Главная / Гуногун / Вазъи иқтисодии Чин (нимаи дуюми асри XIX )

Вазъи иқтисодии Чин (нимаи дуюми асри XIX )

Дар оғози нимаи дуюми асри XIX дар, Чин истеҳсолоти мошин пайдо шудан мегирад. Вале муносибатҳои истеҳсолии он мисли пештара феодалӣ буданд. Ин ҳолат ба давраи сармоядорӣ гузаштани ин давлатро мушкил мегардонид.

kitayskom_gorode

Пайдошавни корхонаҳои саноатии аввалин дар Чин ба солҳои 60-ум – 80-уми асри XIX рост меояд. Онҳоро намояндагони табақаҳои болоии ҷомеа, ки ҷонибдори принсипи “худмустаҳкамкунӣ”-и Чин буданд, месохтанд. Ин ашхос ҷонибдори роҳи ғарбии тараққиёти мамлакат ба шумор мерафтанд. Дар байни онҳо Тзен Го-фан, Ди Хун-чжан, Чжан Чжи-дун, Тзо Тзун-Тан ва дигарон буданд. Корхонаҳои аввалини саноатии Чин асосан давлатӣ буданд. Лекин аз солҳои 80-ум cap карда сохтани корхонаҳои хусусӣ низ оғоз ёфтанд. Ин корхонаҳоро дар аввал танҳо тоҷирони калон, амалдорони баландмақоми давлатӣ ва заминдорони бой месохтанд. Лекин баъдтар корхонаҳои саноатии бо сармояи якҷояи давлатию хусусӣ сохташуда низ пайдо мешаванд.

Бештари корхонаҳои нав ба кор даровардашуда заводҳои мошинасозӣ, коркарди оҳан, фабрикаҳои бофандагӣ ва абрешим буданд. Соли 1861 Тзен Го-фан дар Антенн ва солҳои 1862 – 1865 Ли Хун-чжан бо ёрии англисҳо дар Сучжоу ва Шанхай заводҳои калонтарини силоҳбарорӣ ва киштисозиро бунёд кард. Соли 1881 дар Чини Шимолӣ роҳи оҳани аввалин ҳам ба кор медарояд. Соли 1891 аз тарафи генерал-губернатори Ханян Чжан Чжи-дун дар музофот комбинат маъданкоркунӣ сохта мешавад.

Дар баробари пешрафти соҳибкории миллии Чин рақобати сармояи хориҷӣ бо сармояи ин давлат ба амал меояд. Қариб ҳамаи шаҳрҳои калони мамлакат сармоядорони хориҷӣ фаъол мекарданд. Дар солҳои 70-ум барои хориҷиён 26 бандари Чин кушода буданд. Хориҷиён дар ин бандарҳо озодона ба тиҷорату корчаллонӣ машғул буданд. Соли 1865 Англия банки Гонконг – Шанхайро ташкил мекунад. Ин банк дар Чин воситаи муҳими таҷовузи иқтисолии Англия мешавад. Соли 1885 дар Шанхай аллакай 15 корхонаи саноатии хориҷиён мавҷуд буд. Ҳукумати Чин саноати ҷавони худиро аз рақобат бо сармояи хориҷӣ муҳофизат карда наметавонист, чунки дасту пои он тавассути созишномаҳои асоратовар бо давлатҳои абарқудрати хориҷӣ баста шуда буданд. Дар Чин ҳаҷми тиҷорати европавиён сол то сол бемайлон боло мерафт. Чин оҳиста-оҳиста ба манбаи ашёи хоми сармояи хориҷӣ табдил меёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …