Главная / Илм / ВАЛИДОЛ

ВАЛИДОЛ

validolВАЛИДОЛ, як навъ дору. В. таъсири рефлексӣ дошта, рагҳои хунгардро васеъ мекунад. Дар таркиби як қурси В. 60 мг минтол мавҷуд аст. Таъсири дору ба ангезиши нӯги асабҳои луобпардаи даҳон вобастагӣ дорад. Дар натиҷа энкефалинҳо, эндорфинҳо, динорфинҳо ва пептидҳо барин моддаҳо ҳосил мешаванд, ки баҳри таскини ҳисси дард ва танзими гузаронандагии рагҳо муҳим мебошанд. В. баъди 5 дақиқаи ба зери забон гирифтан таъсир мерасонад. Онро дар мавриди неврозҳо, ғашён (истерия), дистонияи нейросиркуляторӣ, зиқи дил (якҷоя бо диг. доруҳо), ҳудом ва ғ. кор мефармоянд.
В.-ро то пурра ҳал шудан бояд дар зери забон нигоҳ дошт. Вояи якбораи он барои одамони калон 1 – 2 (вояи шаборӯзӣ 2 – 4) қурс мебошад; дар мавриди зарурат вояи шаборӯзии В.-ро метавон зиёд кард.
Зери таъсири В. мумкин аст дилбеҳузурӣ, ашкшорӣ, сардард, чарх задани сар ва диг. аломатҳои номатлуб рух намоянд. В.-ро ба беморони гирифтори диабети қанд эҳтиёткорона таъин кардан лозим аст. В. ҳангоми неш задани занбӯр низ манфиат дорад (онро тар карда ба ҷои нешзадаи занбӯр мемоланд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …