Главная / Гуногун / Вазири ғофил

Вазири ғофил

Вазири ғофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи султон обод кунад бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «ҳар ки худойро азза ва ҷалла биёзорад, то дили халқе ба даст орад, худованди таоло ҳамон халқро бар ў гуморад, то димор аз рўзгораш барорад».

ВазирОташи сўзон накунад бо сипанд,
Он чӣ кунад дуди дили дардманд.

Сари ҷумлаи ҳайвонот гўянд, ки шер аст ва камтарини ҷонварон ҳар ва ба иттифоқ хари борбар беҳ, ки шери мардумдар.

Мискин ҳар агарчи бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор
Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Боз омадем ба ҳикояти вазири ғофил. Маликро тарафе аз замоими ахлоқи ў ба кароин маълум шуд, дар шиканҷааш кашид ва ба анвои уқубат бикушт.

Ҳосил нашавад ризои султон,
То хотири бандагон наҷуи.
Хоҳӣ, ки худой бар ту бахшад,
Бо халқи худой кун накуӣ.

Овардаанд, ки яке аз ситамдидагон бар ў бигузашт ва дар ҳоли табоҳи ў таамул карду гуфт:

На ҳар кӣ қуввати бозую мансабе дорад,
Ба салтанат бихўрад моли мардумон ба ғизоф.
Тавон ба халқ фурў бурдан устухони дурушт,
Вале шикам бидарад, чун бигирад андар ноф.

***
Намонад ситамгори бадрўзгор,
Бимонад бар ў лаънати пойдор.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …