кислотаи нуклеинии КДН ва КРН дида шавад, дар вирусҳо фақат яке аз онҳо вомехўрад. Бинобар ин, вирусҳо бо ду гурўҳи калон ҷудо карда мешаванд, яъне вирусҳои дорандаи КДН ва вирусҳои дорандаи КРН. Вирусҳо ба ҳуҷайра фақат ахбори генетикии худро мегузаронанд. Аз қолаби КРН ё КДН вируси КРН ахбори худро синтез мекунанд, ки ин замина барои синтези сафедаҳои рибосомаҳои ҳуҷайраҳои бо вирус гирифторбуда хос аст.

Молекулаи КДН ё геноми он дар геноми соҳиби ҳуҷайра ҷойгир аст ва дар ҳолати оромӣ муддати дуру дароз меистад. Ҳамин тариқ, хусусияти муфтхўри вирус хосияти хосро дошта, ҳамчун паразит дар дараҷаи генетикӣ ба ҳисоб меравад.

Таркиби химиявии вирусҳо

Вирусҳо аз нуклеопротеидҳо, яъне аз кислотаҳои нуклеинат (КДН ва КРН), инчунин аз чанд сафеда, ки пардаи атрофи кислотаҳои нуклеинатро иҳота кардаанд, ташаккул ёфтаанд. Пардаи сафедагиро ғилофа (капсула; аз лотинии сарsо – ғунҷоиш) меноманд. Ба чунин вирусҳо вируси доғҳои та-моку мисол мебошад. (расми 5.23), ки ғилофа – қабати сафеда-и он аз як сафедаи начандон калон иборат аст.

Вирусҳои ташаккулашон мураккаб пардаи иловагӣ доранд, ки аз сафеда ё липопротеин сохта шудааст. Баъзан дар пардаи берунии вирусҳои мураккаб ангиштобҳо дида мешаванд, масалан, дар вируси ангезандаи зуком ва табхол (расми 5.24). Пардаи берунии онҳоро қисмҳои мембранаи ядро ва ситоплазмаи ҳуҷайраҳои соҳиб (ҳомил) ташкил карда, вирус аз он ба муҳити берун мебарояд. Геноми вирусҳо аз як молекулаи яктора ё дутораи КДН ва КРН иборат аст.

Ба КДН-и дутора вируси бемории нағзаки одам, гўсфанд, хук, адиновирусҳои одам дохил мешаванд. КРН-и дутора ҳамчун қолаби генетикӣ барои баъзе вирусҳои ҳашарот ва ҳайвонот хизмат мекунад. Ҳамчунин вирусҳои КРН-и яктора васеъ паҳн гаштаанд, ба монанди вируси энсефалит, сурхакон, сурхча, девонагӣ, зуком ва ғайра.

Таъсири тарафайни вирус ба ҳуҷайра

Ҳангоми ба вуҷуд омадани вакулаҳои пиноситозӣ ҳамроҳи қатраҳои моеи муҳити байниҳуҷайравӣ ба даруни ҳуҷайра тасодуфан вирусҳо дохил мешаванд. Онҳо дар муҳити моеъ гардиш мекунанд. Ворид шудани вирусҳо ба ситоплазмаи ҳуҷайра бо чанд зинаҳои паиҳам алоқаманд ба амал меояд. Сараввал, вирус бо сафедаи ретсептории махсус, ки дар болои пардаи ҳуҷайра ҷойгир аст, пайваст меша-

вад. Ин амал бо ёрии сафедаҳои махсус, ки дар болои заррачаҳои вирусӣ мавҷуданд, ба амал меояд. Сафедаҳо ретсепторҳои ба худ мувофиқро, ки дар болои ҳуҷайра ҷойгиранд, мешиносанд. Он қисми болои ҳуҷайра, ки бо вирус пайваст шудааст, дар ситоплазма фурў рафта, ба вакуола табдил меёбад. Вакуола, ки девораи он аз мембранаи ситоплазмавӣ сохта шудааст, метавонад бо дигар вакуолаҳо ё бо ядро якҷоя шавад (расми 5.25). Бо ҳамин роҳ, вирус ба тамоми ҳуҷайраҳо бурда мешавад. Механизми ретсептории воридшавии вирус ба ҳуҷайра бо хусусияти махсуси раванди сироятёбӣ вобаста аст.

Аз ин ҷост, ки вируси ҳепатити А ва В танҳо ба ҳуҷайраҳои ҷигар дохил шуда, афзоиш меёбанд. Адиновирус ва вируси зуком дар ҳуҷайраҳои луобпардаи роҳи нафас, вируси сарком дар ҳуҷайраҳои асаб, вируси ханозир (бунгўшӣ) фақат дар ҳуҷайраҳои назди гўш ва ғадуди оби даҳон вомехўранд. Раванди сироят аз лаҳзаи дохил шудани вирус ба ҳуҷайра оғоз меёбад. Вирус афзоиш карда, геноми он дучанд мешавад ва баҳри худ капсид месозад.

Дар вақти дучандшавӣ (редупликатсия) кислотаи нуклеинат аз пардаи капсидӣ ҷудо мегардад. Баъди синтези молекулаи нави кислотаи нуклеинат бо сафедаи вируси дар ситоплазмаи ҳуҷайраи ҳомил синтезшуда иҳота мешавад ва кап-

сидро ташкил мекунад. Дар натиҷа, вирусҳо афзуда, аз ҳуҷайра берун мешаванд. Ин ҳолат дар баъзе вирусҳо дар шакли таркиш ба амал омада, ҳуҷайраҳо маҳв мешаванд. Хориҷ шудани вирусҳои дигар мисли муғҷабандист ва ҳуҷайраҳои

ин организмҳо муддати мадид қобилияти ҳаёти худро нигоҳ медоранд. Роҳи дигари ба ҳуҷайра дохил шудани вирусҳои бактерияҳо, яъне бактерофагӣ мебошанд. Қабати ғавси бактерия имкон намедиҳад, ки сафедаи ретсептор ба вирус пайваст шуда ба ситоплазма роҳ ёбад, мисли он ки дар ҳуҷайраҳои сироятноки ҳайвонот ба амал меояд. Барои ҳамин бактериофаг думчаи худро ба девораи ҳуҷайраи бактерия холонда КДН ё КРН-и дар сарак доштаи худро ба ситоплазмаи бактерия ворид мекунад (расми 5.26). Ҳамин тавр, геноми бактериофаг фурў рафта, капсиди он дар берун мемонад. Геном дар ситоплазмаи ҳуҷайраи бактерия дучанд шуда, ба синтези сафеда ва капсид асос мегузорад.

Баъди чанд муддат ҳуҷайраи бактерия маҳв гашта, заррачаҳои фагҳои пухтарасида ба берун мебароянд ва метавонанд бактерияи дигарро нобуд кунанд.

Пайдоиши вирусҳо

Вирусҳо ҳамчун сохтори генетикӣ худмухтор буда, берун аз ҳуҷайра қобилияти инкишоф ёфтан надоранд, яъне ҷисми беҷонанд. Чунин мешуморанд, ки вирусҳо ва бактериофагҳо ҳамчун унсури генетикии ҷудогонаи ҳуҷайра буда, ҳамроҳи дигар шаклҳои ҳаёти ҳуҷайравӣ инкишоф ёфтаанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Сохти вирусҳо чӣ гуна аст?
  2. Вирусҳои содда аз мураккаб бо чӣ фарқ мекунанд?
  3. Принсипи таъсири мутақобилаи вирус ва ҳуҷайра чӣ гунна аст?
  4. Вирус чӣ тавр ба ҳуҷайра дохил мешавад?
  5. Таъсири мутақобилаи бактериофагҳоро ба ҳуҷайраи бактерия шарҳ диҳед.
  6. Таъсири вирусҳо ба ҳуҷайра чӣ гуна аст?

Истилоҳот:

  1. Вирус – шакли ғайриҳуҷайравии ҳаёт.
  2. Бактериофаг – вирусҳое, ки бактерияҳо ё фагаҳои онҳоро маҳв месозанд.
  3. Сироят – роҳи интиқоли ангезаҳо аз як организм ба организми дигар.
  4. Бо роҳи уфуқӣ гузаштан – роҳи гузаштани омили сирояткунӣ бо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, ки дар хромосомаи он маводи ирсӣ вирус ҷойгир мешавад.
  5. Бо роҳи амудӣ гузаштан – раванди бо ҳамтаъсиркунии вирус ва организми соҳиб, ки ҳамчун муфтхўр дохил шуда, афзоиш карда, ба муҳити беруна мебарояд.
  6. Назарияи ҳуҷайрагӣ – яке аз хулосаҳои муҳимтарини биологӣ, ки мувофиқи он ҳамаи организмҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …