Главная / Илм / ВЕНА

ВЕНА

venaВЕНА (Vena, Phlebus), варид, сиёҳраг, раге, ки ба тавассути он хун ба дил мегузарад. Аз В.-ҳои даври калони хунгардиш хуне, ки аз гази карбонат, маҳсули мубодилаи моддаҳо, гормонҳо ва ғ. сер гашта, аз узвҳои гуногуни бадан ҷамъ шудааст, ба пешдили рост меравад. В.-ҳои даври хурди хунгардиш бошанд, хуни аз оксиген сершударо ба пешдили чап мерасонанд. Ибтидои системаи В.-ҳо шабакаи мӯраг (капилляр)-ҳо аст. Дар он ҷо аввал веначаҳо ташаккул ёфта, минбаъд ба В.-ҳои миёна ва калон мубаддал мешаванд.
Девораи В. назар ба девораи артерия нозук ва чандир аст. Фишори хуни В. хеле паст (дар В.-ҳои калон ҳатто аз фишори атмосферӣ ҳам пасттар) мебошад. Ҳаракати қафаси сина, ҷунбиши диафрагма, кашиш хӯрдани мушакҳо барои дар В. гардиш кардани хун кумак мерасонанд. Дар В. клапанҳо мавҷуданд, ки ҳангоми боз шудани онҳо хун фақат ба дил дохил мегардад.
В.-и юғӣ, В.-и шуш, В.-и бобӣ (даромадгоҳӣ), В.-и холии боло, В.-и холии поён, В.-и тиҳигоҳ, В.-и рон, В.-и зери зону, В.-и калони зери пӯсти по, В.-и хурди зери пӯсти по аз ҷумлаи В.-ҳои асосии организм маҳсуб мешаванд. Сохтор, фаъолият ва ташхису муолиҷаи бемориҳои В.-ҳоро флебология меомӯзад.
КЛ
Венаи тиҳии поён ва шохаҳои он.
1 – венаи китфусарии чап; 2 – камони аорта; 3 – танаи шуш; 4 – венаи диафрагмавии поён; 5 – венаи сипурз (бурида шудааст); 6 – венаи ғадуди болои гурдаи чап; 7 – венаи гурдаи чап; 8 – венаи умумии тиҳигоҳи чап; 9 – венаи дарунии тиҳигоҳи чап; 10 – венаи берунии тиҳигоҳи чап; 11 – венаи зерипӯстии калони по; 12 – венаҳои аъзои ҷинсии берунӣ; 13 – венаи рон; 14 – венаи умумии тиҳигоҳи рост; 15 – венаи тиҳии поён; 16 – венаи тухмдони рост; 17 – венаи тухмдони чап; 18 – қисми батнии аорта; 19 – венаҳои ҷигар; 20 венаи тиҳии поён; 21 – венаи китфусарии рост; 22 – венаи таҳтичанбарии рост; 23 – венаи юғии дохилии рост.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …