Главная / Илм / ВАНДИДОД

ВАНДИДОД

avesta«ВАНДИДОД», яке аз бахшҳои Авесто. Калимаи «В.» шакли таҳрифшудаи «Видевдат» аст. Дар забони авестоӣ он шакли «Вӣ-дагво датем» дошта, маъниаш «дод (қонун)-и зидди девон» мебошад. «В.» 22 фаргард (боб)-и гуногунмавзӯъро дар бар мегирад. Бобҳо ба тарзи гуфтугӯ (пурсишу посух)-и байни Зардушт ва Аҳура Маздо (эзиди ягона дар дини зардуштия) сохта шудаанд. Дар бобҳои «В.» баробари масъалаҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ситоишӣ масъалаҳои пизишк, пизишкӣ, ахлоқу одоби пизишк, тарзҳои табобат ва ғ. матраҳ гардидаанд. Дар Авесто «В.» ягона бахшест, ки ин гуна масъалаҳоро дар бар мегирад. Мас., дар боби ҳафтум оид ба пизишк ва корозмудагии вай сухан меравад. Касе, ки мехоҳад пизишкӣ бикунад, нахустин бор корозмудагӣ ва чирадастии хешро бояд дар девпарастон (муқобилони маздаяснон) биозмояд. Агар се бор ҳангоми табобаташ бо корд девпарастон бимиранд, он пизишке ношоиста аст. Аз он пас ӯ набояд ба дармон даст бизанад. Агар ӯ се бор бо корд дармон кунад ва бемор тандуруст шавад, аз он пас вай пизишке шоиста ба шумор хоҳад рафт. Дар бахше аз боби ҳафтуми «В.» оид ба навъҳои пизишкӣ – бо корд (ҷарроҳӣ), гиёҳҳо ва Мантра (дуо) сухан меравад. Тарзи сеюми дармон – пизишкӣ бо Мантра беҳтарин тарзи табобат дониста шудааст. Дар фаргарду бахшҳое аз «В.» инчунин аз масоили беҳдошт (гигиена) – тоза нигоҳ доштани бадан, нигоҳубини мӯи сар, гирифтани нохун ва дар ҷойе дуртар аз макони зист гӯронидани онҳо, пешгирии бемориҳо, мубориза бар зидди паҳн гаштани микробҳо, нест кардани баъзе магасҳо – паҳнкунандагони бемориҳо, тоза нигоҳ доштани замин, муҳити атроф, дар дахмаҳо ҷой додани мурдаҳо (гӯронидани онҳо дар замин манъ карда шудааст), аз мурдаи ҳайвонот тоза кардани замин ва ғ. сухан меравад. Нуктаҳои дар фаргарди 15-ум матраҳгардида, махсусан оид ба исқоти ҳамл, имрӯз ҳам аҳамият доранд. Дар яке аз бандҳо омадааст: «Агар марде бо духтаре дӯшиза ё бонуи ҷавон – хоҳ он духтар ё бону вобаста ба солори хона бошад ё на, хоҳ ба шавҳар дода шуда бошад ё на ҳамхобагӣ кунад ва он духтар ё бону аз ӯ обистан шавад, набояд аз шарми мардум, меваи зиндагиро, ки дар заҳдони хеш дорад, нобуд созад». Барои нобуд кардани тифли дар батн буда (исқоти ҳамл) ҳам барои зан ва ҳам барои мард, ки ба ин кор мусоидат кардааст, ҷазои куштор таъин гардидааст. Дар фаргарди 20-ум аз баъзе бемориҳое, ки дар он давра маълум буданд, ҳамчунин аз нахустин пизишк бо номи Трита сухан рафтааст. Ба пурсиши Зардушт оид ба нахустин пизишк Аҳура Маздо ҷавоб медиҳад: «Трита буд нахустин пизишки хирадманд, фархунда, тавонгар, фаррманд, рӯинтан ва пешдод, ки бемориро ба беморӣ бозгардонд, ки маргро ба марг бозгардонд, ки нахустин бор нӯки дашна ва оташи табро аз тани мардумон дур ронд». Трита гиёҳҳои дармониро бо ёрии Аҳура Маздо барои дармонбахшӣ ба тани мардумон, барои дармонбахшӣ ба бемориҳои марг, дард, таб, сардард, табларза, хӯра, моргазидагӣ, ҳамагир, бадчашмӣ, пӯсидагӣ, гандагӣ ва ғ. ҷустуҷӯ мекард. Дар «В.» дуоҳо низ оварда шудаанд, мас.,

Ман мегӯям: «Эй беморӣ, дур шав».
Ман мегӯям: «Эй марг, дур шав».
Ман мегӯям: «Эй таб, дур шав».
Ман мегӯям: «Эй нохушӣ, дур шав».
Ад.: Авесто, Д., 2001.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …