Главная / Гуногун / Вазъияти байналхалқии Чин (асри XIX)

Вазъияти байналхалқии Чин (асри XIX)

Фишори мамлакатҳои бузурги Ғарб ба Чин дар солҳои 60-ум ва 70-ум низ давом меёфт. Хориҷиён мехостанд, ки барои онҳо ҳамаи дарҳои Чин боз бошанд, то ки молҳои худро ба ин давлат, аз он ҷумла, ба музофотҳои Сичуан, Юнъан ва Гуйчжоу озодона дароварда фурӯшанд. Ҳукумати императории Чин ба фишори хориҷиён тоб наоварда, маҷбур шуд, ки соли 1876 дар Чифу ба конвенсияе имзо гузорад. Он дар назар дошт, ки Чин барои хориҷиён дар дарёи Янтсзи чор бандари асосии худро мекушояд.

1_imperatorskie_sadi

Содҳои 70-ум фаронсавиён мавқеи худро дар ҷануби Ветнам, ки он Кохинхин ном гирифтааст, мустаҳкам намуда, баъд ҳукумати Ветнамро маҷбур карданд, ки протекторати Фаронсаро қабул намояд. Дар солҳои 80-ум бо сабаби даъвоҳои Фаронса ба Ветнам муносибатҳои байни Фаронса ва Чин муташанниҷ мешаванд. Моҳи августи соли 1884 эскадраи Фаронса ба гурӯҳи киштиҳои Чин, ки дар Фучжоу ҷойгир буд, ҳуҷум намуда, 22-тои онро ғарқ мекунад. Бо ҳамин ҷаши Фаронсаю Чини солҳои 1884- 1885 оғоз ёфта, он 9 июни соли 1885 бо имзо шудани Созишномаи сулҳ дар Тянсзин байни Чин ва Фаронса ба охир мерасад. Мувофиқи он Чин протектората Фаронсаро бар Аннам эътироф мекунад. Аз рун Созишномаи тиҷорати тоҷирони Фаронса ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар Юнъан озодона савдогарӣ кунанд. Ҳамин тавр фаронсавиҳо барои ба дарунтари Чин cap даровардан дар Аннам такягоҳ пайдо намуданд.

Аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, Англия соли 1885 Бирмаро ба мустамликаи худ табдил дод. Баъди ин забткорӣ мулкҳои Англия ба сарҳадҳои Чин хеле наздик шуданд.

Соли 1872 Ҷопон ба ҷазираҳои Ликей, ки дар тобеияти якҷояи Ҷопон ва Чин буданд, ҳуҷум кард ва соли 1879 онҳоро ба даст даровард. Соли 1874 Ҷопон хост, ки ҷазираи дигари Чин- Тайванро низ забт кунад. барои ҳамин мақсад Ҷопон бар зидди Чин ҷанг кард, лекин аз натиҷаҳои он ИМА баҳравар шуд. ИМА имконият пайдо кард, ки тиҷорати худро дар Тайван вусъат диҳад. Дар солҳои 90-ум ташаббуси давлатҳои абарқудрат барои ба итоати худ даровардани Чин ба ихтиёри Ҷопон гузашт. Ҷанги Ҷопон бар зидди Чин аз воқеаҳои ғарқ шудани киштии чиноии “Гаошэн” 25 июли соли 1894 оғоз ёфт Амалиётҳои ҳарбӣ аввал дар қаламрави Корея сурат гирифтанд. Дар муҳорибаи Пхенян 16 сентябри соли 1894 артиши 20-ҳазорнафараи Чин шикаст хӯрда, ба тарафи дарёи Ялу ақибнишинӣ мекунал. Дар яқ вақт лашкари Ҷопон ба нимҷазираи Ляодун фаромада, 6 ноябр Далянро ишғол кард. Баъд он 21 ноябр қалъаи навсохти Люйшун (Порт-Артур)-ро ба даст даровард. Моҳи сентябри соли 1894 Ҷолон флоти Чинро торумор кард.

Баъди таслим шудани Люйшун моҳи ноябри соли 1894 ҳукумати Чин ба мамлакатҳои бузург муроҷиат кард, то ки онҳо дар байни Чин ва Ҷопон миёнарав шаванд, вале ин кор натиҷаи дилхоҳ надод. Биноан, ҳукумати Чин маҷбур шуд, ки бо Ҷопон дар бораи сулҳ гуфтушунид кунад. Ҳамин тариқ, 17 феврали соли 1895 дар Симоносеки шартномаи сулҳи Ҷопон ва Чин ба имзо расид. Мувофиқи он Чин истиқлолияти Кореяро эътироф намуд, ҷазираи Тайван ва нимҷазираи Ляодунро ба Ҷопон гузашт карда, ба маблағи 200 млн лян товони ҷанг дод. Баъди эътирози Русия ва онро дастгирӣ кардани Фаронса ва Германия Ҷопон аз нимҷазираи Ляодун даст кашид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …