Главная / Ҷамъият / ВАЗИФАҲОИ динии мо (Ислом)

ВАЗИФАҲОИ динии мо (Ислом)

Вақте ки инсон ба балоғат мерасад. 

Аллоҳ таъоло ба мо неъматҳои фаровоне ато намудааст. Ва аз ҳамаи инҳо муҳимтаринаш ақл мебошад. Ба шарофати ақл, мо метавонем ростро аз дурӯғ, бадиро аз некй фарқ кунем. Аз ин хотир, ақл ва қобилияти фикрронй инсонро аз ҳайвон ҷудо мекунад.

Вале, ин неъмат – ақл, ба дӯши мо вазифаҳое низ мегузорад. Зеро, Аллоҳ таъоло, ки ба мо ҳамаи ин неъматҳоро ато намудааст, моро бемақсад наофарида ва бемасъулият нагардондааст. Вай ба мо ҳукм кардааст, ки корҳои фоиданок ва некро ба анҷом расонем, аз корҳои бад дурй ҷӯем. Ба мо баъзе вазифаҳоро фармудааст, ки иҷрои онҳо дар ҳарду ҷаҳон барои мо хушбахтй меорад ва ба мо амр шудааст, ки ин амалҳоро иҷро намоем. Он амалҳое, ки мо бояд онҳоро анҷом бидиҳем ва он амалҳое, ки мо набояд анҷом диҳем, «вазифаҳои динй» номида мешаванд.

Инсон кай болит мешавад?

Сине, ки инсон болит мешавад, вобаста ба хусусиятҳои сохти бадан ва шароитҳои иқлимӣ буда, барои инсонҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Писарбачаҳо аз 12 то 15 солагй ва духтарҳо аз 9 то 15 солагй ба балоғат мерасанд. Агар дар сини 15 солагй, дар духтар ва ё писар аломатҳои балоғат вуҷуд надошта бошанд ҳам, онҳо болит ҳисоб карда мешаванд ва Уздадор мешаванд, ки дастурҳои диниро иҷро намоянд ва аз амалҳое, ки мамнӯъ карда шудаанд, дурй чӯянд.

Калимаи мукаллаф чӣ маъно дорад?

Шахсоне, ки ба сини балотат расидаанд ва соҳибақл ва масъул мебошанд, ки дастурҳои диниро иҷро намоянд, мукаллаф номида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …