Главная / Гуногун / ВАЗЪИ СИЁСИЮ ИҚТИСОДИИ СУРИЯ, ЛУБНОН, ФАЛАСТИН ВА ИРОҚ (асри 19)

ВАЗЪИ СИЁСИЮ ИҚТИСОДИИ СУРИЯ, ЛУБНОН, ФАЛАСТИН ВА ИРОҚ (асри 19)

Дар нимаи дуюми асри XIX-то солҳои 90-ум дар иқтисодиёти Сурия, Лубнон ва Фаластин сармояи хориҷӣ, алалхусус сармояи Фаронса мавқеи ҳукмронро ишғол мекард. Давлатҳон империалистӣ муттасил ин музофотҳои империяи Усмониёнро ба манбаи ашёи хоми кишоварзии саноатӣ, соҳаи маблағгузорӣ ва бозори фурӯши молҳои худ табдил медоданд. Сурия ва Лубнон маҳсулоти мевагӣ, қанди найшакар, зағирпоя, тамоку, пахта ва барои саноати бофандагии Англия ва Фаронса калобаи абрешим истеҳсол мекарданд.

Системаи бонкии ин давлатҳо низ аз тарафи сармояи хориҷӣ назорат карда мешуд. Дар Сурия, Лубнон ва Фаластин шӯъбаҳои сершумори бонки Оттоман ва бонкҳои Англия ва Германия кор карда, даромади калон мегирифтанд, аз он ҷумла, бонки Англия – Фаластин, Бонки тиҷоратии Фаластин, Бонки Салоника, Бонки қарздиҳии Лион, Бонки германиявии Шарқ, Бонки фаластинии Германия, Корҳои марбут ба суғурта аз тарафи австриягиҳо назорат карда мешуданд. Ширкатҳои хориҷӣ киштигардии баҳрии ин давлатҳоро низ ба даст дароварда буданд.

lebanon

Зулми шадиди Туркияи султонӣ ва асорати хориҷӣ ба он оварда расонд, ки Сурия, Лубнон ва Фаластин ягон хел саноати пешқадам надоштанд. Устохонаҳои мавҷудаи хурд асосан ба коркарди аввалияи ашёи хоми кишоварзӣ машғул буданд.

Дар ноҳияи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Фаластин, ки ба мавзеи Канали Суэтс ҳамҷавор буд, манфиатҳои мамлакатҳои пуриқтидори империалистӣ бо ҳам бархӯрда буданд. Ҳар яки онҳо кӯшиш мекард, ки вазъи фарқияти динии маҳалро дар ин ноҳия барои мустаҳкам кардани мавқеи худ истифода барад. Ғайр аз ин ширкатҳои гуногуни хориҷӣ ва мақомоти молиявии сионистӣ ба харидани заминҳои помешикҳо ва кишоварзони араб шурӯъ карда буданд. Дар охирҳои асри XIX дар ин заминҳо бошишгоҳҳои зиёди муҳоҷирони яхудии германиявӣ сохта шуданд. Ин кор оғози мустамликагардонии сионистӣ ва германии заминҳои Фаластин буд. Марказҳои муҳоҷирони мустамликачиёни германиявӣ дар Фаластин ҳамчун роҳи муҳими дар ин минтақа паҳн кардани таъсири Германия истифода бурда мешуданд.

Дар чоряки охирини асри XIX ва оғози асри XX ба Ироқ воридшавии ширкатҳои инҳисории хориҷӣ сурат мегирад. Нақлиёти баҳру дарёгардӣ, кори бонкӣ, тиҷорати хориҷӣ ва саноати коркарди аввалияи ашёи хом ба зери назорати сармоядорони европавӣ ва пеш аз ҳама, ба зери назорати сармояи англисӣ медаромаданд. Киштигардии дарё тавассуги Даҷла ва Фурот ва Шатт-ул-Арабро аз соли 1861 ширкати англисии Линч ба даст даровард. Он соли оянда алоқаи баҳрии байни Ҳиндустон ва бандарҳои халиҷи Форсро барқарор кард. Дар солҳои 90-ум дар ин мамлакат наздики 10 ширкати нақлиёти хориҷӣ фаъолият дошт. Дар оғози асри XX ширкати англисӣ киштагардиро дар Даҷла пурра инҳисорӣ худ кард. Англисҳо дар Ироқ хати телеграф ҳам сохтанд. Дар асоси сармояи англисӣ дар Бағдод ва Басра шӯьбаҳои бонки Оттоман кушода шуданд.

Англисҳо дар Ироқ хуҷаини ягона набуданд. Ба онҳо лозим меомад, ки барои манфиатҳои худ бар зидди сармоядорони Фаронса, Белгия ва Италия мубориза баранд. Вале дар ин мубориза рақиби асосии англисҳо империализми Германия буд. Юнкёрҳо ва сармоядорони немис нақшаи мустамликагардонии музофотҳои осиёии империяи Усмониёнро мекашиданд ва орзӯ доштанд, ки Ироқро ба макони ғалла ва киштзорҳои пахтапарварии худ табдил диҳанд.

Ба доираи тиҷорати ҷаҳонӣ кашида шудани Ироқ ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсолоти кишоварзии онро то як дараҷа ба пеш ҳаракат доданд. Вале Ироқ мисли пештара мамлакати кишоварзии дорои техникаи ақибмонда ва усулҳои каммаҳсули хоҷагидорӣ мондан гирифт. То оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ин давлат ниммустамликаи империализми англис шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …