Главная / Илм / ВИРУСЕМИЯ

ВИРУСЕМИЯ

virusemiyaВИРУСЕМИЯ (аз вирусҳо ва юн. haima – хун), дар хун давр задани вирус. В. бинобар афзоиши вирусҳо дар ҳуҷайраҳои узвҳои дохилӣ ва аз ҳуҷайраҳои зарардида ба хун гузаштани онҳо ба вуқӯъ мепайвандад. В. дар мавриди бисёр бемориҳои вирусӣ ҳолати муқаррарӣ аст. В. ҳангоми гепатити В, бемориҳое, ки ҳашароти хунмак интиқол медиҳанд, мас., энсефалитҳо, табларзаи хунрез, вараҷаи зард ва ғ. ба мушоҳида мерасад. Он баъзан метавонад ҳангоми грипп, бемориҳои вирусии роҳи нафас, ҳорӣ низ рух намояд. В. дар давраи инкубатсия ба мушоҳида мерасад. Усулҳои дар хун ошкор сохтани вирусҳо дарёфт шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …