Главная / Гуногун / Узвҳои ҳис

Узвҳои ҳис

Ҳамаи гуногунрангии муҳити атроф – рӯшноӣ, садоҳо, ивазшавии ;арорат, таъмро бадани инсон бо ёрии узвҳои хис эҳсос менамояд.

Узвҳои босира – чашмҳо. Босира ба шумо барои ёфтани роҳ сӯи 1актаб, ба сӯи хона, ба сӯи толори варзишӣ ва майдончаи мактабӣ ёрӣ 1ерасонад.Шумо бо ёрии чашмҳо мутолиа ва барномаҳои телевизион- ю тамошо мекунед. Узвҳои босира ба шумо барои муайян кардани 1асофа, ҳаҷм, шакли ашё, ба мақсад расонидани нишон ва ғайра ёрӣ (ерасонанд.

Барои он ки чашмҳо зиёд хаста нашаванд ва қувваи босира вай- он нашавад, машқх,ои махсусро иҷро намудан лозим аст (расми 5-6).

1.1-2дақиқачашмакзадан.

  1. Чашмхоро пӯшида, бо нӯги ангуштони ишоратӣ ба шакли доира чашмҳоро охиста-охиста молидан лозим аст.
  2. Чашмҳоро сахт нимпӯш карда, сипас кушодан. Ин холатро 3-5 маротиба такрор намудан лозим аст.
  3. Агар чашмҳо аз дуру дароз мутолиа намудан хаста шудаанд, ба назди тиреза омада, 2-3 дақиқа ба осмон назар кардан лозим аст.
  4. Ба ангушти дасти дар назди худ росткардашуда нигоҳ карда истода, ангуштро оҳиста-оҳиста ба бинӣ 3-4 маротиба наздик намудан лозим аст.
  5. Ба шишаи тиреза доирачаи коғазиро часпонида, як чашмро пӯшида, бо чашми дуюм ба доирача 5 сония нигоҳ карда, сипас нигох,- ро ба дурӣ гузаронед. Ин ҳаракатро бо чашми дуюм низ 6-8 маротиба иҷро намоед.

Чашмҳоро аввал ба чап, сипас ба рост 6-8 маротибагӣ давр занонед.

  1. Ба боло ва ба поён, ба кунҷи болоии poor ва кунҷи поёнии чап ва баръакс 6-8 маротибагӣ нигаред.
  2. Ба чап ва рост 6-8 маротибагӣ нигаред.

Чашмҳоятро эхтиёт намоед!

Аз ҳолатҳои хавфнок худро дур гиред!

Босираро эхтиёт кунед!

Хобида муголиа накунед!

87

Агар чашмҳои шумо пас аз мутолиа хаста шуданд, бо чойи сиёҳ тарбандӣ кунед.

88

Мизро аз тарафи чапи тиреза, чароғи рӯимизиро аз тарафи чапи миз гузоред.

Ба болои китоб ё дафтар бисёр хам нашавед. Ба офтоби равшан, чароғи даргирон, оташ, асбоби васлгарӣ бе айнакҳои мухофизаткунан- да нигоҳ накунед.

Узвхои сомеа – гӯшхо. Шумо бо гӯшҳо садоҳои гуногунро мешу- навед: нутқи инсон, мусиқӣ, ғунгоси ҳашаротҳо, шилдироси баргҳо.

Дар суфраҳои гӯшҳо сӯрохии на он қадар калон мавҷуд аст. Ба воситаи он садоҳо ба қисми дарунй дохил мешаванд.

Узвҳои сомеаро эҳтиёт кунед!

Гӯшҳоро танҳо бо қамчинаки пахтагин тоза кунед!

Мусиқиро аз ҳад зиёд баланд накунед. Садоҳои нохост ва баланд қувваи сомеаро суст мегардонанд.

Дар ҳавои хунук, ҳангоми вазидани шамол ҳатман кулоҳи гарм пӯшед.

Агар гӯшатон дард кунад, ба духтур муроҷиат кунед.

Узвҳои ломиса – пӯст. Танхо бо воситаи пӯст шумо гармии нурхои офтоб, хунукии ях ва барф, дард аз сӯзандору, навозиши меҳрубононаи дастони модарро ҳис мекунед.

Ба ғайр аз ин пӯсти бадан узвҳои даруниро аз ҷарохатбардорӣ ва воридшавии микробҳои беморипахнкунанда муҳофизат менамояд.

Пӯст мувозинати ҳарорати баданро таъмин карда, онро аз сӯхтан ва хунукии сахт муҳофизат менамояд. Пӯст аз худаш гармӣ мебарорад. Гармии зиёдатӣ (масалан, ҳангоми иҷрои фаъолонаи машқҳои ҷис- монӣ) ба воситаи арақкунӣ аз қабати пӯст ба берун бароварда мешавад ва бадани инсон хунук мегардад.

Ба воситаи пӯст бадан нафас мекашад.

Пӯсти аз ҳама нозук дар суфраи гӯш аст, пӯсти аз ҳама ғафс дар пошнаипой.

Пӯст нишондих,андаи саломатии инсон аст.

Агар пӯсти бадани шумо ҳамвор ва тоза бошад, аз ин мебарояд, ки саломатии шумо хубаст.

Пӯсти бадани худро тоза нигох доред!

Ба қоидаҳои нигоҳубини бадан риоя кунед!

Узвҳои ҳиссӣ бинӣ. Бо ёрии онҳо шумо бӯйҳоро фарқ мекунед.

Дар дохили бинӣ ҳаво тоза мешавад. Мижгончаҳои сершумор ба дохил шудани ғубор роҳ намедиҳанд.

Дар сӯрохии бинӣ хаво гарм мешавад. Ана, барои чӣ бо бинӣ нафас кашидан аз нафаскашӣ бо даҳон муфидтар аст.

Барои он ки шамолхӯрӣ ва сулфа ба вуҷуд наояд, баданро обутоб додан лозим аст. Чӣ тавр? Дар ин хусус каме дертар мефаҳмед.

Узви зоиқа – забон. Танҳо бо ёрии он шумо муайян карда метаво- нед, ки хӯрок болаззат аст ё бемазза, ширинро аз талхӣ, шӯрро аз туршӣ фарқ карда метавонед.

Аз рӯи ранги забон табибон бемор ё сиҳат будани инсонро муайян мекунанд. Забони инсони солим гулобӣ ва хамвор мешавад. Забони инсони бемор бо қабатчаҳои сафед пӯшида шудааст ва ҳатто кафидани онро низ дидан мумкин аст.

89

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …