ВИРИЛИЗМ (Virilismus; аз лот. virilis – мардона, хоси мард), мардандомӣ, мардмонандии зан, дар занон пайдо шудани нишонаҳои хоси мардон (ришу мӯйлаб, овози ғафс, мушаку устухонҳои қавӣ). В. дар натиҷаи ба хун бисёр дохил шудани гормони андроген (тавлидкунандаи хислатҳои мардӣ) ба вуҷуд меояд. Миқдори зиёди андрогенҳо дар натиҷаи бо ҳар гуна сабабҳо номураттаб гаштани кори гипофиз, қишри ғадудҳои болои гурда ва тухмдони зан ҳосил мешавад. Ҳангоми В. кори тухмдон суст, андозаи узвҳои ҷинсӣ ва ғадуди сина хурд гашта, давраи ҳайз халал меёбад. В.-ро духтур табобат мекунад. Дар баъзе мавридҳо ҷарроҳӣ лозим аст.
Ниг. низ Системаи эндокринӣ, Гирсутизм.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …