Главная / Гуногун / Ваҳҳобия – Мазҳаб

Ваҳҳобия – Мазҳаб

Ваҳҳобия – як фирқаи тундрав, номуросо ва мутаассибу худхоҳи аҳли суннии ҳанбалӣ, ки муассисаш Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб /1703-1787/ мебошад ва асарҳои асосии» онҳо «Тавзеҳу-т-Тавҳид-ахлоқ-фӣ ҷавоб-ил-аҳлил-Ироқ», «Тазкират-ул-увло», «Ал-боб фӣ тариқи Шайх Абдулваҳҳоб» мебошад ва чуноне, ки гуфта шуд ваҳҳобия, аз аҳли суннат ва ҷамоъат буда, таълимоти худро ва ғояи асосии худро аз ақидаҳои Ибни Таймия гирифтаанд, яъне, ҳамчун сарчашма, аз ақидаҳои ӯ истифода кардаанд, ки чор аср қабл аз онон, нуқтаҳои асосии таълимоти ҳанбалияро дар «Минҳоҷ-ус-сунна» инкишоф дода буд ва танҳо дар асри XVIII, дар шахси Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб тарафдори ҳақиқии худро пайдо кард.

Таълимоти ваҳҳобия ба Исломи аслию ибтидоии замони Муҳаммади Мустафо /с/ бозгаштанро тарғиб мекунад, яъне, риояи қатъии тавҳид, даст кашидан аз авлиёпарастиву парастиши мазорҳо ва ҷойҳои муқаддас ва бидъат, дур будан аз ҳама дабдаба, дар маишат, либос ва оин.

Идеологияи ваҳҳобияро авлоди Саудиҳо, ки барои зери ҳокимияти хеш мутаҳҳид кардани тамоми Арабистон мубориза мебурданд, дастгирӣ намуданд. Ҳоло ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ, Уммон, Африқои Шимолӣ, Ҳиндустон, Индонезия ва баъзе манотиқи исломӣ, ҳамчун таълимоти динию сиёсӣ, барои аз бардагӣ растан, амалӣ мекунад. Вале як нуқтаро бояд таъкид намуд, ки асосгузорони «ибтидоӣ»-и ваҳҳобия, ҳамоно ҷосӯсони инглисӣ буданд. Ва «Толибони афғон» ҳам маҳсули «мағзи» ҷосӯсони урупоӣ ва амрикоиянд ва фирқаҳои занбурӯғвор пайдошудаи имрӯзаи мо низ…-С.Б.Б.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …