Главная / Варзиш / Усулхои варзишии шиноварӣ: крол, брасс, баттерфляй

Усулхои варзишии шиноварӣ: крол, брасс, баттерфляй

Машқҳои шиноварӣ барои баркарор намудани саломатӣ муфид буда, системаи нафаскашӣ ва гардиши хунро инкишоф медиханд, мушакҳо ва бофтаҳоро мустаҳкам намуда, баданро обутоб медиҳанд.

Пеш аз ба оби ҳавз даромадан, бо оби гарм оббозӣ кардан, бо собун баданро шустан, дасту пойҳоро шуста, кӯлоҳи резинӣ ва либоси шиноварӣ пӯшидан лозим аст.

obbozi4

Пас аз дарс ҳатман шустушӯй карда, бо сачоқ то хушк шудани пӯст баданро молидан ва якчанд дақиқа дам гирифтан лозим аст.

Пеш аз ба оби дарё даромадан якчанд ҳаракати чолокона, барои гарм кардани бадан, иҷро кардан лозим аст.

Қоидаҳо ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо :

Танҳо бо оби софи ҳарораташ +20 0 С ва дар ҳолати ҳарорати ҳаво на камтар аз + 220 С будан оббозӣ кардан мумкин аст.

Ҳангоми ҳис кардани ларза дар бадан зуд аз об бароед, баданро хушк кунед, якчанд ҳаракати гармкунандаро иҷро намоед:

Ба даруни об дар ҳолати арақ кардани бадан, тафсидан, якбора пас аз хӯрок хӯрдан даромадан лозим нест.

Танҳо дар самти хати соҳил ё ба тарафи он дар ҷойҳои махсус оббозӣ кардан мумкин аст. Танҳо дар назди калонсолони шиновар шино карданро фаромӯш накунед.

Бардурӯғ хостани ёрй манъ аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …