Главная / Гуногун / Васияти Падар бар Писар

Васияти Падар бар Писар

Дар тасонифи ҳукамо овардаанд, ки каждумро валодат маъхуд нест, чунон ки дигар ҳайвонотро, бал аҳшои модарро бихўранд ва шикамашро бидаранд ва роҳи саҳро гиранд ва он пустҳо, ки дар хонаи каждум бинанд, асари он аст. Боре ин нукта пеши бузурге ҳаме гуфтам, гуфта:
– Дили ман бар сидқи ин сухан гувоҳи медиҳад ва ҷуз чунин натавон будан. Дар ҳолати хурдӣ бо модару падар чунин муомилат кардаанд, лоҷарам дар бузургӣ чунин муқбиланду маҳбуб.

панди падарПисареро падар васият кард,
К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд.
Ҳар ки бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дўструю давлатманд.

Каждумро гуфтанд:
– Чаро ба зимистон берун наёӣ?
Гуфт:
– Ба тобистон чӣ ҳурмат дорам, ки ба зимистон низ биёям?!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …